ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2017 № 754
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 404
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1385; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, №1386) қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия натиҷаи асосҳои ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷамъбаст менамоянд. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1440
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 26 апреля 2017 года, №754
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №404
Статья 1. Дополнить статью 5 Закона Республики Таджикистан от 25 июля 2005 года "О борьбе с коррупцией" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №7, ст. 402; 2007 г., №7, ст. 660; 2008 г., №10, ст. 800; 2011 г., №12, ст. 837; 2014 г., №3, ст. 148; Закон Республики Таджикистан от 24 февраля 2017 года, №1385; Закон Республики Таджикистан от 24 февраля 2017 года, №1386) частью 5 следующего содержания:
"5. Органы по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией обобщают результаты организационной и методической основ процесса оценки (анализа) рисков коррупции в министерствах, государственных комитетах, других государственных органах, местных исполнительных органах государственной власти, органах самоуправления посёлков и сёл, государственных хозяйствующих субъектах, хозяйствующих субъектах, доля государства в имуществе которых составляет не менее половины, а также некоммерческих организациях, в том числе общественных объединениях, политических партиях, международных организациях, функционирующих на территории Республики Таджикистан. Методологии порядка и методики проведения анализа деятельности (коррупционных рисков) устанавливается Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1440