Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 № 1427 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 феврали соли 2017 № 692

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 майи соли 2017 № 375

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015 "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2015, №7-9, мод. 713) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар сархати ҳафтуми моддаи 3 калимаи "донишҷӯёни" ба калимаи "таълимгирандагони" иваз карда шавад.

3. Дар қисми 1 моддаи 9:

- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;

- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- дигар маълумотҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.".

4. Ба моддаи 10 қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"5. Дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз фанҳои таълимии дахлдор) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба довталабони зерин имтиёз дода мешавад:

- ятимон;

- бепарасторон;

- кӯдакони маъюб (тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ);

- маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор таҳсили онҳо манъ карда нашудааст;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд;

- дигар шаҳрвандоне, ки барои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.".

6. Ҳиссаҷудокунӣ (квота) барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул намудани шахсони дар қисми 5 моддаи мазкур номбаршуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фармоиши давлатӣ муқаррар карда мешавад.".

5. Дар сархати сеюми қисми 4 моддаи 16 калимаи "давлатӣ" ба калимаи "маҳаллӣ" иваз карда шавад.

6. Дар сархати якуми қисми 5 моддаи 19 калимаи "оинномавии" ба калимаи "оинномаи" иваз карда шавад.

7. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ба муассис (муассисон) барои тасдиқ пешниҳод намудани тағйиру иловаҳои ба оинномаи муассисаи таълимӣ воридшаванда;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

30 майи соли 2017 № 1427

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СРЕДНЕМ ПРОФЕССИОНАЛЬНОМ ОБРАЗОВАНИИ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 1 февраля 2017 года, №692

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 18 мая 2017 года, №375

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 8 августа 2015 года "О среднем профессиональном образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2015 г., №7-9, ст. 713) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце седьмом статьи 3 слово "студентам" заменить словом "обучающимся".

2. В части 1 статьи 9:

- в абзаце одиннадцатом знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить абзацем двенадцатым следующего содержания:

"- другие сведения, определенные законодательством Республики Таджикистан.".

3. Статью 10 дополнить частями 5 и 6 следующего содержания:

"5. В случае успешной сдачи централизованных вступительных экзаменов (получения проходных баллов по соответствующим учебным дисциплинам) в образовательные учреждения среднего профессионального образования в порядке, установленном государственным уполномоченным органом в сфере образования, предоставляются льготы следующим абитуриентам:

- сиротам;

- оставшимся без попечения родителей;

- детям-инвалидам (согласно заключению государственного уполномоченного органа);

- инвалидам I и II групп, которым согласно заключению государственного уполномоченного органа не противопоказано обучение в соответствующих образовательных учреждениях;

- гражданам Республики Таджикистан, проходившим военную службу в рядах Вооружённых Сил Республики Таджикистан;

- другим гражданам, которым в соответствии с законодательством Республики Таджикистан предусмотрены льготы.

6. Квота на прием в образовательные учреждения среднего профессионального образования лиц, перечисленных в части 5 настоящей статьи, устанавливается Правительством Республики Таджикистан в пределах государственного заказа.".

4. В абзаце третьем части 4 статьи 16 слово "государственного" заменить словом "местного".

5. Абзац второй части 1 статьи 20 изложить в следующей редакции:

"- представлять учредителю (учредителям) для утверждения вносимые в устав образовательного учреждения изменения и дополнения;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 30 мая 2017 года, № 1427