Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии референсӣ"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии референсӣ" дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии референсӣ"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории амалкунанда ҳал карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
3. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷисистон" тасдиқ шудааст, сархати панҷоҳу чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии референс"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 апрели соли 2017 № 224
ш.Душанбе