Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 № 221 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 6 калимаҳои "забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ" ба калимаҳои "забони давлатӣ" иваз карда шаванд;

- сархати сеюми банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- бо забони англисӣ - State enterpise "Entrereneurship support fund under the Government of the Republic of Tajikistan", дар шакли ихтисоршуда - SE ESFGRT".";

- дар банди 10 калимаҳои "хиёбони Рӯдакӣ-44" ба калимаҳои "кӯчаи Теҳрон, 21" иваз карда шаванд;

- ба банди 12 баъд аз сархати ҳаштум сархатҳои зерин илова карда шаванд:

"- дар барасмиятдарории шартномаҳои гарав ҳамчун кредитор ва гаравгир иштирок намояд;

- маълумоти заруриро оид ба субъектҳои соҳибкорӣ аз дигар мақомоти давлатӣ дархост намояд;

- бо мақсади мониторинги қарз аз қарзгир ҳуҷҷатҳои дигари ба иҷрои назорат алоқамандро талаб намояд;

- молу мулки аз тарафи субъектҳои соҳибкорӣ ба сифати гарав пешниҳодшударо таҳти омӯзиш қарор дода, таҳлили маркетингии молу мулки ба гарав гузошташавандаро гузаронад, арзиши воқеӣ ва нархи бозории фурӯши молу мулки гаравро муайян намояд;

- санҷиши ҳолати нигаҳдории молу мулки ба гарав гузошташударо гузаронад, аз қарзгир истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда, аз ҷумла нигоҳдорӣ, истифода ва дигар ҳолатҳоро талаб намояд;";

- дар банди 21 рақами "10" ба рақами "12" иваз карда шавад;

- ба банди 23 баъд аз сархати даҳум сархатҳои нав дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"- ду намояндаи бахши соҳибкориро ба ҳайати Шӯрои нозирон ҷалб намояд;

- нишони ягонаи Фондро тасдиқ намояд;";

- банди 25 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"25. Ду аъзои Шӯро аз бахши соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Шӯро иваз карда мешаванд.";

- бандҳои 25-41 мутаносибан бандҳои 26-42 ҳисобида шаванд.

2. Сохтори Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, №34 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Роҳбарият

Раёсати қарздиҳӣ ва ҷалби сармоя:

- шуъбаи қарздиҳӣ

- шуъбаи ҷалби сармоя

Раёсати корҳо:

шуъбаи баҳисобгирии муҳосиботӣ

шуъбаи хоҷагидорӣ

шуъбаи иттилоот ва котибот

бахши умумӣ ва назорат

Раёсати бехатарӣ ва баргардонии қарзҳо

Шуъбаи ҳуқуқ

Шуъбаи аудит

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шуъбаи нархгузории молу мулки гарав

Бахши техникаи компютерӣ".

3. Ба Ҳайати Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (аз рӯи вазифа), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34 тасдиқ шудааст, банди 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8. Ду намоянда аз бахши соҳибкорӣ";

банди 8 мутаносибан банди 9 ҳисобида шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 апрели соли 2017 № 221

ш.Душанбе