Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи мазкур муайян карда шавад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалигардонии Барномаи зикршударо дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод намоянд.
4. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барнома ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Барномаро дар доираи маблағҳои ба ин мақсад пешбинигардидаи буҷети давлатӣ таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2017 № 158
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе воспитания, подбора и расстановки руководящих кадров Республики Таджикистан из числа одарённых женщин и девушек на 2017 - 2022 годы
В соответствии со статьёй 13 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу воспитания, подбора и расстановки руководящих кадров Республики Таджикистан из числа одарённых женщин и девушек на 2017-2022 годы и План мероприятий по её реализации согласно приложениям 1 и 2.
2. Определить Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан координатором реализации настоящей Программы.
3. Министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения обеспечить реализацию данной Программы в рамках предусмотренных государственным бюджетом средств и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, и о ходе её реализации каждое полугодие представлять информацию в Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан.
4. Комитету по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан каждое полугодие представлять отчет в Правительство Республики Таджикистан о ходе выполнения Программы.
5. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование Программы в пределах средств, предусмотренных в государственном бюджете на эти цели.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 апреля 2017 года, № 158