Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 аз 1 апрели соли 2017 № 158

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 158

Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022

1. Муқаддама

1. Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 6 марти соли 2015 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар ва эълон гардидани соли 2015 "Соли оила" баён гардидаанд ва тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегии соҳаи пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа таҳия шудааст.

2. Барнома ба татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани нобаробарии гендерӣ мувофиқи принсипҳо ва самтҳои Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва иҷрои дигар мақсаду вазифаҳои дорои хусусиятҳои гендерӣ нигаронида шудааст.

2. Таҳлили вазъи умумӣ

3. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбуди вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

4. Аз рузҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" баҳри аз байн бурдани мушкилоти гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

5. Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, аз ҷумла Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20012010", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд.

6. Бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 496 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 қабул гардид, ки барои баланд гаштани обрӯву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошт.

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

7. Мақсадҳои Барнома:

- амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд;

- таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ;

- таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда;

- ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- омода намудани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон.

8. Бо дарназардошти ҳадафҳои муайяншуда Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирии занҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ;

- мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ;

- такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд;

- таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо оила дар самти фаъолият оид ба тарбияи шоистаи фарзандон ва ҷалби духтарбачагони синни мактабӣ ба таҳсил;

- ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарони лаёқатманд;

- бартараф намудани номувофиқатии таносуби касбӣ бо роҳи таҳия намудани механизмҳои мусоидаткунанда барои гирифтани ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо зиёд аст;

- рушди ҳамкории сохторҳои давлатии соҳавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани неруи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ;

- фаъол гардонидани нақши воситаҳои ахбори омма дар масъалаи бартараф намудани қолабҳои гендерии тақсими нақшҳои мардон ва занон дар ҷомеа, ташаккул додани имиҷи зан-роҳбар.

4. Самтҳои асосии амалигардонии Барнома

9. Амалигардонии Барнома амалӣ намудани тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки кафолатҳои давлатии намояндагии баробари занону мардонро дар зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар сатҳи қабули қарорҳо таъмин менамоянд;

- мунтазам нав ва пурра намудани махзани кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон барои хизмати давлатӣ аз рӯи ихтисосҳо;

- гузаронидани таҳлили гендерии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳама сатҳи мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ;

- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, малакаи касбӣ ва фаъолнокии худи занон;

- бештар ҷалб намудани духтарон ба таҳсил дар синфҳои болоӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии вазъи пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарӣ;

- ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- ташкили барномаҳои таълимӣ бо истифода аз технологияҳои нав ва усулҳои фаъоли таълим барои занон дар заминаи курсҳои бозомӯзии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи модулҳое, ки ба баланд бардоштани қобилияти худбаҳодиҳии занон дар раванди идоракунии давлат ва мақомоти маҳаллӣ равона гардидаанд;

- зиёд намудани квотаҳои президентӣ барои духтарон аз рӯи ихтисосҳои менеҷмент, технологияҳои коммуникатсионӣ, саноати кӯҳкорӣ, энергетика ва кишоварзӣ;

- амалӣ намудани нақшаҳои муштарак бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон;

- таъмини иштироки занону духтарон дар курсҳои такмили ихтисос ва таҳсил дар хориҷи кишвар бо мақсади бозомӯзӣ ва табодули таҷрибаи онҳо;

- тавсеаи барномаю лоиҳаҳои муштарак бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешбарии занон ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбҳои сиёсӣ;

- баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ оид ба амалисозии баробарии гендерӣ ва бартарафсозии қолабҳои гендерӣ дар ҳама табақаҳои ҷомеа;

- таҳияи барномаҳо, омода ва намоиши наворҳо доир ба мавзӯи иҷтимоӣ дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радио, чопи мавод дар рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи зарурати бартарафсозии қолабҳо оид ба нақши мардон ва занон дар ҷомеа;

- таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ оид ба муаррифии ҳаёт ва фаъолияти занони муваффақи роҳбар.

5. Мониторинг ва арзёбии амалигардонии Барнома

10. Мақсади мониторинг ва арзёбӣ ин таъмини иттилооти саривақтӣ, пурра ва саҳеҳ дар бораи рафти амалигардонии Барнома ва самаранокии он, фароҳам овардани замина барои қабули қарорҳо оид ба идоракунии рафти иҷрои Барнома мебошад.

11. Мониторинг ва арзёбии рафти амалигардонии Барномаи мазкур дар асоои нишондиҳандаҳои зерин гузаронида мешавад:

- нишондиҳандаҳои равандӣ иҷрои чорабиниҳое, ки дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он пешбинӣ гардидаанд;

- нишондиҳандаҳои захираҳои сарфшаванда, ки сиёсати ҷалб ва тақсимоти захираҳои молиявии барои амалигардонии Барнома истифодашавандаро инъикос мекунанд;

- нишондиҳандаҳои натиҷаҳои ниҳоӣ, ки тағйир ёфтани вазъи амалисозии стратегияҳои давлатии қабулшударо мувофиқи вазифаҳои бамиёнгузоштаи Барнома тавсиф менамоянд;

- мониторинги Барнома дар асоси татбиқи чорабиниҳо ва аз рӯи захираҳои молиявии масрафшаванда барои ҳар як чорабинӣ гузаронида мешавад.

6. Натиҷаҳои пешбинишаванда

12. Натиҷаҳои асосии пешбинишавандаи амалигардонии Барнома инҳо мебошанд:

- амалисозии маҷмӯи тадбирҳои қонунгузорӣ ва ниҳодӣ, инчунин дигар механизмҳои ҷалби занҳо ба раванди қабули қарорҳо, аз ҷумла ҷорӣ намудани принсипи квотаҳои безарар дар гузаронидани озмун барои ишғол намудани вазифаҳои маъмурӣ;

- камшавии тафовути гендерӣ дар масъалаи дастрасии мардону занон ба гирифтани таҳсилоти касбӣ, хусусан аз рӯи ихтисосҳои сатҳи идоракунӣ;

- таъмини мунтазами нав ва пурра гардонидани махзани маълумот оид ба захираи кадрҳо барои хизмати давлатӣ бо намояндагии баробари номзадҳо аз ҳисоби мардону занон аз рӯи соҳаҳо ва дараҷаҳои мансабҳои давлатӣ;

- омодакунии ҳисоботҳои ҳарсола оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома;

- ҷорӣ намудани курсҳои махсус оид ба масъалаҳои гендерӣ дар барномаҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- то соли 2022 зиёд гаштани шумораи занҳо дар байни хизматчиёни давлатӣ то 40 фоиз ва дар байни роҳбарон то 30 фоиз.

7. Маблағгузории Барнома

13. Маблағи умумӣ барои амалӣ намудани Барнома барои солҳои 2017-2022 486 ҳазор сомониро ташкил медиҳад:

- барои соли 2017 76 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2018 78 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2019 80 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2020 82 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2021 84 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2022 86 ҳазор сомонӣ;

14. Маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳои ғайрибуҷетие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷалб карда мешаванд.

Замимаи 2