Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "110" ва "90" мувофиқан ба рақамҳои "113" ва "93" иваз карда шаванд.
2. Ба Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз матни банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- пас аз сархати ҳаштуми банди 4 сархатҳои зерин илова карда шаванд:
"- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо сармоягузороне, ки лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро бо принсипи равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорон амалӣ мегардонанд;
- мусоидат ба сармоягузорон дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои мақомоти давлатии дахлдор ва шахсони ҳуқуқӣ;
- баррасии муроҷиати сармоягузорон оид ба масъалаҳои дар ҷараёни фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуҷудомада ва таъмини робитаи байни мақомоти дахлдоюи давлатӣ ва сармоягузорон;
- бо тартиби муқарраргардида таҳияи созишномаҳои сармоягузорӣ ва шартномаҳои дахлдор;
- қабул ва машваратдиҳии сармоягузорон оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
- қабули аризаи сармоягузорон барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ, мусоидат дар омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
- ҳамроҳии лоиҳаи сармоягузорӣ дар мақомоти давлатӣ ҳангоми гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ;
- мониторинги ҷараёни пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин баррасии дархост ва муроҷиатҳои сармоягузорон дар мақомоти давлатӣ;
- ташкили гуфтушунидҳо ва вохӯрии сармоягузорон бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо сармоягузорони эҳтимолии хориҷӣ ҷиҳати ҷалби онҳо ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷустуҷӯи сармоягузорони хориҷӣ;
- иҷрои функсияҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби сармоягузории мустақим, пешбурди сармоягузорӣ, дастгири ва ҳимояи сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд;".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2017 № 167
ш.Душанбе