Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 ва Нақшаи татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Ба Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати се моҳ Нақшаи миллии арзёбӣ ва баҳодиҳии Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояҳои шарикон оид ба рушд тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар семоҳа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои анҷомдодашуда маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни амалӣ намудани Барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 январ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 феврали соли 2017 № 89
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Национальной программе по противодействию эпидемии вируса иммунодефицита человека в Республике Таджикистан на 2017 - 2020 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Национальную программу по противодействию эпидемии вируса иммунодефицита человека в Республике Таджикистан на 2017 - 2020 годы и План реализации Национальной программы по противодействию эпидемии вируса иммунодефицита человека в Республике Таджикистан на 2017 - 2020 годы (прилагаются).
2. Поручить Национальному координационному комитету по борьбе с синдромом приобретенного иммунодефицита, туберкулезом и малярией в Республике Таджикистан совместно с Министерством здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан в трехмесячный срок разработать и утвердить План мониторинга и оценки Национальной программы по противодействию эпидемии вируса иммунодефицита человека в Республике Таджикистан на 2017 - 2020 годы.
3. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять необходимые меры по реализации данной Программы в рамках ежегодно предусмотренных средств государственного бюджета и привлечения инвестиций партнеров по развитию, и ежеквартально представлять информацию о проделанной работе Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.
4. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно до 1 января представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящей Программы
Председатель
Правительство Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 25 февраля 2017 года, № 89