Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 № 1388 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 декабри соли 2016 № 645

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2017 № 328

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод. 193; с.2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с.2011, №6, мод. 459; с.2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 5 моддаи 11, қисми 2 моддаи 15 ва қисми 4 моддаи 17 калимаҳои "фаврии" ва "фаврӣ" мувофиқан ба калимаҳои "оперативии" ва "оперативӣ" иваз карда шаванд.

2. Сархати дуюми моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда дастури хаттӣ диҳад ва пешниҳод ирсол намояд. Дар дастури хаттӣ ва пешниҳод, ки санадҳои эътиноии Агентӣ буда, баррасии онҳо ҳатмӣ мебошад, тарзу усулҳои бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия ва бархӯрди манфиатҳо мусоидаткунанда нишон дода мешаванд. Дастури хаттӣ дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз баррасӣ ва пешниҳод на дертар аз 1 моҳ бо иштироки ҳатмии кормандони воҳидҳои Агентӣ муҳокима гардида, аз натиҷааш ба Агентӣ хабар дода мешавад;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

24 феврали соли 2017 № 1388

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ АГЕНТСТВЕ ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ КОНТРОЛЮ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 1 декабря 2016 года, №645

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 16 февраля 2017 года, №328

Статья 1. Абзац второй статьи 19 Закона Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 193; 2009 г., №5, ст. 323; 2010 г., №3, ст. 154; 2011 г., №6, ст. 459; 2013 г., №7, ст. 517; 2014 г., №11, ст. 645; 2016 г., №3, ст. 137) изложить в следующей редакции:

"- направлять письменные предписания и предложения физическим и юридическим лицам по устранению причин и условий, способствующих совершению преступлений и других правонарушений коррупционного характера. В письменном предписании и предложении, которые являются актами реагирования Агентства, и рассмотрение которых является обязательным, излагаются способы и методы устранения причин и условий, способствующих коррупции и конфликту интересов. Письменные предписания рассматриваются в срок не позднее 10 дней, а предложения не позднее 1 месяца с обязательным участием сотрудников подразделений Агентства, о результате которых сообщается Агентству;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 24 февраля 2017 года, № 1388