Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 169
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 169 "Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- номи қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
- "Дар бораи Рӯйхати корҳо, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашонидан иҷозат дода мешавад";
- дар муқаддимаи қарор рақами "177" ба рақами "208" иваз карда шавад;
- дар банди 1 қарор ва зимимаи он калимаҳои "Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳои ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо" ба калимаҳои "Рӯйхати корҳо, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашонидан иҷозат дода мешавад" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2017 № 110
ш.Душанбе