Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 № 101 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи почта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" тасдиқ шудааст, боби 55(2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Боби 55(2). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи почта

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи почта.

2. Номгӯи хизматрасонии алоқаи почта, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома гирифта мешавад:

- қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супоридани) муросилоти почта;

- қабул ва интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути почта;

- почтаи курерӣ ва хизматрасониҳои курерӣ;

- хизматрасониҳои почтаи байналмилалӣ;

- истеҳсол ва фурӯши аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта;

- қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супоридани) муросилоти алоқаи махсус ва фелдегерӣ.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Дар варақаи иҷозатнома илова ба маълумоти муқаррарнамудаи банди 1 боби 3 Низомномаи мазкур маълумоти зерин нишон дода мешавад:

- рақами телефонҳо ва факс;

- почтаи электронӣ;

- ҳудуди амали иҷозатнома.

5. Иҷозатнома талаботи иловагӣ ва шартҳои зерин дорад:

- намуди фаъолият дар соҳаи алоқаи почта, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст;

- ҳудуди фаъолият, ки дар иҷозатнома нишон дода шудааст;

- муҳлати амали иҷозатнома;

- пешниҳод намудани иттилооти дархостшаванда дар бораи фаъолияти иҷозатномадор;

- таъмини меъёрҳои муқарраршудаи сифати хизматрасониҳо мутобиқи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда;

- ба истифодабарандагон дастрас кардани тартиби хизматрасониҳо, тарифҳо ва маълумот, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

- таъмини сирри муросилоти почтавӣ ва соҳибони онҳо;

- мусоидат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ бо истифода аз хизматрасонии алоқаи почта.

6. Иҷозатномадор уҳдадор аст дар объектҳо ва маҳалли хизматрасонии истифодабарандагон мавҷудияти нусхаи иҷозатномаҳо ва тартиби пешниҳоди хизматрасониҳоро таъмин намояд.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 феврали соли 2017 № 101

ш.Душанбе