Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсис ва маблағгузории Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2024
№ 516)
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амалӣ намудани чораҳои пешбининамудани Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки дастрасӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Интернет-портал ҷой додашуда, аз ҷумла иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида озод ва ройгон ба амал бароварда мешавад.
3. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба ташаккул, пешбурд ва таъмини фаъолияти Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад № 516.
4. хориҷ карда шуд № 516.
5. хориҷ карда шуд № 516.
6 Муқаррар карда шавад, ки Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2017 ба фаъолият оғоз менамояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 феврали соли 2017 № 98
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсис ва маблағгузории Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амалӣ намудани чораҳои пешбининамудани Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки дастрасӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Интернет-портал ҷой додашуда, аз ҷумла иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида озод ва ройгон ба амал бароварда мешавад.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба ташаккул, пешбурд ва таъмини фаъолияти Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурии ташкилӣ-ҳуқуқӣ андешад.
5. Маблағгузории фаъолияти Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ (маблағҳои махсус) дар қисмати таъмини пардохти музди меҳнати кормандон ва истифодабарии шабакаи глобалии компютерии Интернет ба амал бароварда шавад.