Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 № 94

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2022 № 562 аз эътибор соқит дониста шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли соли 2017, № 94

тасдиқ шудааст

СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стандарт) сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таҳсилоти олии касбӣ муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро ба зинаи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд.

2. Стандарти мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

3. Дар Стандарти мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилоти олии касбӣ, моҳияту муҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилоти олиро бо назардошти дастовардҳои умумибашарӣ муайян мекунанд;

- барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ - маҷмӯи ҳуҷҷатҳоест, ки тибқи талаботи Стандарти мазкур мазмуну мундариҷаи таҳсилотро аз рӯи ихтисос (самт)-и зинаи алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд;

- таҳсилоти олии касбӣ - дараҷаи таҳсилотест, ки шахс ба он дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар натиҷаи раванди мунтазам, бонизом ва мақсадноки фарогирии мазмуни таълим, ки он ба таҳсилоти миёнаи умумӣ асос ёфта, бо гирифтани тахассуси муайян аз рӯи ҷамъбасти аттестатсияи ниҳоии давлатӣ ба анҷом мерасад, соҳиб мегардад;

- таълими фосилавӣ - яке аз шаклҳои ба даст овардани касб, ки шахс берун аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тавассути воситаҳои электронӣ ва телекоммуникатсионӣ таҳсилоти олии касбиро соҳиб мегардад;

- ҳуҷҷати давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ - аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба хатмкунанда бо мақсади тасдиқ намудани ҳолати пурра азхудкунии барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, пайдо кардани ҳуқуқи идома додани таҳсил дар зинаи навбатии таҳсилоти олии касбӣ, пешбурди фаъолияти касбӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯи ихтисос (самт)-и интихобкарда дода мешавад;

- муҳлати меъёрии таҳсил - давраи муқарраргардидаи азхудкунии барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи Стандарти мазкур аз ҷониби хатмкунанда мебошад, ки дар асоси дарёфти таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад.

4. Стандарти мазкур нисбат ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки аз рӯи самтҳои таълим аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, татбиқ мегардад.

5. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ доранд ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, уҳдадоранд, ки дар раванди таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои давлатии таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо) талаботи Стандарти мазкурро риоя намоянд.

6. Барои аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо) таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаҳои таълимӣ танҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбие ҳуқуқ доранд, ки дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошанд.

7. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- сохтори таҳсилоти олии касбӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (магистратура) муайян месозад;

- талаботи умумӣ ва шароитҳои татбиқ намудани онҳоро нисбат ба барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (магистратура) муқаррар менамояд;

- меъёрҳои умумӣ ва ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбиро муайян менамояд;

- озодии академии муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар муайян намудани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (магистратура) фаро мегирад;

- талаботи умумиро нисбат ба номгӯи ихтисосҳо (самтҳо)-и таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд;

- тартиби таҳия ва тасдиқ намудани талаботи давлатиро нисбат ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуну мундариҷаи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (магистратура) ва дараҷаи тайёр намудани хатмкунандагонро аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо)-и таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд;

- муҳлати таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (магистратура) муайян менамояд.

2. СОХТОРИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ҲУҶҶАТҲО ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

8. Сохтори таҳсилоти олии касбиро маҷмӯи аз ҷиҳати мазмун ва муҳлати азхудкунӣ гуногуни барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ташкил медиҳанд, ки зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис ва магистр)-ро ифода мекунанд.

9. Зинаи якуми таҳсилоти олии касбӣ - таҳсилоти олии касбие мебошад, ки он дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шуда, омодагии хатмкунандаи дорои дараҷаи академии "бакалавр" ва "мутахассис"-ро таъмин менамояд.

10. Зинаҳои таҳсилоти олии касбии "бакалавриат" ва "мутахассис" бахши фанҳои ҷомеашиносӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, табиатшиносию риёзии дорои хусусияти умумиилмӣ, ҳамчунин бахши фанҳои умумикасбӣ, тахассусӣ ва таҷрибаомӯзиҳоро, ки дорои аҳамияти касбӣ мебошанд, дар бар мегирад.

11. Муҳлати меъёрии таҳсил дар зинаҳои "бакалавриат" ва "мутахассис" барои ихтисосҳои алоҳида мувофиқан дар ҳаҷми на камтар аз чор ва панҷ соли таҳсил ва барои ихтисосҳои ҳамгиро дар ҳаҷми на камтар аз панҷ соли таҳсил муқаррар карда мешавад. Муҳлати меъёрии таҳсил дар зинаи "мутахассис" барои ихтисосҳои соҳаи тиб дар ҳаҷми на камтар аз шаш соли таҳсил муқаррар карда мешавад. Дар зинаҳои "бакалавриат" ва "мутахассис" шакли таҳсил рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ муқаррар карда мешавад.

12. Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо гузаштани хатмкунанда аз аттестатсияи хатм, додани дараҷаи академии "бакалавр" ва "мутахассис" бо супурдани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом) ба ӯ ба анҷом мерасад.

13. Мундариҷаи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба омодагии касбии хамткунанда дар асоси талаботи Стандарти давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии касбии ӯ аз рӯи ихтисос (самт)-и муайян муқаррар карда мешавад.

14. Зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ - таҳсилоти олии касбие мебошад, ки он дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии таъминкунандаи омодагии хатмкунандаи дорои дараҷаи академии "магистр" ба роҳ монда мешавад.

15. Нақшаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии "магистр" бахши фанҳои заминавӣ аз рӯи самт, фанҳои тахассусӣ ва умумикасбӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибаомӯзиҳоро, ки дорои аҳамияти касбӣ мебошанд, дар бар мегиранд.

16. Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии "магистратура" омодагии махсуси хатмкунандаро аз рӯи ихтисос (самт)-и муайян бо дарназардошти гузаштан аз таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муҳлати ду сол дар бар мегирад. Дар зинаи "магистратура" шакли таҳсил танҳо рӯзона муқаррар карда мешавад.

17. Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии "магистратура" бо аттестатсияи хатм, аз ҷумла дифои рисолаи хатми тахассусӣ бо додани дараҷаи академии "магистр" ба хатмкунанда, ки бо ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом) тасдиқ мегардад, анҷом меёбад.

18. Муҳлати умумии таҳсил барои азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии зинаҳои "бакалавр" ва "магистр" на камтар аз шаш солро ташкил медиҳад.

19. Нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилоти олии касбии амалкунанда ҳангоми қабули Стандарти мазкур ва муҳлати азхудкунии онҳо ба барномаи таҳсилоти олии касбии муайян баробарарзиш дониста мешаванд.

20. Ҳуҷҷатҳои барномаи таълимии таҳсилоти олии касбиро низомномаҳо, тартибҳо, стандартҳои давлатии таълимӣ, нақшаҳои таълимии намунавӣ ва корӣ, барномаҳои таълимии фанҳо ва силлабусҳо ташкил медиҳанд.

21. Муҳлати меъёрии таҳсил аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо)-и ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин шакли ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбии "бакалавриат", "мутахассис" ва "магистратура" (диплом) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

22. Ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ ба шахсоне дода мешаванд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаронидашуда аз рӯи ихтисос (самт)-и муайян таҳсил намудаанд.

23. Касбияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо додани диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда шудааст, ба онҳо имконияти зоҳир намудани фаъолияти таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисос (самт)-и муайяни таҳсилоти олии касбӣ таъмин менамояд.

3. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ШАРОИТИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ОНҲО

24. Муайян намудани ҳадди ақали ҳатмии азхудкунии мазмуну мундариҷаи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҳар як ихтисос (самт) дар асоси ҷузъи ҷумҳуриявии стандарти давлатии таълимӣ, ки талаботи давлатиро нисбат ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон муқаррар намудааст, ба роҳ монда мешавад.

25. Ҳаҷми кредитҳо барои бахши фанҳои ҷомеашиносӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзии зинаи таҳсилоти "бакалавриат" бо дарназардошти фанҳои интихобӣ на камтар аз 72 кредит (ё на камтар аз 30 дарсади миқдори умумии кредитҳо)-ро ташкил медиҳад.

26. Ҳаҷми умумии кредитҳои бахши фанҳои умумитаълимии зинаи таҳсилоти олии касбии "магистратура" на камтар аз 60 кредит (ё на камтар аз 50 дарсади миқдори умумии кредитҳо)-ро ташкил медиҳад.

27. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ натиҷаҳои таълими ҳатмиро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ихтисосҳо (самтҳо) бо дарназардошти салоҳиятнокии касбӣ, дониш ва малакаю маҳорат муайян менамояд. Натиҷаҳои дарёфти таҳсилоти олии касбиро талаботи ҳадди ақали ҳатмии мазмун ва мундариҷаи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ муайян мекунад.

28. Барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бояд дар баробари фанҳои ҳатмӣ фанҳои интихобиро низ дар бар гиранд. Номгӯи фанҳои интихобиро муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд. Ҳаҷми кредитҳои фанҳои интихобӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбии "бакалавриат" ва "мутахассис" 25-30 дарсад ва дар зинаи магистратура 50 дарсадро ташкил медиҳад.

29. Шахсоне, ки дипломи зинаҳои таҳсилоти олии касбии "бакалавриат" ва "мутахассис"-ро доранд, метавонанд таҳсили худро дар зинаи таҳсилоти олии касбии "магистратура" аз рӯи равия ва ихтисос (самт)-и мувофиқ идома диҳанд. Ҳамзамон, имконияти дохил шудани хатмкунанда ба зинаи таҳсилоти олии касбии "магистратура" аз дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё интиқол ёфтани донишҷӯй дар давраи таҳсил ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисос (самт)-и мувофиқ таъмин карда мешавад.

4. МЕЪЁРҲОИ УМУМИИ МУАЙЯН НАМУДАНИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШҶӯИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ҲАҶМИ ОН

30. Сарбории таълимии донишҷӯ бо дарназардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияти таълимии ӯ - корҳои аудиторӣ (иштирок дар машғулиятҳои дарсӣ) ва ғайриаудиторӣ (таҷрибаомӯзӣ, омода ва дифоъ намудани корҳои (лоиҳаҳои) курсӣ, рисолаи хатм, гузаштан аз аттестатсияи хатм) дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо кредитҳо ифода карда мешавад.

31. Як кредит дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 24 соати академӣ баробар мебошад. Як соати академӣ дар низоми кредитии таҳсилот ба 50 дақиқа баробар аст.

32. Ҳадди аксари ҳатмии кредитҳо бо дарназардошти таълими назариявӣ, фарогирӣ ба таҷрибаомӯзиҳо, иҷрои корҳо (лоиҳаҳо)-и курсӣ, дифои рисолаҳои хатм, омодагӣ ва гузаштан аз аттестатсияи хатм барои дарёфти дараҷаи академии "бакалавр" аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо)-и алоҳида новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, фосилавӣ) муҳлати таҳсил 4 сол дар ҳаҷми 240 кредит, "мутахассис" ва "бакалавр" аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо)-и ҳамгиро новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, фосилавӣ) муҳлати таҳсил 5 сол 300 кредит пешбинӣ гардидааст. Барои дарёфти дараҷаи академии "магистр" 120 кредит муқаррар карда шудааст. Ҳадди аксари кредитҳо бо дарназардошти таълими назариявӣ, фарогирӣ ба таҷрибаомӯзиҳо, иҷрои корҳо (лоиҳаҳо)-и курсӣ, дифои рисолаҳои хатм, омодагӣ ва гузаштан аз аттестатсияи хатм барои дарёфти дараҷаи академии мутахассис барои ихтисосҳои соҳаи тиб муҳлати таҳсил 6 сол дар ҳаҷми 420 кредит муқаррар карда шудааст.

33. Сарбории таълимии солонаи донишҷӯ бо дарназардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияти таълимии ӯ дар як соли таҳсил тибқи меъёрҳои муайянгардида (ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ) барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҳаҷми 60 кредит муқаррар карда шудааст. Сарбории таълимии солонаи донишҷӯ барои ихтисосҳои соҳаи тиб дар як соли таҳсил дар ҳаҷми 70 кредит муқаррар карда шудааст.

34. Ҳадди аксари ҳатмии сарбории таълимии донишҷӯ дар як ҳафта бо дарназардошти ҳамаи шаклҳои корҳои таълимии аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 2 кредит (48 соат) зиёд набошад.

35. Ҳадди ақали ҳатмии ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили рӯзона тибқи талаботи давлатӣ ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунанда аз рӯи стандарти давлатии таълимии ҳар як ихтисос (самт) муайян карда мешавад.

36. Ҳаҷми кредити машғулиятҳои аудитории донишҷӯ дар шакли таҳсили рӯзона дар як ҳафта барои зинаи таҳсилоти "бакалавриат" ва "мутахассис" 1-1,5 кредит (ё 24-36 соат) ва барои зинаи таҳсилоти магистратура то 0,75 кредит (ё 18 соат)-ро ташкил медиҳад.

37. Дар шакли таҳсили ғоибона ба донишҷӯ имконияти бо омӯзгор дар ҳаҷми 12-14 кредит (ё 288-336 соат) дар як соли таҳсил дар машғулиятҳои дарсӣ қарор доштан таъмин карда мешавад.

38. Ҳаҷми умумии вақти таътил дар як соли таҳсил на камтар аз 7 ҳафта, аз ҷумла 2 ҳафтаро таътили зимистона ташкил медиҳад.

39. Татбиқи низоми фосилавии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар шакли пурра аз худ намудани талаботи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ иҷозат дода мешавад.

40. Ҳадди ақали ҳатмии ҳаҷми машғулияҳои аудиторӣ дар низоми фосилавии таҳсилот на камтар аз 24 кредит (ё 576 соат)-ро ташкил дода, донишҷӯ дар як соли таҳсил (дар давоми чор ҳафта) бояд дар ҳаҷми на камтар аз 6 кредит (144 соат) ба машғулиятҳои аудиторӣ бо иштироки омӯзгор ҷалб карда шавад.

41. Қабули имтиҳонҳои ҷамъбастӣ дар низоми фосилавии таҳсилот ба таври ҳатмӣ бо иштироки омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад.

5. ОЗОДИҲОИ АКАДЕМИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР МУАЙЯН НАМУДАНИ МУНДАРИҶАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

42. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Стандарти мазкур барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро таҳия намуда, технологияҳои татбиқ намудани онҳоро бо дарназардошти рушди соҳаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи бозори дохилӣ ва ҷаҳонии меҳнат дар мувофиқа бо муассисони худ муайян намуда, барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

43. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таҳияи стандартҳои давлатии таълимӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо) дар муайян намудани номгӯйи фанҳои бахши чоруми онҳо мустақил мебошад.

44. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаҳои тибқи Стандарти мазкур муайянгардида ҳуқуқҳои дигари пешбурди фаъолиятро низ дорад, ки бо қонунгузории амалкунандаи соҳаи маориф ва Оинномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

6. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ТАСНИФОТИ ДАВЛАТИИ РАВИЯ ВА ИХТИСОСҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

45. Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ соҳаҳои ҷорӣ ва дар оянда муҳими илм, техника ва санъатро фаро мегирад. Ҳар як ихтисос (самт) бояд дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва шахсӣ бошад.

46. Номгуйи ихтисосҳо (самтҳо)-и алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.

47. Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои соҳавӣ муайян карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

7. ТАРТИБИ ТАҲИЯ ВА ТАСДИҚ НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ДАВЛАТӢ БА ҲАДДИ АҚАЛИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶА ВА ДАРАҶАИ ОМОДАГИИ ХАТМКУНАНДА

48. Талаботи давлатӣ ба ҳадди ақали мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо)-и алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ як қисми Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб ёфта, ба тариқи зайл номгузорӣ карда мешавад:

"Стандарти давлатии таълимии ихтисос (самт). Талаботи давлатӣ ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунанда".

49. Стандарти давлатии таълимии ихтисос (самт) аз рӯи ҳар як ихтисос (самт) таҳия карда шуда, ҷанбаҳои зеринро фаро мегирад:

- доираи амал;

- ихтисороти истифодашаванда;

- тавсифоти равияи омодагӣ;

- тавсифоти фаъолияти касбӣ;

- талабот ба натиҷаҳои азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

- талабот ба сохтори барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

- талабот ба шартҳои татбиқи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

- мониторинги сифати азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ.

50. Мавзӯъ ва мундариҷаи ҳар як фанни таълимӣ тавре муайян карда мешавад, ки дар баробари пурра аз худ намудани барномаи таълимии онҳо сатҳи мустақилиятнокӣ, қобилият, малакаю маҳорат ва донишҳои назариявии донишҷӯ ташаккул ёбад.

51. Стандарти давлатии таълимии ихтисосҳо (самтҳо), ки аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мувофиқа бо муассисони соҳавӣ таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ҷузъи таркибии Стандарти мазкур ба ҳисоб меравад.

8. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ ТАЛАБОТИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

52. Назорати давлатии риояи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбиро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

53. Ташкили назорати давлатии риояи талаботи Стандарти мазкурро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо муассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардонад.

9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

54. Барои риоя накардани талаботи Стандарти мазкур аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он чораҳо андешида мешавад.