Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 № 94 "Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2022 № 562 аз эътибор соқит дониста шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, пешбурди фаъолияти таълимиро тибқи Стандарти мазкур ба роҳ монанд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 552 "Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 феврали соли 2017 № 94

ш.Душанбе

 

Утратил силу пост. Правительства РТ от 29.11.2022 №562

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственном стандарте высшего профессионального образования в Республике Таджикистан

В соответствии со статьей 32 Закона Республики Таджикистан "Об образовании", статьей 31 Закона Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственный стандарт высшего профессионального образования в Республике Таджикистан (прилагается).

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам, имеющим в своих структурах учреждения высшего профессионального образования, осуществлять ведение образовательной деятельности в соответствии с настоящим Стандартом.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2011 года, №552 "Об утверждении Государственного стандарта высшего профессионального образования Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 25 февраля 2017 года, № 94