ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 ноябри соли 2016 № 622
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 343
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 160; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 167; с. 2003, №12, мод. 699; с. 2009, №3, мод. 90; с.2016, №7, мод.630) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар матни Қонун калимаҳои "Ин Қонун" ва "ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 1 калимаҳои "муқаррар менамояд" ба калимаҳои "танзим менамояд" иваз карда шаванд.
4. Моддаҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ
Хусусигардонии моликияти давлатӣ - фаъолияти аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Қонуни мазкур танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.".
5. Ба сархати дуюми моддаи 5 пас аз калимаи "вилоятҳо," калимаҳои "шаҳри Душанбе," илова карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 6:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ таъмин менамояд;";
- дар сархати якум калимаҳои "дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи "муқаррар" ба калимаи "тасдиқ" иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи "оперативӣ" ба калимаи "дахлдор" иваз карда шавад.
7. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ
Ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 Қонуни мазкур бармеоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.".
8. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "моликияти махсуси" ва "мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ" мувофиқан ба калимаҳои "моликияти истисноии" ва "мақомоти давлатӣ" иваз карда шаванд.
9. Дар қисми дуюми моддаи 10 калимаҳои "фонди оинномавии" ба калимаҳои "сармояи оинномавии" иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 11 калимаҳои "муайян мекунад" ба калимаҳои "амалӣ менамояд" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 14 калимаи "арзишноки" ба калимаи "қиматноки" иваз карда шавад.
12. Ба қисми сеюми моддаи 142 пас аз калимаи "директорони" калимаҳои "(Шӯрои нозирони)" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1402