ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2016 № 670
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 326
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- муқовимат ба коррупсия - фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;";
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд;";
- сархати шашум хориҷ карда шавад;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- шахсони ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд баробаркардашуда - шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд;";
- ба сархати нуҳум пас аз калимаи "домодҳо," калимаи "ҷиянҳо," илова карда шавад.
2. Ба қисми 2 моддаи 9 пас аз калимаи "прокурор" калимаҳои ", пешниҳоди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 11:
- ба қисми 2 пас аз калимаи "танбеҳ" калимаҳои ", танбеҳи қатъӣ" илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "боиси" ба калимаҳои "асос барои" иваз карда шавад.
4. Ба қисми 1 моддаи 12 сархати бистум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи ин барномаҳо;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1386