ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 декабри соли 2016 № 643
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 325
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар сархати сеюми моддаи 1 калима ва рақами "сархати 1" ба калимаҳои "сархати якуми" иваз карда шаванд.
3. Аз сархати ҳаштуми моддаи 1, матни моддаи 2 ва сархати панҷуми моддаи 4 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 3:
- дар қисми 1 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳо ва рақамҳои "дар сархати 4 қисми якуми моддаи 9, маҳдудиятҳои дар сархатҳои 1, 2, 3, 6, 7 ва 9 қисми 1 моддаи 10, ҳуқуқвайронкуниҳои дар сархатҳои 5, 6 ва 9 қисми 1 моддаи 11, сархатҳои 7, 12 ва 14 қисми 1 моддаи 12" ба калимаҳои "дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 9, маҳдудиятҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм, шашум, ҳафтум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 10, ҳуқуқвайронкуниҳои дар сархатҳои панҷум, шашум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 11, сархатҳои ҳафтум, дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 1 моддаи 12" иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳо ва рақамҳои "қонуни мазкур ба истиснои муқаррароти сархатҳои 1, 2 ва 3" ба калимаҳои "Қонуни мазкур ба истиснои муқаррароти сархатҳои якум, дуюм ва сеюми" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 4:
- дар матни модда калима ва рақами "сархати 4" ба калимаҳои "сархати чоруми" иваз карда шаванд;
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- манъи вогузор намудани ваколатҳо оид ба танзими давлатӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба зиммаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд;".
6. Ба қисми 1 моддаи 5 пас аз калимаҳои "бо коррупсия," калимаи "мақомоти" илова карда шавад.
7. Дар қисми 1 моддаи 5(1) ва сархати дуюми қисми 2 моддаи 8 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
8. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- эътибори қонунӣ пайдо қардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;".
9. Дар қисми 1 моддаи 10:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил нест, дахолат намояд;";
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад;";
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад;";
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои ваколатҳояш, аз ҷумла барои хизмате, ки ҳангоми иҷрои ваколаташ (ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш) анҷом додааст ё ба манфиати шахси дигар анҷом надодааст, мукофот (қарз, мукофоти пулӣ ва мукофоти дигар, хизматрасонӣ, пардохти вақтхушӣ, истироҳат, хароҷоти нақлиёт) гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ тӯҳфа диҳад ё хизмат расонад. Тӯҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва тӯҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад;".
10. Дар қисми 1 моддаи 11:
- дар сархати дуюм калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- ба сархати сеюм пас аз калимаҳои "назорат мекунад" калимаҳои ", аз ҷумла иштирок ба сифати ҳимоятгари ҷамъиятӣ ё намоянда (ба истиснои ҳолатҳои намояндагии қонунӣ) аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ё парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" илова карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои "узвият дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё мақомоти идоракунии онҳо" ба калимаҳои "иштирок дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ, аз ҷумла дар ҳайати мақомоти идоракунии ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- узвият дар мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаи онҳо, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд;".
11. Дар моддаи 12:
- ба сархати дувоздаҳуми қисми 1 пас аз калимаҳои "ба иҷора додан ё фурӯхтани молу мулки давлатӣ" калимаҳои ", беасос вайрон намудани молу мулки ғайриманқули давлатӣ" илова карда шаванд;
- дар сархати понздаҳуми қисми 1 калимаи "тӯҳфа" ба калимаи "ҳадя" иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаи "номбурда" ба калимаҳои "дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1385
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 1 декабря 2016 года, №643
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 16 февраля 2017 года, №325
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 25 июля 2005 года "О борьбе с коррупцией" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №7, ст. 402; 2007 г., №7, ст. 660; 2008 г., №10, ст. 800; 2011 г., №12, ст. 837; 2014 г., №3, ст. 148) следующие изменения и дополнения:
1. Название Закона писать прописными буквами.
2. В абзаце третьем статьи 1 слово и цифру "абзаце 1" заменить словами "абзаце первом".
3. В статье 3:
- в части 5 слова и цифры "в абзаце 4 части 1 статьи 9, ограничения, предусмотренные в абзацах 1, 2, 3, 6, 7 и 9 части 1 статьи 10, правонарушения, предусмотренные в абзацах 5, 6 и 9 части 1 статьи 11, в абзацах 7, 12 и 14 части 1 статьи 12" заменить словами "в абзаце четвертом части 1 статьи 9, в абзацах первом, втором, третьем, шестом, седьмом и девятом части 1 статьи 10, правонарушения, предусмотренные в абзацах пятом, шестом и девятом части 1 статьи 11, в абзацах седьмом, двенадцатом и четырнадцатом части 1 статьи 12";
- в части 6 слова и цифры "абзацев 1, 2 и 3 части 1 статьи 10" заменить словами "абзацев первого, второго и третьего части 1 статьи 10".
4. В первом предложении статьи 4 слово и цифру "абзаце 4" заменить словами "абзаце четвертом".
5. Часть 1 статьи 5 после слов "с коррупцией," дополнить словом "органы".
6. Абзац второй части 1 статьи 9 изложить в следующей редакции:
"- вступления в законную силу решения суда об ограничении лица дееспособности или признании недееспособным;".
7. В части 1 статьи 10:
- дополнить абзацем первым следующего содержания:
"- вмешиваться в деятельность иных государственных органов, которая не входит в круг его должностных полномочий;";
- абзац третий изложить в следующей редакции:
"- лично или через доверенных лиц заниматься предпринимательской деятельностью. Лицо, уполномоченное на выполнение государственных функций, обязано не позднее пятнадцатидневного срока со дня поступления на государственную службу, передать другому лицу принадлежащую ему долю в уставном (складочном) капитале коммерческих организаций с правом доверительного управления;";
- дополнить абзацем четвертым следующего содержания:
"- открывать счета и иметь вклады в иностранных банках, осуществляющих деятельность за пределами Республики Таджикистан;";
- абзац пятый изложить в следующей редакции:
"- получать вознаграждения (ссуды, денежное и иное вознаграждение, услуги, оплату развлечений, отдыха, транспортные расходы) от физических и юридических лиц в связи с осуществлением своих полномочий, в том числе за оказанные при исполнении полномочий (прав и обязанностей) услуги, или не оказанные услуги в интересах другого лица, дарить подарки и оказывать услуги вышестоящим должностным лицам. Подарки, полученные в связи с протокольными мероприятиями, служебными командировками и другими официальными мероприятиями, должен по акту передать как государственную собственность органу, в котором осуществляет деятельность, за исключением сувениров или иных символических подарков, общая стоимость которых в течение года не превышает 100 (сто) показателей для расчетов;".
8. В части 1 статьи 11:
- абзац третий после слов "они контролируют" дополнить словами ", в том числе участие в качестве общественного защитника или представителя (кроме случаев законного представительства) по гражданскому, семейному, уголовному делу либо делу об административном правонарушении";
- в абзаце пятом слова "участие в коммерческих организациях или в их органах управления" заменить словами "участие в управлении деятельностью хозяйствующего общества или иной коммерческой организации, в том числе входить в состав органов управления коммерческой организации, членство в которых невозможно без специального личного волеизъявления, за исключением случаев, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан";
- дополнить абзацем шестым следующего содержания:
"- членство в органах управления, попечительских или наблюдательных советах, иных органах иностранных некоммерческих организаций и их структурных подразделениях, действующих на территории Республики Таджикистан, если законодательством или международными договорами Республики Таджикистан не предусмотрено иное;".
9. В статье 12:
- абзац двенадцатый части 1 после слов "продажа государственного имущества" дополнить словами ", безосновательный снос государственного недвижимого имущества";
- в части 2 слова "из указанных" заменить словами "из перечисленных в части 1 настоящей статьи".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 24 февраля 2017 года, № 1385