Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 № 102 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар ном ва банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210 "Дар бораи Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ" калимаи "штрихкодҳо" ба калимаҳои "штрих-кодҳо" иваз карда шавад.

2. Ба Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 210 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) дар ном ва банди 1 калимаи "штрихкодҳо" ба калимаҳои "штрих-кодҳо" иваз карда шавад;

б) дар банди 2:

- дар сархати якум пас аз калимаҳои "(минбаъд - МНХ)" калимаҳои "бо таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати панҷум пас аз калимаи "ҳисоботии" калимаҳои "бо тариқи электронӣ ташкилшуда ва (ё) тариқи хаттӣ чопшудаи" илова карда шаванд;

- дар сархати даҳум калимаҳои "терминали хизматрасонии худкор" ба калимаҳои "терминали худкори хизматрасонӣ (минбаъд - терминал)" иваз карда шаванд;

- дар сархати бистум калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ)" иваз карда шаванд;

- ба банди мазкур сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (минбаъд - ТИЭ) таҷҳизот барои МНХ, ки бо мақсади интиқол додани маълумот доир ба ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ тавассути шабакаи телекоммуникатсионии алоқа ба маркази коркарди маълумоти мақоми ваколатдори давлатӣ истифода бурда мешавад;

- сервери фискалӣ - таъминоти барномавие, ки мониторинги амалиёти молиявиро барои субъектҳои системаи мазкур амалӣ менамояд. Ба иштирокчиёни система агентҳои пардохтӣ, таҳвилгарони хизматрасониҳо ва мақомоти фискалӣ шомил мебошанд.";

в) дар банди 4 калимаи "онҳо" ба калимаи "МНХ" иваз карда шавад;

г) дар банди 5:

- дар сархати якум пас аз калимаи "МХТ" калимаҳои ", ба истиснои МНХ, ки системаи компютерии дорои хотираи фискалӣ мебошад" илова карда шавад;

- дар сархати дуюм пас аз калимаҳои "амалӣ шавад" калимаҳои ", ба истиснои МНХ, ки системаи компютерии дорои хотираи фискалӣ мебошад" илова карда шавад;

- дар сархати ҳафтум баъд аз калимаҳои "қатъ намоянд" калимаҳои "(дар ин ҳолат бар ивази чиптаҳои хазинавӣ расидҳо (квитансияҳо), билетҳо, талонҳо, тамғаҳои пардохти почтавӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ба чиптаҳо баробаркардашудаи ҳисоботи қатъӣ тибқи шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд)" илова карда шавад;

- дар сархати ёздаҳум пас аз калимаҳои "чипта (чек)" калимаҳои "ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи нишондодаи харидор интиқол" илова карда шавад;

д) дар банди 8 пас аз калимаи "аризаи" калимаҳои "(хаттӣ ва (ё) электронӣ)" илова карда шавад;

е) банди 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"10. Автомати савдо, терминал ва POS-система бояд бо МНХ муҷаҳҳаз карда шаванд, ки қобилияти интиқоли маълумот ба мақоми ваколатдори давлатиро дошта, дар мақоми ваколатдори давлатии маҳалли истифодабарии онҳо ба қайд гирифта шудааст.";

ё) дар сархати якуми банди 13 пас аз калимаи "ариза" калимаҳои "(хаттӣ ва ё электронӣ)" илова карда шавад;

ж) дар банди 18 пеш аз калимаи "ариза" калимаҳои "тибқи тартиби муқарраргардида" илова карда шаванд;

з) дар сархати якуми банди 19 пас аз калимаи "ариза" калимаҳои "(хаттӣ ва ё электронӣ)" илова карда шаванд;

и) дар сархати якуми банди 21 калимаҳои "терминали хизматрасонӣ" ба калимаи "терминал" иваз карда шаванд;

й) дар сархати якуми банди 22 пас аз калимаи "ариза" калимаҳои "(хаттӣ ва ё электронӣ)" илова карда шаванд;

к) дар сархати дуюми банди 53 аломати ";" ба аломати "." иваз карда шуда, сархатҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд;

л) параграфи 18(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"§18(]). Талабот ба сервери фискалӣ

78(1). Сервери фискалӣ ин таъминоти барномавии марказии мақоми ваколатдори давлатӣ буда, барои дастрас намудани маълумот доир ба амалиёти дар терминалҳо анҷомёфта аз сервери системаи пардохтӣ ва дигар серверҳо истифода бурда мешавад. Ҳамаи амалиёти дар терминалҳо анҷомёфта мустақиман ба серверҳои системаи пардохтӣ ва дар як вақт ба сервери марказии мақоми ваколатдори давлатӣ интиқол мегарданд.

78(2). Маълумоте, ки аз серверҳои системаи пардохтӣ ба сервери фискалӣ ворид мегарданд, инҳоро бояд дар бар гирад:

- рақами мушаххаси агентҳои системаи пардохтӣ ва танзимгарони мобилӣ;

- ташхисгари амалиёт;

- рақами телефон (ҳисоб);

- маблағи аз муштарӣ қабулшуда;

- маблағи ба рақами телефон (ҳисоб) гузаронидашуда;

- маҳалли ҷойгиршавии терминал;

- намуди амалиёт.";

м) дар банди 79 калимаҳои "рамзи криптографии санҷишӣ (минбаъд - РКС)" ба калимаҳои "рамзи назоратии санҷишӣ" иваз карда шаванд;

н) банди 81 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"81. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси озмун аз байни корхонаҳо-танзимгарони алоқа танзимгари асосӣ ва танзимгари захиравии маълумоти фискалиро интихоб менамояд. Танзимгари маълумоти фискалӣ шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки барои мақсадҳои Тартиби мазкур маълумот оид ба ҳисоббаробаркуниҳои пулиро дар реҷаи оперативӣ бо шабакаи бехатари истифодабарӣ, каналҳои ҳифзшудаи дорои сертификати мутобиқат, тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ ба сервери марказии мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда, реҷаи зарурии бехатарии маълумотро таъмин менамояд. Ҷараён ва каналҳои интиқоли маълумот аз МНХ ба танзимгари маълумоти фискалӣ ва аз танзимгар ба сервери марказии мақоми ваколатдори давлатӣ интиқол дода шуда, коркарди барномаи компютерӣ ва нигаҳдории маълумот ба воситаи криптография ҳифз карда мешавад, ки ба стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мутобиқ бошад. ТИЭ-и фаъолшаванда бояд дорои сертификати мутобиқат тибқи талаботи амнияти иттилотӣ дошта бошад. Фаъол намудани ТИЭ танҳо баъд аз интиқол додани маълумот аз ҷониби корманди ваколатдори андоз оид ба ҳисоббаробаркунии назоратии пулӣ ба сервери марказии мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути танзимгари маълумоти фискалӣ ва чоп шудани чиптаи тасдиқкунанда аз МНХ амалӣ шуда метавонад.";

о) дар банди 91:

- аз сархати якум калимаҳои "барҳамдиҳӣ, тахфиф, изофа," хориҷ карда шаванд;

- аз сархати дуюм калимаҳои ", бахшҳо, молҳо, хизматрасониҳо ва ғайра" ва "барҳамдиҳӣ," хориҷ карда шаванд;

п) дар банди 95 калимаҳои "РКС (рамзи криптографии санҷишӣ)" ба калимаҳои "рамзи назоратии санҷишӣ" иваз карда шаванд;

р) аз банди 100 калимаҳои "аз ТИЭ" хориҷ карда шаванд;

с) банди 102 хориҷ карда шавад;

т) дар банди 105 калимаҳои "ҳангоми наздик омадан ба пур шудани хотираи ТИЭ, дар ҳолатҳои корношоямӣ" ба калимаҳои "дар ҳолатҳои корношоямии ТИЭ" иваз карда шаванд;

у) бандҳои 103, 104, 105, 106, 107, 108, 109, 110, 111, 112, 113, 114, 115, 116, 117, 118, 119 ва 120 мутаносибан бандҳои 102, 103, 104, 105, 106, 107, 108, 109, 110, 111, 112, 113, 114, 115, 116, 117, 118 ва 119 ҳисобида шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 феврали соли 2017 № 102

ш.Душанбе