Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба боби 17 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) аз номи боб ва банди 1 калимаҳои "аз ҷумла коғазҳои қиматнок," хориҷ карда шаванд;
б) дар банди 4:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- риояи Талаботи махсуси технологии тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкупӣ ва рақамгузории онҳо (замимаи 6);";
- дар сархати дуюм калимаҳои "коғазҳои қиматнокро" ба калимаҳои "маҳсулоти матбаавиро" иваз карда шаванд;
в) Замимаи 6 "Талаботи махсуси технологии тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкупӣ ва рақамгузории онҳо" илова карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 8 феврали соли 2017 № 61
ш.Душанбе
Замимаи 6
ба боби 17 Низомнома дар
бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ
ба баъзе намудҳои фаъолият
Талаботи махсуси технологии тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз он ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкупӣ ва рақамгузории онҳо
1. Муқаррароти умумӣ
1. Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандамаҳсулоти матбаавие, ки на камтар аз ду унсури муҳофизатиро доро буда, бо истифода аз усулҳои матбаавӣ, голографӣ, иттилоотӣ, микропротсессорӣ ва дигар усулҳои муҳофизатӣ тайёр карда мешаванд, ба истиснои ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъие, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо талаботи дигар пешбинӣ мегардад.
2. Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда аз тарафи иҷозатномадор дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои матбаавӣ (минбаъд-корхонаҳои матбаавӣ) бо истифода аз технологияи махсуси муосири барои ин корҳо пешбинигардида, аз ҷумла термопринтерҳои чопии маҳсулоти матбаавӣ бо миқёси гуногун, термолентаҳо, асбобҳои муайянкунии аслӣ будани маҳсулоти матбаавӣ тайёр карда мешавад.
2. Талабот оид ба тайёр кардани намунаҳои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда ва талаботи реҷавӣ ба корхонаҳои матбаавӣ
3. Намунаҳои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо муайян карда мешаванд.
4. Корхонаҳои матбаавӣ дар мувофиқа бо фармоишгар метавонанд нисбат ба маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда дараҷа ва нишонаҳои муҳофизатии иловагиро интихоб ва амалӣ намоянд.
5. Тамоми намунаҳои маҳсулоти матбаавӣ пеш аз тайёр намудан бояд бо фармоишгари он мувофиқа карда шаванд.
6. Корхонаи матбаавӣ ҳар як намунаи маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандаро бояд дар давоми 5 сол маҳфуз нигоҳ дорад.
7. Бинои (ҳудуди) корхонаи матбаавне, ки барои амалӣ намудани фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда истифода мегардад, бояд бо панҷара иҳота гардида, бо муҳофиз таъмин карда шавад.
8. Дарҳои даромадгоҳи бино, инчунин дарҳои коргоҳҳои чопкунӣ бояд металлӣ буда, бо маҳкамкунандаҳои мустаҳкаму босифат, инчунин бо қулфҳо муҷаҳҳаз бошанд.
9. Коргоҳҳои чопкунӣ, анборҳо, инчунин ҷойҳои корӣ оид ба қабули фармоиш барои чопкунӣ, тақсимоти маводи тайёр ва фурӯши маводи матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бояд аз дигар утоқҳои ёрирасон ва хизматӣ ҷудо бошанд.
10. Пас аз анҷоми вақти корӣ утоқҳои истеҳсолӣ ва анборҳо бо муҳр ва қулф мустаҳкам карда шуда, калиди онҳо ба шахси масъул оид ба муҳофизат бо имзо ва қайди он дар дафтари махсус бо нишон додани сана ва вақт супорида мешавад.
11. Даромадан ба утоқҳои истеҳсолӣ ва ба ҳудуди корхонаҳои матбаавӣ танҳо тавассути дидбонгоҳҳои муҳофизатӣ дар асоси гузарнома ба роҳ монда мешавад.
12. Коргоҳҳои чопкунӣ, истеҳсолӣ, анборҳои нигоҳдорӣ, утоқҳои ёрирасон, хизматӣ ва дигар қисмҳои дохили бинои корхонаҳои матбаавӣ бо воситаҳои хабардиҳандаи муҳофизавӣ-зиддисӯхторӣ ва лавозимоти зарурии зидди сӯхтор, инчунин бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
3. Талабот оид ба шаклҳои чопкунии маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда ва рақамгузории онҳо
13. Шаклҳои чопкунии маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда тибқи Талаботи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти навъи маҳсулот ба роҳ монда мешаванд.
14. Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бояд бо истифодаи коғази андозааш 70-120 г/м.кв истеҳсол карда шавад.
15. Коғазе, ки аз он маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда истеҳсол карда мешаванд, бояд ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат намояд:
- дорои аломати обгуни равшани таъминкунандаи назорати визуалии он бошад;
- маҳсулоти матбаавии муҳлати амалаш то як сол бояд аз коғазе истеҳсол карда шавад, ки дар таркибаш 10 - 25% нахи пахта ва катон дорад;
- маҳсулоти матбаавии муҳлати амалаш зиёда аз як сол бояд аз коғазе истеҳсол карда шавад, ки дар таркибаш 25 - 50% нахи пахта ва катон дорад.
16. Дар рафти истеҳсоли маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда дар баробари рангҳои умумии истифодашаванда, инчунин бояд рангҳои махсуси дорои люминессенсияи зери шуои ултрабунафш дидашаванда, голограмма, рангҳои дорои хусусиятҳои магнитию электроноқилӣ ва ё дар қисмати спектр тасвирнашаванда истифода бурда шаванд.
17. Ҳангоми истифода бурдани голограмма ба сифати дараҷаи муҳофизатии маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда голограммаҳо бояд дар шакли фолгаи дар ҳолати тафсон ё ломинатсияи сард иҷро шуда, дизайни такрорнашаванда ва микроматнҳо аз 20 то 100 микрометр дошта бошанд.
18. Рангубор ва андозаи ҳошияҳо дар тамоми нусхаҳое, ки дар як адади нашр чоп мешаванд, бояд якхела бошанд.
19. Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофшатшаванда бояд на камтар аз се унсурҳои гилоширии аз ҷиҳати шаклу тасвир гуногунро дошта бошад, ки хатҳои иҷрои яке манфӣ ва дигаре мусбат мебошанд.
20. Таҳранги варақа бояд аз ду тӯри рангаи болои ҳам омада истеҳсол шуда, яке аз ин тӯрҳо дорои сохтори унсурҳои графикии ғайримунтазам бошад.
21. Ба сифати воситаҳои иловагии ҳифзи маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда инҳо метавонанд истифода шаванд:
- тасвири ниҳонӣ дар чопи металлографӣ;
- чопи силсила ва рақамҳо бо истифодаи рангҳои флуоренсентӣ, барқгузаронӣ ва магнитӣ дар чопи баланд;
- чопи ниҳонӣ дар чопи офсет;
- рангҳои металликии флуорессенсияшуда (нуқрагин);
- унсурҳои ба назар нонамоёне, ки дар зери шуои инфрасурх аён мегарданд.
22. Рақамгузорӣ ва силсила дар маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда тибқи супориши фармоишгар ба роҳ монда мешавад.
23. Корхонаи матбаавӣ бояд маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандаро тибқи рақамгузорӣ ва силсилаи дар он ифодашуда дар дафтари махсус ба қайд гирад.