Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 январи соли 2017, № 32
тасдиқ шудааст
Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 236, аз 22.01.2020 № 29, аз 01.06.2024 № 326)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ" таҳия шуда, номгӯи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, қоидаҳо ва талаботи асосии низомӣ ва техникии истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопиро муайян менамояд.
2. Истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ (замимаи 1) аз ҷониби субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (замимаи 2), ба амал бароварда мешавад.
2. Талаботи асосӣ оид ба таъмини баҳисобгирӣ ва ҳифзи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ
3. Бо мақсади таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ аз ҷониби субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ, талаботи ягонаи истеҳсол, қабул, нигоҳдорӣ, коркард, супоридан, ҷудо карда додан, интиқол ва баҳисобгирии коғаз, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти чопӣ ва қолабрезӣ муайян карда мешавад.
4. Барои ташкили баҳисобгирии оперативии қоғаз, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти тайёри чопию қолабии ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, роҳбари ва назорати ин баҳисобгирӣ дар тамоми қитъаҳои истеҳсолот ва ҷойҳои нигоҳдории онҳо сармуҳосиби субъекти бачопрасонандаи ингуна маҳсулоти чопӣ ҷавобгар мебошад.
5. Ташкили баҳисобгирии коғаз, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти тайёри чопию қолабии ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатьӣ ва назорати ин баҳисобгирӣ дар тамоми қитъаҳои истеҳсолот ва ҷойҳои нигаҳдории онҳо ба зиммаи сармуҳосиби субъекти бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ вогузор карда мешавад.
6. Муҳосиботи корхонаи полиграфӣ иҷрои дуруст ва саривақтии баҳисобгирии маҳсулоти истеҳсолшавандаро дар сехҳо ва анборҳо ҳамарӯза назорат мекунад.
7. Тамоми китобҳо, кортҳои баҳисобгирии коғаз, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти тайёри чопию қолабии полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ рақамгузориву дӯхта ва бо муҳри сурбӣ мустаҳкам шуда, аз ҷониби сармуҳосиб (муовини ӯ) имзо мешаванд ва пас аз бақайдгирӣ дар китоби махсус бо забонхат дода мешаванд.
8. Додани коғаз, маҳсулоти нимтайёр ва маҳсулоти тайёр барои истеҳсол ва қабули онҳо баъд аз коркард танҳо бо ҳисоб намудани ҳар як саҳифа зери назорати иҷрокунанда_сурат гирифта, дар асоси забонхат дар китоби баҳисобгирӣ ба расмият дароварда мешавад.
9. Таҳвили коғаз, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ аз як намуди кор ба дигар намуд дар дохили сех (ва ё аз як сех ба сехи дигар), ки ба ивазшавии иҷрокунандаи масъули нигоҳдошти маҳсулот алоқаманд аст, танҳо ба воситаи анбордорҳои дахлдор амалӣ мегардад.
10. Кормандоне, ки кори онҳо бо омодасозӣ, қабул, нигоҳдорӣ ва додани маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ алоқаманд аст, бо санади роҳбари корхона дар як вақт бо бастани шартнома оид ба ҷавобгарии моддӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд.
11. Маҳсулоти нимтайёр ва тайёр бояд дар анборҳо ва ҷевонҳои барои ин мақсад махсусгардонидашуда ва риояи қоидаҳое, ки онҳоро аз тасарруф, гумшавӣ ва вайроншавӣ ҳифз менамоянд, нигоҳ дошта шаванд. Якҷоя бо маҳсулоти дигар дар як анбор ва ҷевон нигоҳ доштани маҳсулоти чопии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ манъ аст.
12. Дар вақти танаффуси нисфирӯзӣ ва ба анҷом расидани басти корӣ коғаз, маҳсулоти нимтайёр ва маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатьӣ мувофиқи забонхати анбордор дар китоби баҳисобгирӣ ва барои нигоҳдорӣ ба анбор супорида мешаванд.
13. Дар вақти танаффуси нисфирӯзӣ дар ҷои кор мондани коғаз, маҳсулоти нимтайёр ва маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ танҳо дар мавридҳои зерин иҷозат дода мешавад:
- агар яке аз кормандони бригадае,ки шартномаи коллективӣ ё шартнома оид ба ҷавобгарии моддиро имзо кардааст, "дар ҷои кории худ барои назорати сарватҳо ҳузур дошта бошад;
- агар маҳсулоти чопӣ дар қитъаҳои маҳкам бо шарти якҷоя баромадан ва минбаъд якҷоя даромадани иҷрокунандаҳо нигоҳ дошта шаванд ва зимнан қитъа бо қулфу муҳр маҳкам карда шавад.
14. Дар мавриди ошкор гардидани норасоии маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ санад тартиб дода мешавад, ки он барои чораҷӯӣ ба роҳбари корхона ирсол гардида, барои кофтукови маҳсулоти гумшуда чораҳо андешида мешаванд.
3. Талаботи реҷавӣ ба корхонаҳои истеҳсолкунандаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ
15. Даромадан ба ҷойҳои истеҳсолӣ ва ҳудуди ҳавлиҳои хоҷагидории субъектҳои бачопрасонандаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ тавассути дидбонгоҳҳо аз рӯи рухсатномаҳо ё бо иҷозати роҳбарияти корхонаи полиграфӣ сурат мегирад. Кормандони масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқ доранд бемамониат ба ҷойҳои истеҳсолӣ ва ҳудуди ҳавлиҳои хоҷагидории субъектҳои бачопрасонандаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ ворид шаванд.
16. Ҳудуди корхонаҳои амалкунанда ё сохташавандаи полиграфие, ки аллакай дорои дастгоҳҳои полиграфӣ, техникаи нусхаафзоӣ, ҳуруф, матрисаҳо мебошанд, бо девор иҳота ва бо посбонҳо таъмин карда мешаванд.
17. Утоқҳои корхонаҳои полиграфӣ ва бахшҳои нусхаафзоӣ бо воситаҳои хабардиҳандаи муҳофизатию зиддисӯхторӣ бо насби ченкунакҳо (муҳофизатӣ) дар дару тирезаҳо, сигнализатсия (зидди сӯхтор) дар шифти хона муҷаҳҳаз гардида бо пости дидбонӣ ё пулти дидбонии мутамарказонидашудаи мақомоти давлатии дахлдор пайваст карда мешаванд.
18. Ба тирезаҳои қабати якуми бино панҷараҳои дуқабатаи аз дарун кушодашаванда шинонида мешаванд. Дар сурати мавҷуд будани зинапояи зиддисӯхторӣ, овезаҳо ё бомҳои биноҳои ҳамшафат, тирезаҳои ба онҳо наздик панҷара гирифта мешаванд. Панҷараҳои тирезаҳо аз симҳои пӯлодии қутрашон на камтар аз 12 мм мешаванд, ки ба тариқи салибшакл байни ҳам кафшер гардида, чашмаки на зиёдтар 150х150 мм-ро бояд ташкил диҳанд.
19. Насб намудани панҷараҳои "нақшӣ" иҷозат дода мешаванд, ба шарте ки онҳо биноҳои истеҳсолиро аз воридшавӣ эмин нигоҳ доранд.
20. Дарҳои дамади корхонаҳои полиграфӣ, инчунин дар сехҳои ҳуруфчинӣ боад якқабатаи чӯбин (ғафсии тахтаҳояш на камтар аз 40 мм) буда, бо ғалақаҳои мустаҳкам (на камтар аз ду қуфли дарунӣ) ё қуфлҳои шифрдор муҷаҳҳаз ва аз беруну дохил бо тунукаи оҳанини руҳандуди лабашон ба қираи дар баробар гардонида рӯйкаш шуда бошанд. Дар дарҳо қолибҳои махсусе, ки воридшавии шахсони бегонаро маҳдуд месозанд, мустаҳкам карда мешаванд.
21. Сехҳои (қитъаҳои) ҳуруфчинӣ ва чопкунӣ, инчунин ҷойҳои корӣ оид ба қабулу супориш барои чоп (нусхаафзоӣ) ва додани маҳсулоти тайёр бояд дар биноҳое ҷойгир бошанд, ки дорои муқовимати сӯхтории на камтар аз дараҷаи 2-юм буда, аз дигар утоқҳои ёрирасону хизмати бо деворҳову, болорҳои зиддисӯухторие, ки дастдорасии онҳоро аз оташ таъмин менамоянд, карда шуда бошанд.
22. Баъди ба охир расидани кор манзилҳо қулф, муҳр (пломба) карда шуда, калидҳояшон ба шахси барои посбонии онҳо масъул бо қайд ба шахси барои босбонии онҳо масъул бо қайд гардидани сана, вақт ва гирифтани имзои ӯ дар дафтари махсус супорида мешаванд. Дар мавриди додани калидҳо вақт, насаб, ном, номи падар ва имзои шахсе, ки онҳоро мегирад, қайд карда мешавад.
23. Биноҳои маъмурии корхонаи полиграфӣ, шӯъбаи таҳририю нашрӣ бояд аз биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳо ҷудо бошанд.
24. Аз дохили биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳо ба утоқҳои маъмурӣ ва шуъбаи таҳририю нашрӣ гузаштани мизоҷон манъ аст.
25. Бе иштироки шахси масъули аз ҷониби сардори сех (қитьа) ё роҳбари корхонаи полиграфӣ муайяншуда дар биноҳои истеҳсолӣ, сехҳо (қитъаҳо) қолабрезӣ, ҳуруфчинӣ, ҳуруфрезӣ ва чопкунӣ кор кардани коргарони алоҳида иҷозат дода намешавад.
26. Дар ҳудуди корхонаҳои навташкилшаванда ё амалкунандаи полиграфӣ ҷойгиршавии манзилҳои истиқоматӣ ва ҷузъҳои алоҳидае, ки ба ин истеҳсолот ягон робитае надоранд, инчунин бидуни розигии роҳбари он аз ҳудуди корхонаи полиграфӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти дигар ташкилотҳо иҷозат дода намешавад.
27. Рӯбучини биноҳои истеҳсолие, ки бо дастгоҳҳои полиграфӣ муҷаҳҳаз шудаанд, дар вақти корӣ ва дар ҳузури кормандони дар он коркунанда иҷро мешавад.
4. Талаботи техникӣ оид ба истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ
28. Ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ бояд аз истеҳсоли қалбакӣ ҳифозати боэътимод дошта бошанд ва бинобар ин мусаввараҳои чопӣ, коғаз ва ранги унсурҳои ҳифозатиро доро бошанд.
29. Навиштаҷоти чопӣ (мусаввараҳои-асосии инъикосдор, аксҳо, тӯри рангаи ҳифозатӣ, рақами силсилавӣ) бояд равшан, ҳамранг ва бидуни олудагии қисматҳои холӣ бо ранг бошанд.
30. Тобиши ранг, андозаи ҳошияҳо дар тамоми нусхаҳои марбути як адади нашр бояд якхела бошанд. Роҳ додан ба каҷии ҳошияҳо, фосилаҳо байни тасвирҳо ҳангоми чоп иҷозат дода намешавад.
31. Нақшу нигори ҳифозат (гелоширӣ) дар тамоми инъикосҳо бояд як хел нигоҳ дошта шавад. Хатҳои якдигарро буррандаи унсурҳои ҳифозатии нақшу нигор ва тӯрҳо набояд ҷойҳои ғафс (гиреҳ) дошта бошанд.
32. Барои чопи коғазҳои қиматнок истифода намудани чопи савсанӣ ҳатмӣ мебошад.
33. Ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатьӣ бояд бо истифода аз коғази ҳаҷмаш 60-120 г/м.кв истеҳсол карда шаванд.
34. Коғаз бояд сафедкунандаҳои оптикиро (бланкофорҳоро) доро набошад, инчунин бояд дар зери таъсири шуоҳои ултрабунафш аз худ ягон нурпошие (люминессенсияи дидашаванда) зоҳир накунад.
35. Дар таркиби коғаз вобаста дба намуд ва муҳлати амали он бояд миқдори муайянинахи пахтаву катон мавҷуд бошанд.
36. Коғазҳои қиматноки муҳлати амалашон то як сол бояд аз коғазе истеҳсол карда шаванд, ки дар таркибашон 10 - 25% нахи пахта ва катон доранд.
37. Коғазҳои қиматноки муҳлати амалашон зиёда аз як сол бояд аз коғазе истеҳсол карда шаванд, ки дар таркибашон 25 - 50% нахи пахта ва катон доранд.
38. Коғаз дар таркиби худ бояд на кам аз ду навъи нахро, ки дар қисматҳои дидашаванда ё дигар ҷиҳатҳои спектр назоратшаванда дошта бошад.
39. Иваз намудани як навъи нах ба навъӣ дигари он - конфетти, риштаҳои полимерӣ, люминофори копсулишуда мумкин аст. Истифода намудани нахҳои махсуси дорои ранги кабудчаи дар зери шуои ултрабунафш дидашаванда манъ аст.
40. Коғаз бояд нишони обии бо чашми оддӣ равшан дидаву назоратшавандаро доро бошад.
41. Барои истеҳсоли коғазҳои қиматнок истифода шудани коғази дорои нишони обии таъиноти истеъмолии муқаррарӣ манъ аст.
42. Барои истеҳсоли маҳсулоти чопии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, ба ғайр аз рангҳои аз ҷиҳати технологӣ баҳисобгирфташуда бояд рангҳои махсуси дорои люминессенсияи (ғайр аз ранги кабуд) зери шуои ултрабунафш дидашаванда истифода бурда шаванд.
43. Истифодаи рангҳои дорои хусусияти магнитӣ ё электроноқилӣ ва ё дар қисмати спектри ноаён тасвиршаванда низ имконпазир аст.
44. Чоп бояд бо чунин рангҳое сурат гирад, ки хусусияти колористии онҳо истеҳсоли қалбакиашонро бо истифода аз усулҳои маъмули аксбардориву репрографӣ душвор гардонад.
45. Иловаҳо ба рангҳо бояд рангҷудокуниҳоро ғайриимкон созанд.
46. Дар истеҳсоли маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатьӣ, аз ҷумла то ба охир расонидани чопи маҳсулоти нимтайёр намудҳои зерини чоп истифода бурда мешаванд:
- металлографӣ;
- офсетӣ (тамоми намудҳояш);
- баланд;
- уқобӣ.
47. Ҳар як варақаи маҳсулот бояд бо истифодаи на камтар аз ду усули чоп нашр карда шавад.
48. Варақаҳои коғазҳои қиматнок бояд бо усули металлографӣ ва баланд (силсила ва рақам) чоп карда шаванд.
49. Ғайр аз унсурҳои ҳифозатии сифати баланди чоп, чопи савсанӣ, нишонҳои обӣ ва рангҳои феромагнитӣ истифодаи кинеграммаҳо, голограммаҳо ва портретҳо мумкин аст.
50. Маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ бояд на камтар аз 3 унсурҳои гилоширии аз ҷиҳати шаклу тасвир гуногунро дошта бошад, ки хатҳои иҷрои якеашон манфӣ буда, дигарашон мусбат мебошанд.
51. Таҳранги варақа бояд аз ду тӯри рангаи болои ҳам омада истеҳсол шуда, яке аз ин тӯрҳо дорои сохтори унчурҳои графики ғайримунтазам бошад.
52. Маҷмӯи рангаи тӯрҳои таҳранги бояд онҳоро аз ҷудошавии аксӣ ҳифз намояд.
53. Бо турҳои таҳрангӣ чоп шудани пешу қафои маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, новобаста аз он ки онҳо аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунанда пурра ё дар ҷараёни то ба анҷом расонидани маҳсулоти нимтайёр сурат мегиранд, шарт ва зарур аст. Пешу қафои варақаҳои маҳсулоти нимтайёри дорои тӯри таҳрангӣ буда аз он истисно мебошанд.
54. Тӯрҳои таҳрангӣ аз ҷиҳати хусусиятҳои андозаву рангӣ бояд ба нусхабардориву сканеркунӣ дастнорас бошанд.
55. Ғафсии хатҳои гилоширҳо, чорчӯбаҳо ва тӯрҳо бояд аз нигоҳи мусбат 40-70 микрон ва аз нигоҳи манфӣ 50-90 микрон зиёд набошад.
56. Дар сурати мавҷудияти микроматни бо усули металлография истеҳсолшуда, ғафсии хатҳо бояд на зиёдтар аз 20 микрон ва бо баландии 250-300 микрон истеҳсол шаванд.
57. Микроматнҳое, ки бо усуси офсетӣ истеҳсол шудаанд, дар истеҳсоли мусбат бояд баландии шрифти 200-250 микрон ва дар манфӣ 250-300 микронро дошта бошанд.
58. Маҳсулоти полиграфии баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ барои ҳар як супоришдиҳанда бояд услуби ороиши (дизайни) худро дошта бошад. Дар сурати истифода кардан аз маҳсулоти якрангаи нимтайёр чунин мушаххасият дар натиҷаи корбурди мазмунии матн, рақамгузорӣ, унсурҳои ҳифозати кимиёвӣ ва истифодаи унсурҳои гилоширии инфиродӣ ба даст меояд.
59. Ба сифати усулу воситаҳои иловагии ҳифозати коғазҳои қиматнок аз инҳо истифода бурдан мумкин аст:
- дар чопи металлографӣ - тасвири ниҳонӣ (дар дохили чаҳорчӯбаҳо ва гулдоираҳо);
- дар чопи баланд - чопи силсила ва рақамҳо бо истифодаи рангҳои флуоренсентӣ, барқгузаронӣ ё магнитӣ;
- дар чопи офсетӣ - чопи ниҳонӣ (дар чаҳорчӯбаҳо ва гулдоираҳо);
- рангҳои металликии (нуқрагин) флуорессенсияшуда;
- унсурҳои ба назар нонамоёне, ки дар зери шуои инфрасурх мавҷуданд.
60. Ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ дар асоси шартнома тибқи фармоиши фармоишгар ва ё дар сурати дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар асоси музояда ё озмун аз тарафи субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулот тайёр карда мешаванд.
61. Рақамгузорӣ ва силсила дар ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ тибқи супориши фармоишгар амалӣ карда мешавад.
62. Паҳн намудани ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ танҳо аз ҷониби фармоишгари чунин ҳуҷҷатҳову варақаҳо ба амал баровардашуда, шахсони дигар ва субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулот ҳуқуқи мустақилона паҳн намудани онҳоро надоранд.
63. Қоғазҳои қиматнок бояд дарои ниҳонҳои иловагии аслияти баланде бошанд, ки такрори айнии онҳоро мушкил гардонад ва маълумот дар бораи онҳо сирри тиҷоратӣ бошад. Чунин маълумот ба мақоми давлатии амнияти миллӣ барои баҳодиҳӣ ба дараҷаи ҳифозати ин нишонҳо ҳамчун иттилооти махфӣ ба воситаи шабакаҳои пӯшидаи алоқа ирсол мешавад.
5. Муқаррароти хотимавӣ
64. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя, накардани муқаррароти тартиби мазкур тибқи қонқнгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаи 1
ба Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва
варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ,
паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои
бачопрасонандаи ин гунна маҳсулоти чопӣ
Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъие, ки аз ҷониби субъектҳои бачопрасонандаи ин гунна маҳсулоти чопӣ истеҳсол мешаванд
1. Шаҳодатномаи таваллуд
2. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Тасдиқномаи (муваққатии) шаҳрвандӣ ва ҷои истиқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҷои истиқомати муваққатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ
9. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд
10. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд
11. Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби намояндагии дипломатӣ ва идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳо дар хориҷа ба расмият дароварда мешавад
12. Корти аккредитатсионии кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, аъзои оилаи онҳо, инчунин консулҳои фахрии (ғайриштатии) давлатҳои хориҷӣ
13. Стикери визавӣ, ки ба шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ часпонда мешаванд
14. Варақаи ризоият (экзекватура) дар бораи шинохта шудани шахс ба сифати сардори муассисаи консулӣ
15. Варақаи номаи шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16. Варақаи нотаи лафзии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Варақаи номаи шахсии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
18. Варақаи тасдиқномаи шартномаҳои байналмилалӣ
19. Варақаи эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
20. Варақаи бозхонди Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
21. Варақаи ваколати хаттии (патенти) консулии Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон
22. Варақаи ваколатнома барои имзо намудани шартномаи байналмилалӣ ва иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори конфронсҳои байналмилалӣ ва музокираҳо
23. Варақаи шартномаҳои байналмилалӣ
24. Корти аккредитатсионии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ
25. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ
26. Билети ҳарбӣ
27. Гувоҳномаи шахсии генерал
28. Гувоҳномаи шахсии афсар
29. Гувоҳномаи шахсии прапорщик
30. Билети ҳарбии афсари эҳтиётӣ
31. Гувоҳномаи хизматии кормандони масъули мақомоти ҳокимияти давлатӣ
32. Шаҳодатномаи ақди никоҳ
33. Шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ
34. Шаҳодатномаи вафот
35. Шаҳодатномаи фарзандхонӣ
36. Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ
37. Шаҳодатномаи иваз намудани ном, насаб ва номи падар
38. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ
39. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ (аъло)
40. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ
41. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо медали тилло)
42. Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо медали нуқра)
43. Табели ҷамъбасти баҳоҳои азхудкунӣ (замима ба аттестат (шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ)
44. Дипломи дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
45. Дипломи аъло дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
46. Диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ
47. Дипломи аъло дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ
48. Диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ
49. Дипломи аъло дар бораи таҳсилоти олии касбӣ
50. Дипломи бакалавр
51. Дипломи магистр
52. Диплом барои донишҷӯёни хориҷӣ
53. Замима ба дипломҳо
54. Дипломи номзади илм
55. Дипломи доктори илм
56. Дипломи доктори Phd
57. Дипломи дорандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дар соҳаи илм ва техника
58. Дипломи барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ
59. Дафтарчаи меҳнатӣ
60. Шаҳодатномаи гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон
61. Дафтарчаи нафақагирӣ
62. Шиносномаи нафақагир
63. Дафтарчаи маъюбӣ
64. Шиносномаи маъюб
65. Варақаи беморӣ
66. Варақаи дорухат барои доруҳои мадҳушӣ ва пуртаъсир
67. Ҳамаи намудҳои иҷозатномаҳо, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикситон дода мешаванд
68. Гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда
69. Сертификати бақайдгирии супорандаи андоз аз арзиши иловашуда
70. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва патент барои ҳуқуқи амалигардонии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ
71. Эломияи борҳои гумрукӣ
72. Шаҳодатномаи ронандагӣ
73. Шаҳодатномаи тракторчигӣ
74. Шиносномаи техникии воситаи нақлиёт
75. Баргаи техникии воситаи нақлиёти хизматӣ
76. Шаҳодатномаи иштирокчии робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
77. Корти бақайдгирии иштирокчии робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
78. Сертификати истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ ё содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон
79. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин
80. Шаҳодатнома ба саҳми замин
81. Сертификати мувофиқати маҳсулот
82. Шаҳодатномаи омодагии корхона, ташкилот ба истеҳсоли маҳсулот
83. Шаҳодатномаи узви Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
84. Сертификати сифати моли воридотӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон
85. Сертификати фитосанитарии сифати маҳсулоти воридотӣ ё содиротӣ
86. Билетҳои лотереяҳои бурднок
87. Полиси суғуртавӣ аз рӯи тамоми намудҳои суғурта
88. Ҳамаи намудҳои аксизҳо
89. Ҳамаи намудҳои варақаҳои дорои ҳисоботи қатъӣ, ки аз ҷониби нотариусҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешаванд
90. Билети мусофир ва бағоҷ барои парвоз бо нақлиёти ҳавоӣ
91. Билетҳои роҳи оҳан барои сафар бо нақлиёти роҳи оҳан
92. Чек барои гирифтани пули нақд ва дигар коғазҳои қиматнок, ки аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешаванд
93. Саҳмияҳо ва дигар коҷазҳои қимматноке, ки аз ҷониби давлат ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ба гардиш бароварда мешаванд
94. Варақаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти омор
95. Шартномаи хариду фурӯши моликияти давлатӣ
96. Шартномаи иҷора байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
97. Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мансубияти мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
98. Ҳамаи намудҳои бюлленетҳо оид ба интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
99. Роҳхат ва борхати нақлиётӣ
100. Шаҳодатномаи хизматӣ
101. Маълумотномаи тиббӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ
102. Тасдиқнома-ҳисобномаи савдои воситаи нақлиёт
103. Талони муоинаи техники воситаҳои нақлиёт
104. Талони иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира барои ҳаракат дар роҳ
105. Иҷозати воридоти карантинӣ
106. Аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолот
107. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ
108. Шаҳодатномаи аккредитатсияи субъектҳои соҳибкории фармасевтӣ, аз ҷумла намояндагиҳои тиббии ташкилотҳои фармасевтии хориҷии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда
109. Рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникӣ
110. Рухсатнома барои воридот ва содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ
111. Шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ
112. Шаҳодатномаи воридот ва содироти маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиббӣ истифодашаванда
113. Иҷозат барои истифодабарии объекти олами ҳайвонот ва наботот
114. Иҷозат барои истифодабарии ҷангал
115. Шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лоторея
116. Иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ
117. Сертификати мутобиқати ҳатмии таҷҳизот дар соҳаи алоқаи барқӣ
118. Шаҳодатномаи бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ
119. Иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ
120. Иҷора барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти автомобилӣ
121. Шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда
122. Шаҳодатнома барои харидани маводи тарканда
123. Иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ
124. Иҷозат барои кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва сахттаъсири заҳролуд
125. Иҷозат барои нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва саттаъсири заҳролуд
126. Шаҳодатномаи воридот ва содироти прекурсорҳо
127. Иҷозат барои ҷойгир кардани рекламаи берунӣ
128. Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии молу мулк
129. Варақаи иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд
130. Шаҳодатномаи бақайдгирии ҳавопаймоҳо
131. Шаҳодатномаи коршоямии ҳавопаймо ба парвоз
132. Иҷозатнома барои тавҳизоти радиоӣ
133. Шаҳодатнома оид ба сатҳи садои ҳавопаймо
134. Шаҳодатномаи содиротии коршоямии парвоз
135. Сертификати аз феҳрист баровардани ҳавопаймоҳои гражданӣ
136. Сертификати истифодабаранда (АОС)
Эзоҳ: истеҳсоли ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2, 3, 4, 5, 13, ва 14 зикршуда ваколати истисноии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои дар бандҳои 67, 68, 69, 70, 88, 93, 115 ва 116 пешбинишударо истеҳсол менамояд .
Замимаи 2
ба Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва
варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ,
паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои
бачопрасонандаи ин гунна маҳсулоти чопӣ
Номгӯи субъектҳои бачопрасонандаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"
2. Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Эко принт» (№ 326).
4. Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон .
5. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Нашриёти муосир" .

Эзоҳ: истеҳсоли ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 2, 3, 4, 5, 13, 14 ва 15 зикршуда ваколати истисноии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Замимаи 2
ба Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва
варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ,
паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои
бачопрасонандаи ин гунна маҳсулоти чопӣ
Номгӯи субъектҳои бачопрасонандаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"
2. Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷ - Нашриёт"