Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 № 47 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар ном ва матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 "Дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016" рақами "2016" ба рақами "2017" иваз карда шавад.

2. Ба Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном, матн ва замимаҳои 1, 2, 3, 4 рақами "2016" ба рақами "2017" иваз карда шавад;

- аз банди 1 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- аз бандҳои 39-83 замимаи 4 калимаҳои "Вазорати энергетика ва захираҳои об," хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 январи соли 2017 № 47

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 декабря 2013 года, №557

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В названии и тексте постановления Правительства Республики Таджикистан от 5 декабря 2013 года, №557 "О Программе приватизации государственной собственности в Республике Таджикистан на 2014-2016 годы" цифру "2016" заменить цифрой "2017".

2. Внести в Программу приватизации государственной собственности в Республике Таджикистан на 2014-2016 годы, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 декабря 2013 года, №557, следующие изменения:

- в названии, тексте и приложениях 1, 2, 3, 4 цифру "2016" заменить цифрой "2017";

- из пунктов 39-83 приложения 4 исключить слова "Министерство энергетики и водных ресурсов,".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 25 января 2017 года, № 47