Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 № 44 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 352"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 352

 

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дар сархати якуми банди 3 Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 352 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ" тасдиқ шудааст, пас аз калимаи "дукарата" калимаҳои "(ба истиснои маҳсулоти кишоварзӣ)" илова карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 январи соли 2017 № 44

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2007 года, №352

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Абзац первый пункта 3 Правил взимания, формирования и использования таможенных сборов, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2007 года, №352 "Об утверждении Правил взимания, формирования и использования таможенных сборов" после слов "в двойном размере" дополнить словами "(за исключением сельскохозяйственной продукции)".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 25 января 2017 года, № 44