Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи аз эътибор соқит донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998, № 69
Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998, № 69 "Дар бораи ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
2. Шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998, № 69 тасдиқ гашта, то мавриди амал қарор додани қарори мазкур дода шудаанд, то ба итмом расидани муҳлати эътибори он, мавриди истифода қарор дода шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 январи соли 2017 № 43
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О признании утратившим силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 26 февраля 1998 года, №69
В соответствии со статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 февраля 1998 года, №69 "О вводе заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан".
2. Дипломатические, служебные и общегражданские заграничные паспорта граждан Республики Таджикистан, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 февраля 1998 года, №69, выданные до времени вступления в силу данного постановления, действуют до окончания их срока действия.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 25 января 2017 года, № 43