Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 июни соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 558 "г"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 июни соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 558 "г"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Дастурамали № 215 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо"
аз "13 "апрели соли 2016 № 50 ш. Душанбе
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1. Дастурамали № 215 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, №153 оид ба тасдиқи Дастурамали №177 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо", аз 3 июни соли 2014, №107 оид ба ворид намудани илова ба Дастурамали №177 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо", аз 25 июни соли 2015, №116 дар бораи тасдиқ кардани тағйиротҳо ба Дастурамали №177 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сентябри соли 2011, №558 "а", 30 июни cоли 2014, №558 "б" ва 4 августи cоли 2015, №558 "в" ба қайд гирифта шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.
4. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот ва тарҷума вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С. С. гузошта шавад.
...