ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистои бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм ва терроризм фармон медиҳам:
1. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:
- ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои дар Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 пешбинишуда нақшаҳои дохилиидоравӣ таҳия ва тасдиқ намуда, ҷиҳати дарки моҳият ва мақсади ҳуҷҷати барномавии мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд;
- оид ба иҷрои Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 15 январи ҳар сол ахбор пешниҳод намоянд;
- вазорату идораҳое, ки дар Нақшаи амалҳо ҳамчун иҷрокунандаи аввал нишон дода шудаанд, ҳангоми зарурат бо мақсади иҷрои сифатнок ва саривақтии чорабиниҳо гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ташкил намоянд.
4. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷамъбасти ҳолати иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 на дертар аз 15 феврали ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
12 ноябри соли 2016 № 776