Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда аз 26 ноябри соли 2016 № 505

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2021 № 267 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "26" ноябри соли 2016, № 505

ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ РИСОЛАҲОИ ИЛМИИ ҲИМОЯШУДА

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2015, № 504 тасдиқ шудааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

2. Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Маркази патентӣ) бақайдгирии давлатӣ, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории рисолаҳои илмии номзадӣ, докторӣ ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисосро, ки аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он дар соҳаҳои гуногуни илм ҳимоя шудаанд, амалӣ менамояд.

3. Нусхаи рисолаҳои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда (ҳамчунин, як нусха автореферат) ба Маркази патентӣ бо мақсади ташаккули захираи иттилооти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси Фонди миллии рисолаҳои илмӣ пешниҳод карда мешаванд.

4. Маркази патентӣ мақоми ваколатдори давлатии ҷустуҷӯие мебошад, ки таъмини иттилоотии раванди таҳияи мавзӯи кори илмиро амалӣ менамояд. Унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмӣтаҳқиқотӣ, илмӣ-истеҳсолӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли тобеият (моликият) барои таҳия ва тасдиқи мавзӯи кори илмӣ, бояд ҳатман ҷиҳати асосноксозии навгонии рисола ҷустуҷӯи мавзӯӣ гузаронанд.

5. Тартиби барасмиятдарории варақаи баҳисобгирии рисоларо Маркази патентӣ муайян мекунад. Маркази патентӣ Фонди миллии рисолахои илмӣ ва инчунин, махзани маълумоти автоматикунонидашударо, ки дар онҳо маълумот оид ба рисолаҳои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда нигоҳдорӣ мешаванд, ташкил менамояд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва ҳисоботӣ тибқи Тартиби мазкур пешбинигардида ба Маркази патентӣ ба таври ройгон вогузор карда мешавад. Омодасозии варақаи баҳисобгирии рисолаи илмӣ (ВБР) аз тарафи Маркази патентӣ ба таври мутамарказамалӣ мегардад.

6. Намунаи муқарраргардидаи варақаи баҳисобгирии рисола (замимаҳои 1 ва 2) ҳуҷҷати иттилоотӣ буда, бо забони тоҷикӣ ва бо забони русӣ барои таъмини ташкили мубодилаи байнидавлатии иттилоот оид ба рисолҳои илмии ҳимояшуда пур карда мешавад.

2. ПЕШНИҲОДИ РИСОЛАИ ИЛМӢ БА МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТ"-И ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7. Масъулияти пешниҳоди корҳои рисолаи илмӣ ба Фонди миллии рисолаҳои илмӣ ба уҳдаи муассисаҳое, ки дар сохтори онҳо шӯроҳои диссертатсионӣ таъсис ва фаъолият менамоянд, вогузор мешавад.

8. Ҳангоми ҳимояи рисолаи илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯрои диссертатсионие, ки дар он рисолаи илмӣ ҳимоя шудааст, дар муҳлати 30 рӯз баъд аз санаи ҳимоя, ирсоли як нусхаи муқовабандинашудаи рисолаи илмӣ якҷоя бо автореферат ва нусхаи электронии рисолаи илмиро дар диски оптикии СD инчунин, ду нусхаи пуркардашудаи варақаи баҳисобгирии рисолаи илмиро ба Маркази патентӣ таъмин менамояд.

9. Ҳангоми аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ пешниҳоди рисолаи илмӣ ба Маркази патентӣ ба уҳдаи ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони дараҷаи илмигирифта фаъолият менамоянд, инчунин, ба уҳдаи Комиссияи олии аттестасионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нострификасия ва аз нав аттестатсия шудани онҳо вогузор карда мешавад.

10. Бо мақсади интишор, тарғиб ва истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ варақаи баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ мувофиқи Таснифи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣтехникӣ (Замимаҳои 4 ва 5) пур карда шуда, ба Маркази патентӣ вогузор мешаванд.

11. Талаботи барасмиятдарории варақаи баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникиро Маркази патентӣ муайян менамояд.

12. Ҳар як рисолаи илмӣ дар дохили ҷузваи сарбастаи бандакдор бо мактуби ҳамроҳии аз тарафи раиси шӯрои диссертатсионӣ ё котиби шӯрои диссертатсионӣ имзогардида ба Маркази патентӣ ирсол карда мешавад.

13. Маркази патентӣ дар муҳлати 10 рӯзи баъди қабули ҳуҷҷатҳо як нусхаи варақаи баҳисобгирии рисолаи илмии ба қайди давлатӣ гирифташударо ҳамроҳ бо маълумотномаи расмӣ оид ба таҳвили диссертатсия ба Маркази патентӣ ба шӯрои диссертатсионӣ бармегардонад.

14. Бо мақсади баҳисобгирӣ ва назорати ҷараёни пешниҳоди рисолаҳои илмӣ ба фонди миллии рисолаҳои илмӣ, Маркази патентӣ ҳуқуқ дорад маълумотро оид ба теъдод ва мавзӯи диссертатсияи ҳимояшуда ва ё радшуда талаб намояд. Ҳангоми ошкор гардидани камбудиҳо дар ҷараёни муқоисаи миқдорӣ ва сифатии корҳои ба Маркази патентӣ пешниҳодшуда маркази мазкур ҳуқуқ дорад ба муассисае, ки дар он ҷо диссертатсия ҳимоя шудааст, барои андешидани чораҳои зарурӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳо дархост пешниҳод намояд.

15. Бо мақсади ҷуброни хароҷоти Маркази патентӣ вобаста ба таҳия ва нашри маводи иттилоотӣ дар бораи рисолаҳои илмии ҳимояшуда, инчунин, ташаккул ва пешбурди фонд ва махзани маълумот мутобиқи тарифҳои тасдиқшуда маблағ ситонида мешавад.

3. ТАЛАБОТИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ

16. Диссертатсия тибқи муқаррароти Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) таҳия карда мешавад.

17. Ҳуҷҷатҳои нодуруст барасмиятдаровардашуда дар муддати 15 рӯзи баъд аз дарёфти онҳо барои ислоҳ бо зикри сабаби баргардонидан ба шӯрои диссертатсионӣ баргардонида мешаванд. Шӯрои диссертатсионӣ дар муҳлати 10 рӯзи баъд аз ворид намудани ислоҳоти зарурӣ маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба Маркази патентӣ бармегардонад.

4. ШАРТҲОИ ИНТИШОРИ НУСХАҲОИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ

18. Маркази патентӣ дар асоси фонди ташаккулёбанда ва махзани маълумоти мавҷуда ба таҳия ва нашри маводи иттилоотӣ иқдом мекунад.

19. Маркази патентӣ тибқи дархости муассисаҳо (давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва ғайра) хизматрасониҳои иттилоотиро роҳандозӣ менамояд ва нусхаи рисолаҳои илмии дар фонд мавҷудбударо тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд.

5. ТАЛАБОТИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ВАРАқАИ БАҳИСОБГИРИИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ

20. Варақаи баҳисобгирии рисолаҳои илмӣ (минбаъд - ВБР) ҳуҷҷати электронии иттилоотӣ буда, барои баҳисобгирии маълумот дар бораи рисолаҳои илмии номзадӣ, докторӣ ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос тартиб дода мешавад. Барои таҳияи ВБР варақае, ки аз коғази сахти андозааш А4 (210 x 297 мм) сохта шудааст, истифода бурда мешавад.

21. ВБР аз тарафи муаллифи рисолаи илмӣ пур карда шуда, онро котиби илмӣ ё раиси шӯрои диссертатсионие, ки дар он ҳимоя баргузор шудааст, тасдиқ мекунад.

22. Ба Маркази патентӣ ду нусха ВБР бо забони тоҷикӣ ва ду нусха бо забони русӣ барои амалисозии мубодилаи байнидавлатӣ иттилооти илмию техникӣ пешниҳод мегардад.

23. ВБР ба қисмҳо тақсим карда шуда, дар онҳо ишораҳои рақамӣ, яъне рамзҳо барои ташаккул додани махзани маълумоти автоматикунонидашуда дода мешаванд. Ҳар як қисм аз минтақаҳои реквизитӣ иборат аст, ки дар онҳо барои рамзи реквизит, инчунин, барои сабти маънои реквизит катакҳо ҷой дода шудааст. Рамзи катаки маънои реквизит (дар оянда - рамзи катак) бо ранги сиёҳ иҳота карда мешавад, матн дар катаки реквизит бо мошинкаи чопӣ навишта мешавад. Ҳарфҳо бояд пурра, равшан ва ба андозаи на камтар аз 2,5 мм бошанд.

24. Ҳангоми пур кардани ВБР диққати махсусро ба катаки "Реферат" додан зарур аст. Матни реферат бо 1,5 мм фосилаи байни сатрӣ чоп карда мешавад. Пур кардани ҳамаи катакҳои ВБР (ғайр аз онҳое, ки махсус ишора шудаанд) ҳатмист.

25. Реферат бояд мазмуни кор ва натиҷаҳои бадастовардашударо ба таври мухтасар тавсиф намояд. Маводи реферат бояд тибқи қоидаҳои дар поён овардашуда баён гардида, ҳар як қисми таркибӣ матни пайдарпайро ташкил диҳад. Пур намудани фаслҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

- объекти таҳқиқот, коркард ё лоиҳакашӣ;

- мақсади кор;

- усули таҳқиқот ва таҷҳизот;

- натиҷаҳои бадастомада ва навгонии онҳо (натиҷаҳои асосии кор алоҳида қайд карда мешаванд);

- сатҳи татбиқи он;

- самаранокӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ғайра);

- соҳаи истифода;

- нишондиҳандаҳои асосии бунёдӣ ва техникию иқтисодӣ.

26. Ҳангоми пуркунӣ ба ВБР маълумоти зерин дохил карда мешаванд:

- 5013 - варақаи баҳисобгирии рисолаи илмӣ. Дар катаки мувофиқи реквизит дар ҳолатҳои зерин аломати "+" гузошта мешавад:

- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии рисолаи илмии номзадӣ дар катаки 04;

- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии рисолаи илмии докторӣ дар катаки 05;

- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии рисолаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз руйи ихтисос дар катаки 06;

- 5418 - рақами содиротӣ, сана. Рамзи содиротии номаи ҳамроҳ, ки шӯрои диссертатсионӣ ва ё ташкилоте, ки шӯро дар он амал мекунад, ба қайд гирифтааст ва дар зери он таърихи ба Маркази патентӣ фиристонидани ҳуҷҷатҳои рисолаи илмӣ гузошта мешавад;

- 5436 - рақами инвентарӣ. Онро Маркази патентӣ пур мекунад. Дар катаки реквизит рақами инвентарии парвандаҳое, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои рисолаи илмии пешниҳодшударо дар бар гирифта, ба фонд қабул шудааст, гузошта мешавад;

- 5715 - забони рисолаи илмӣ. Забоне номбар карда мешавад, ки рисолаи илмии пешниҳодшаванда навишта шудааст;

- 5409 - санаи рӯзи ҳимоя. Санаи рӯзи ҳимояи рисолаи илмӣ дар шӯрои диссертатсионӣ гузошта мешавад. Сана бо рақам ва бо қоидаҳои зерин навишта мешавад: сол, моҳ, таърихи рӯз. Чунончи: 13.05.10 - 10 майи соли 2013;

- 6444 - рамзи ихтисоси илмӣ. Рамзи ихтисоси илмӣ, ки аз рӯйи он рисолаи илмӣ мувофиқи Рӯйхати амалкунандаи ихтисосҳои кормандони илмӣ ҳимояшудааст;

- 9045 - мавзӯи рисолаи илмӣ;

- 7425 - катаки реквизит "Барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ". Номи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва соҳаи илм, ки аз рӯйи он дараҷаҳои илмӣ дода мешавад. Номи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва соҳаи илм мутобиқи Номгӯи соҳаҳои илм дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор), ихтисороти онҳо, ки дар Замимаи 3 нишон дода шудааст, оварда мешавад;

- 6147- насаб, ном, номи падари унвонҷӯ. Насаб, ном, номи падари унвонҷӯ бо тартиби нишондодашуда навишта мешавад. Насабро бояд аз ном ва номи падар бо хати амудӣ ҷудо намуд;

роҳбари илмӣ. Маълумот дар бораи роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ) ва ташкилоте, ки дар он ҷо кор мекунад, дар катакҳои реквизитҳо ишора карда мешавад;

- 6156, 6165 - маълумот дар бораи роҳбарони илмӣ ва муқарризони расмӣ насаб, ном, номи падарашон пурра навишта мешавад;

- 6255, 4662 - номгӯи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) мутобиқи номгӯи дар Замимаи 3 овардашуда;

- 6453, 4626 - рамзи ихтисоси илмӣ мутобиқи "Рӯйхати ихтисосҳои кормандони илмӣ";

- 5739 - Миқдори ҷилдҳо. Бо рақамҳои арабиасос миқдори умумии ҷилдҳои рисолаи илмие, ки ба Маркази патентӣ пешниҳод карда мешавад, нишон дода мешавад;

- 5742 - миқдори умумии саҳифаҳо. Бо рақамҳои арабӣ миқдори умумии саҳифаҳои рисолаи илмӣ нишон дода мешавад. Ҳангоми ба Маркази патентӣ пешниҳод намудани якчанд ҷилди рисолаи илмӣ дар катаки 5742 мутаносибан рақами ҷилдҳо ва миқдори саҳифаҳои ҳар як ҷилд гузошта мешаванд;

- 5751, 5472, 5787, 5778, 5760 - бо рақамҳои арабӣ ишора карда мешавад:

- миқдори умумии замимаҳо дар рисолаи илмӣ;

- миқдори патентҳое, ки ҳангоми иҷрои рисолаи илмӣ дарёфт шудаанд;

- миқдори сарчашмаҳои барои омодасозии рисолаи илмӣ истифодашуда;

- миқдори маводи чопшуда (монографияҳо, китобҳои дарсӣ, мақолаҳо, иттилооти шарҳӣ, тезиси маърӯзаҳо, патентҳо, дастнависҳои бойгонишуда ва ғайра);

- 2034 - маълумот дар бораи ташкилоте, ки дар шӯрои диссертатсионии он ҳимояи рисолаи илмӣ сурат гирифтааст;

- 7452, 2457, 2934, 2394, 3033, 2754, 2151, 2655 - мутобиқи номи катаки реквизитҳо пур карда мешаванд;

- 2088 - маълумот дар бораи ташкилоте, ки унвонҷӯй дар он кор мекунад;

- 2457, 2934, 2394, 3033, 2754, 2151 - мутобиқи номи катакҳое, ки дар варақа нишон дода шудааст, пур карда мешаванд;

- 5634 - шохисҳои таснифи универсалии даҳӣ. Шохисҳое, ки аз рӯи таснифи универсалии даҳӣ нишон дода мешаванд. Барои рисолаҳо илмие, ки дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ иҷро карда шудаанд, дар катаки реквизит "Илмҳои ҷамъиятшиносӣ" қайд карда мешавад;

- 2151 - номи ташкилот (пурра ва кӯтоҳшуда);

- 2682 - нишонии ташкилот (шохис, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, кӯча, хона);

- 9108 - реферат. Муҳтавои асосии натиҷаҳои таҳқиқоти бадастомада, ки дар рисолаи илмӣ баён карда шудааст, ба таври мухтасар қайд карда мешавад. Дар катаки "Реферат" бо сархатҳои алоҳида инҳо ишора карда мешаванд:

- 9117 - объекти таҳқиқот ва ё коркард;

- 9126 - мақсади кор;

- 9144 - усулҳои таҳқиқот ва таҷҳизот;

- 9153 - натиҷаҳои бадастомада ва навгонии онҳо (натиҷаҳои асосии корҳо алоҳида номбар карда мешаванд);

- 9180 - соҳаи истифода;

- 9162 - сатҳи татбиқ;

- 9188 - нишондиҳандаҳои асосии бунёдӣ ва техникию иқтисодӣ;

- 9171 - самаранокӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ғайра). Пур кардани катакҳои реферат аз рӯйи сохтор ҳатмист;

- 5436 - катакҳои реквизитро Маркази патентӣ пур мекунад;

- 6111, 6264, 6311, 6320, 6210, 6462 - маълумот дар бораи роҳбари ташкилот ва раиси шӯрои диссертатсионӣ (насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ);

- имзои роҳбар ва раиси шӯрои диссертатсионӣ бо муҳри ташкилоту шӯрое, ки дар он ҳимоя баргузор гардидааст, тасдиқ карда мешавад;

- 5616 - рамзи рубрикаҳои мавзӯӣ (Маркази патентӣ пур мекунад);

- 7334 - санаи бақайдгирӣ;

- 7506 - рақами воридотӣ (Маркази патентӣ пур мекунад);

- 5643 - ҷадвали намунаи ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳо. Вожаҳои калидие, ки муҳтавои корҳоро бо мақсади ташкили ҷустуҷӯ дар бастаи ҳуҷҷатҳо инъикос мекунад, навишта мешаванд.

6. ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРТИБ ДОДАНИ ВАРАҚАИ БАҲИСОБГИРИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

27. Варақаи баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ (минбаъд - ВБ НФИТ) ҳуҷҷати иттилоотӣ буда, барои баҳисобгирии маълумот дар бораи натиҷаҳои бадастомада тартиб дода мешавад. Барои ВБ НФИТ варақае, ки аз коғази сахти андозааш А4 (210 x 297 мм) сохта шудааст, истифода бурда мешавад.

28. ВБ НФИТ аз тарафи рисоланавис пур карда шуда, онро роҳбари ташкилоте, ки рисоланавис дар он ҷо фаъолият дорад, тасдиқ мекунад.

29. ВБ НФИТ ба бандҳо тақсим карда шуда, ба онҳо ишораҳои рақамӣ, яъне рамзҳо барои ташаккул додани махзани маълумоти автоматикунонидашуда дода шудаанд. Дар ҳар як банд аз минтақаҳои реквизитӣ ҷудо шудааст, ки дар онҳо барои рамзи реквизит, инчунин, барои сабти маънои реквизит катакҳо ҷой дода шудааст. Рамзи катаки маънои реквизит (дар оянда рамзи катак) бо ранги сиёҳ иҳота карда мешавад, матн дар катаки реквизит бо таври чопӣ навишта мешавад. Ҳарфҳо бояд пурра, равшан ва дар андозаи на камтар аз 2,5 мм бошанд. Матн бояд бо 1,5 мм фосилаи байни сатрӣ чоп шавад. Пур кардани ҳамаи катакҳои ВБ НФИИТ (ғайр аз ишораҳои махсус) ҳатмист.

7. ТАРТИБИ ПУР НАМУДАНИ ВАРАҚАИ БАҲИСОБГИРИИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

Тартиби пур намудани варақаи баҳисобгирии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмӣ - техникӣ инҳоро дар бар мегирад;

- 01 - рақами баҳисобгирӣ. Онро Маркази патентӣ пур мекунад;

- 02 - рамзи БДИИТ. Онро Маркази патентӣ пур мекунад;

- 03 - номи мавзӯи кори илмӣ-таҳқиқотӣ, ки дар доираи он натиҷаи мазкур ба даст омадааст (рақами баҳисобгирии рисолаи илмӣ ба таври илова нишон дода мешавад);

- 04 - ташкилот (ҳо)-иҷрокунандагони КИТ (ном ва нишонии он);

- 05 - баёни мухтасари натиҷаи бадастомада (натиҷаи бадастомада мухтасар ва дақиқ баён карда мешавад);

- 06 - соҳаи истифода (доираи фаъолияти инсонӣ, соҳаҳои иқтисод ва техникие, ки дар онҳо захираи имконпазири истифодаи натиҷа мавҷуд аст, нишон дода мешавад);

- 07 - тавсифи мухтасари натиҷа (муаррифии баёни моҳияти расмии натиҷа, ки имкони ҳаммонандкунии онро медиҳад);

- 08 - асолат (хусусиятҳои фарқкунандаи натиҷа, навгонӣ ва афзалияти он нишон дода мешавад;

- 09 - сатҳи илмӣ-техникӣ (хусусиятҳои техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии натиҷа нишон дода шуда, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ оварда мешаванд);

- 10 - сатҳи омодагӣ барои истифода (шакли пешниҳоди натиҷа нишон дода мешавад: хулосаҳои назариявӣ, ҳуҷҷатгузориҳои дастурӣ ё техникӣ, намунаи озмоишӣ, намунаи саноатӣ, маҳсулоти силсилавӣ);

- 11 - маълумот дар бораи санҷиши расман тасдиқшуда (макон, санаи санҷиши натиҷа ва номи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар ҳолати мавҷуд будани он нишон дода мешавад);

- 12 - ҳолати ҳифозати моликияти зеҳнӣ (ном ва рақами патент, нахустпатент, шаҳодатнома нишон дода мешавад);

- 13 - муаллифони НФИТ (насаб, ном, номи падари иҷрокунанда (гон)-и бевоситае, ки бо меҳнати он(ҳо) натиҷаи мазкур ба даст омадааст, нишон дода мешавад);

- 14 - санаи пуркунии НФИТ нишон дода шавад;

- 15 - насаб, ном, номи падар ва имзои роҳбар;

- 16 - муҳри ташкилот.

Замимаҳои 1-5