Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 № 504 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" бо мақсади рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи маориф пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, сарпарастон ва ҷалби грантҳо ҷиҳати амалигардонии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, молия, Кумитаи давлатии сардмоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини маблағгузории пурраи Барномаи мазкур барои дарёфти маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳои молиявӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузории ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бахши хусусӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои алоҳида, новобаста аз шакли моликияташон, чорабиниҳои дахлдорро ба роҳ монанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 26 ноябри соли 2016 № 504

ш. Душанбе