Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016 № 1373 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 октябри соли 2016 № 566

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 ноябри соли 2016 № 307

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод. 456; с.2014, №3, мод. 151; с. 2015, №11, мод.976) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи 8 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- аз ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бораи молик-бенефитсиарон (манфиатгирон) маълумот гирад;".

3. Ба моддаи 12 қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8. Дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок пеш мебарад, бояд дар бораи соҳибони бастаи калони саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушода, ки шахсияти моликони коғазҳои қиматнокро ошкор менамояд, маълумот дарҷ гардад. Маълумот дар бораи моликони коғазҳои қиматнок бо дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешниҳод карда мешавад.".

4. Ба қисми 15 моддаи 42 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 ноябри соли 2016 № 1373

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

 

Муовини якуми

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         А. АЗИЗӢ

 

 

ш. Душанбе, 22 майи соли 2019, № 1343