Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 № 1620 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 майи соли 2019, № 1343

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 674

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, мод. 890; с. 2015, №3, мод. 210, № 11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, № 3, мод. 150, № 11, мод. 883; с. 2017, № 1-2, мод. 21, № 5, қ. 1, мод. 280; с. 2018, № 2, мод. 66, 67, № 7-8, мод. 529; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019, № 1599), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати ҳабдаҳуми қисми 4 моддаи 169 калимаҳои "соҳаи парандапарварӣ" ва "корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи" мувофиқан ба калимаҳои "соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ" ва "субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли" иваз карда шаванд.

2. Дар номи боби 47(1) калимаҳои "КОРХОНАҲОИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ВА КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ" ба калимаҳои "ФАЪОЛИЯТИ ПАРАНДАПАРВАРӢ, МОҲИПАРВАРӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 313(1):

- дар номи модда калимаҳои "корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи" ба калимаҳои "фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли" иваз карда шаванд;

- дар қисми 1 калимаҳои "Корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи" ба калимаҳои "Субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли" иваз карда шуда, қавсайн ва калимаҳои "(минбаъдкорхонаҳо)" хориҷ карда шаванд;

- аз қисми 2 калимаҳои "аз ҷониби чунин корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда" хориҷ карда шаванд;

- дар қисмҳои 3 ва 4 калимаи "корхонаҳои" ба калимаи "фаъолияти" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1620

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 22 мая 2019 года, №1343

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июня 2019 года, №674

Статья 1. Внести в Налоговый кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 17 сентября 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №9, ст. 838; 2013 г., №12, ст. 889, ст. 890; 2015 г., №3, ст. 210, №11, ст. 965, ст. 966; 2016 г., №3, ст. 150, №11, ст. 883; 2017 г., №1-2, ст. 21, №5, ч. 1, ст. 280; 2018 г., №2, ст. 66, 67, № 7-8 ст. 529; Закон Республики Таджикистан от 4 апреля 2019 г., №1599), следующие изменения:

1. В пункте семнадцатом части 4 статьи 169 слова "сферы птицеводства" и "птицеводческих предприятий и предприятий по производству" соответственно заменить словами "сферы птицеводства, рыбоводства" и "хозяйствующих субъектов в сфере птицеводства, рыбоводства и производства".

2. В названии главы 47(1) слова "ПТИЦЕВОДЧЕСКИХ ПРЕДПРИЯТИЙ, ПРЕДПРИЯТИЙ ПО ПРОИЗВОДСТВУ" заменить словами "ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ПО ПТИЦЕВОДСТВУ, РЫБОВОДСТВУ И ПРОИЗВОДСТВУ".

3. В статье 313(1):

- в названии статьи слова "птицеводческих предприятий, предприятий по производству" заменить словами "деятельности по птицеводству, рыбоводству и производству";

- в части 1 слова "Птицеводческие предприятия и предприятия, занятые производством" заменить словами "Хозяйствующие субъекты в сфере птицеводства, рыбоводства и производства", скобки и слова "(далее-предприятия)," исключить;

- из части 2 слова "такими предприятиями, налогооблагаемыми в соответствии с настоящей главой," исключить;

- в частях 3 и 4 слова "предприятий, налогооблагаемых" заменить словами "деятельности, налогооблагаемой".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 20 июня 2019 года, №1620