Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 № 456 "Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалисозии Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи тандурустӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин намуда, ҳар семоҳа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои он маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷараёни татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 октябри соли 2016 № 456

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Национальной программе иммунопрофилактики в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Национальную программу иммунопрофилактики в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы и План мероприятий по реализации Национальной программы иммунопрофилактики в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы (прилагаются).

2. Руководителям министерств и ведомств, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения обеспечить реализацию Национальной программы иммунопрофилактики в Республике Таджикистан на 2016-2020 годы в рамках ежегодно предусматриваемых в государственном бюджете средств для здравоохранения и ежеквартально предоставлять информацию о ходе её выполнения Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно представлять информацию о ходе выполнения Программы в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 28 октября 2016 года, № 456