Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи тухмипарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳри таҳкими амнияти озуқаворӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2020 пешбинигардида ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ҳар сол маблағ ҷудо намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалигардонии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тадбирҳоп зарурӣ андешида, ҳар сол то 10 феврал аз корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 октябри соли 2016 № 438
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития отрасли семеноводства в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и в целях дальнейшего развития отрасли семеноводства, увеличения производства сельскохозяйственной продукции для укрепления продовольственной безопасности, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу развития отрасли семеноводства в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы и План мероприятий по ее реализации (прилагаются).
2. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в рамках средств, предусмотренных в государственном бюджете на 2016 - 2020 годы, ежегодно выделять Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан средства для развития отрасли семеноводства и принять конкретные меры по привлечению местных и зарубежных инвестиций для выполнения указанной Программы.
3. Соответствующим министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять необходимые меры для реализации Программы развития отрасли семеноводства в Республике Таджикистан на 2016 - 2020 годы и ежегодно до 10 февраля представлять информацию о проделанной работе в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 октября 2016 год, № 436