Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016 № 416 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437 "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 2 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Аз 1 январи соли 2016 механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак, ноҳияҳои Балҷувон, Мӯъминобод, Панҷ, Фархор, Ховалинг, Ёвон ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Файзобод, Сангвор, Лахш ва шаҳри Ҳисор идома дода шуда, аз 1 октябри соли 2016 механизми мазкур дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷ ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияҳои Зафарободу Шаҳристони вилояти Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Сарбанд, ноҳияҳои Темурмалик, Шаҳритуз ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Нуробод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ҷорӣ карда шавад.";

- дар тамоми матни қарор ва Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат калимаҳои "кумаки унвонии иҷтимоӣ", "кумаки унвонии иҷтимоиро", "кумаки унвонии иҷтимоие" ва "кумаки унвонии иҷтимоии" мутаносибан ба калимаҳои "кумакпулии иҷтимоии унвонӣ", "кумакпулии унвонии иҷтимоиро", "кумакпулии унвонии иҷтимоие" ва "кумакпулии унвонии иҷтимоии" иваз карда шаванд;

- дар банди 5 рақами "2" ба рақами "3" иваз карда шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳон молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Методикаи муайян намудани камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимони унвонӣ таҳия ва тасдиқ намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷоти марбут ба татбиқи қарори мазкурро дар доираи буҷети таҷдиди назаршаванда таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2016 № 416

ш.Душанбе