Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи шаҳодатномаи гуреза
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи шаҳодатномаи гуреза тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Низомномаи мазкур мутобиқ намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, № 324 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи шаҳодатномаи гуреза" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 сентябри соли 2016 № 389
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Положении об удостоверении беженца
В соответствии со статьей 21 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение об удостоверении беженца (прилагается).
2. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим Положением.
3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 июля 2000 года, №324 "Об утверждении Положения об удостоверении беженца".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 26 сентября 2016 года, № 389