Низомномаи шаҳодатномаи гуреза аз 26 сентябри соли 2016 № 389

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 сентябри соли 2016, № 389

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 сентябри соли 2016, № 389

тасдиқ шудааст

Низомномаи шаҳодатномаи гуреза

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи шаҳодатномаи гуреза (минбаъд - Низомнома) санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби додан, иваз намудан, супоридан, тамдид додан, нобуд сохтан, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба гирифтан ва истифодаи шаҳодатномаи гуреза вобаста аст, ба танзим дароварда, намунаи онро муқаррар менамояд.

2. Шаҳодатномаи гуреза (минбаъд - шаҳодатнома) ҳуҷҷати намунааш муқарраргардидаест, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳҷӯяндаи минбаъд гуреза донисташударо тасдиқ менамояд (замима мегардад).

3. Асоси ҳуқуқии Низомномаи мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил медиҳад.

2. Тартиби додани шаҳодатномаи гуреза

4. Ба шахсони гуреза донисташуда додани шаҳодатнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

5. Шаҳодатнома ба шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрванде, ки гуреза дониста шуда, синнаш ба 18 расидааст, дода мешавад.

6. Маълумот дар бораи аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва ё бешаҳрванди гуреза донисташуда, ки синнаш ба 18-солагӣ нарасидааст, дар шаҳодатномаи яке аз волидайн ва дар сурати набудани падару модар ба шаҳодатномаи намояндаи қонунии онҳо ё дар шаҳодатномаи яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба синни 18-солагӣ расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоқу тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба 18 нарасидаро ба зиммаи худ гирифтааст, сабт карда мешавад.

7. Шаҳодатнома дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ, аз рӯзи қабули қарор оид ба эътирофи шахс ҳамчун гуреза ба расмият дароварда мешавад.

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 26 сентября 2016 года, № 389

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 26 сентября 2016 года, № 389

Положение об удостоверении беженца

1. Общие положения

1. Положение об удостоверении беженца (далее - Положение) это нормативный правовой акт, регулирующий порядок выдачи, замены, сдачи, продления, уничтожения, а также права и обязанности, другие вопросы, связанные с получением и использованием удостоверения беженца и устанавливает его образец.

2. Удостоверение беженца (далее - удостоверение) документ установленного образца, который в соответствии с предусмотренным законодательством Республики Таджикистан порядке подтверждает личность лиц, ищущих убежище в Республике Таджикистан и в дальнейшем признающихся в качестве беженцев (прилагается).

3. Правовую основу настоящего Положения составляет Конституция Республики Таджикистан, Закон Республики Таджикистан "О беженцах", другие нормативные правовые акты Республики Таджикистана, а также международные нормативные правовые акты, признанные Республикой Таджикистан.

2. Порядок выдачи удостоверения беженца

4. Лицам, признанными беженцами выдача удостоверения беженца на территории Республики Таджикистан осуществляется Паспортно-регистрационной службой Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.

5. Удостоверение выдается иностранному гражданину или лицу без гражданства, признанному беженцем, достигшему 18-летнего возраста.

6. Информация о членах семьи иностранного гражданина или лица без гражданства, признанного беженцем, не достигшего 18-летнего возраста, регистрируется в удостоверении одного из родителей, а в случаях отсутствия родителей в удостоверении их законного представителя или одного из членов семьи, достигшего 18-летноего возраста и добровольно взявшего на себя ответственность за воспитание и содержание члена семьи, не достигшего 18-летнего возраста.

7. Удостоверение оформляется в течение не более 10 рабочих дней со дня принятия решения о признании лица беженцем.

...