Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 № 378 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 502"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 502

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 502 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи фаъолияти брокерию-дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- номи қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дар бораи Тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ ва дилери дар бозори коғазҳои қиматнок";

- дар муқаддимаи қарор калимаи "Ҷиҳати" ба калимаҳои "Мутобиқи моддаҳои 38 ва 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок" ва ҷиҳати" иваз карда шаванд;

- дар матни қарор калимаҳои "Низомномаи замимагардидаи фаъолияти брокерию-дилерӣ" ба калимаҳои "Тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ" иваз карда шуда, пас аз калимаи "шавад" калимаҳои "(замима мегардад)" илова карда шаванд.

2. Ба Низомномаи фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 502 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- номи Низомнома дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматиок";

- дар тамоми матни Низомнома калимаи "қоғазҳои" ба калимаи "коғазҳои" иваз карда шавад;

- дар бандҳои 1 ва 5 калимаҳои "Ҳамин Низомнома" ва "низомномаи" мутаносибаи ба калимаҳои "Тартиби мазкур" ва "Тартиби" иваз карда шаваид;

- дар бандҳои 2, 3, 4, 5, 8, 45, 69, 72, ва 73 калимаҳои "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Вазорати молия)", "Вазорати молия" ва "Вазорати молияро" мутаносибан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ", "мақоми ваколатдори давлатӣ" ва "мақоми ваколатдори давлатиро" иваз карда шаванд.

- дар банди 5:

- "сархати шашум хориҷ карда шавад;

- дар сархати ҳафтум паз аз калимаи "барои" калимаҳои "амалӣ намудани" илова карда шаванд;

- сархати ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ордери (дархости) муштарӣ - санаде, ки муштарӣ ба брокер ё дилер барои анҷом додани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок медиҳад.";

- дар бандм 7:

дар зербанди в) пас аз калимаҳои "иҷрои супоришҳои муштарӣ" калимаҳои "ва ордерҳои муштарӣ" илова карда шаванд;

- зербанди д) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"д) қабул накардани супоришҳо ва ордерҳои муштарӣ барои анҷом додани аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки муштарӣ, ки кафолати пардохти аҳдҳоро намедиҳанд.";

- дар банди 10 калимаҳои "дар Депозитарияи марказӣ" ба калимаҳои "дар Маҳфуздорандаи марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ" иваз карда шавамд;

- зербанди б) банди 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"б) супоришномаи муштарӣ ва ордери (дархости) муштарӣ;".

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 23 авгсти соли 2016 № 378

ш.Душанбе