Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 № 382 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади танзими гардиши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 9 қисми "Воридот"-и Номгӯи молҳое (кор ва хизматрасоние), ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 16 июли соли 2012, № З67 "Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, калимаи "муввақатӣ" ба калимаҳои "муваққатӣ, инчунин автомобилҳои зиреҳпӯш" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 50 Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикию нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ карда шудааст пас аз калимаҳои "мусофирбари муассисаҳо ва ширкатҳои автомобилии хориҷӣ" калимаҳои ", инчунин автомобилҳои зиреҳпуш" илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 23 августи соли 2016 № 382

ш. Душанбе