Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006, № 215
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳои хариду фуруш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006, № 215 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар зербанди "д" банди 2 рақамҳои "211" ва "226" мувофиқан ба рақамҳои "169" ва "183" иваз карда шаванд;
- дар банди 4:
- дар зербанди "а" баъд аз калимаҳои "аз руи шартномаҳо" калимаҳои "бо риояи талаботи банди 11 Қоидаҳои мазкур" илова карда шаванд;
- дар зербанди "в" калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақомоти дахлдори давлатӣ" иваз карда шавад;
- дар бандҳои 7, 13, 17, 18 ва 19 калимаҳои "Вазорати саноат" ба калимаҳои "Вазорати саноат ва технологияҳои нави" иваз карда шавад;
- ба банди 7 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳа оид ба рафти истеҳсол ва фуруши металлҳои қиматбаҳо нисбат ба ҳар як субъекти истихроҷкунанда маълумот пешниҳод менамояд.".
- ба банди 11 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Субъектҳои истеҳсол ва истихроҷкунанда ҳуқуқ доранд, ки танҳо пас аз пурра қонеъ гардонидани талаботи мақоми ваколатдои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба харидории металлҳои қиматбаҳо маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба дигар субъектҳои хоҷагӣ барои фуруш пешниҳод намоянд.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 23 августи соли 2016, № 380
ш. Душанбе