Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи шакл ва тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади таъмини шаффофияти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шакл ва тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои хоҷагидорро бо дафтари бақайдгирии санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита ва дигар сарчашмаҳо ройгон таъмин намояд.
3. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 169 "Дар бораи тасдиқи Шакл ва Қоидаҳои пешбурди Дафтари бақайдгирии санҷишҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва 3 апрели соли 2007, № 170 "Дар бораи тасдиқи шакли Дафтари бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳо ва тартиби нигоҳдории санадҳои санҷишии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 июли соли 2016 № 332
ш.Душанбе
Замимаи 1