Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз 27 июли соли 2016 № 331

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

" 27" июли соли 2016 № 331

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" таъмин менамояд.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Шӯро

3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо оид ба ҳамоҳангсозии ислоҳоти низоми санҷиш:

а) роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии ислоҳоти низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои баланд бардоштани самаранокии ҳифзи саломатии шаҳрвандон, бехатарии молу мулк, ҳифзи муҳити зист, амнияти ҷомеа ва кам кардани сарборӣ барои субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла таҳияи нақшаи амалӣ намудани ислоҳот ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани он, инчунин омода намудани ҳисоботи солона дар бораи гузаронидани ислоҳот, пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интишори он;

б) мусоидат ба таъсис ва таҳкими инфрасохтори маъмурие, ки барои таъмини амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳо оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор. зарур аст, аз ҷумла гузаронидани таҳлили мушкилоти ниҳодӣ (институтсионалӣ) дар мақомоти санҷишӣ ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба ҳалли онҳо;

в) ҳамоҳангсозии кор оид ба таъсиси маҳзани ягонаи маълумот дар бораи санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ, тасдиқ намудани нақшаи таъсис ва маблағгузории низоми ягонаи иттилоотии идоракунӣ барои мақомоти санҷишӣ.

4. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо оид ба татбиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор":

а) риоя ва иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор"-ро аз ҷониби мақомоти санҷишӣ таъмин намуда, аз субъектҳои хоҷагидор ва ассотсиатсияҳо оид ба масъалаҳои умумии марбут ба риоя ва иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ё оид ба ҳолатҳои мушаххаси мансуб ба масъалаҳои умумии иҷро шикоятҳоро қабул мекунад;

б) барои мақомоти санҷишӣ доир ба масъалаҳои машваратдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати таҳия ва татбиқи Номгӯи масъалаҳои назоратӣ ва таҷдиди назари он, бо дарназардошти тағйирот дар қонунгузорӣ дастурамалҳои методӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;

в) тавсияҳои методиро оид ба таҳияи меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавф ва истифодаи онҳо дар банақшагирии санҷишҳо таҳия ва тасдиқ менамояд;

г) меъёрҳои таҳиянамудаи мақомоти санҷиширо, ки мутобиқи онҳо дараҷаи хавф ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ баҳо дода мешавад, тасдиқ менамояд;

д) номгӯи масъалаҳои назоратии тасдиқнамудаи мақомоти санҷиширо маъқул медонад;

е) нақшаҳои санҷиши мақомоти санҷиширо бо мақсади роҳ надодан ба такроршавии санҷишҳо ҳамоҳанг месозад;

ё) нақшаҳои солонаи санҷиши мақомоти санҷишӣ ва тағйиру иловаҳои онҳоро маъқул медонад.

5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Шӯро оид ба амалӣ намудани мониторинг:

а) шунидани ҳисоботи нимсола ва солонаи мақомоти санҷишӣ;

б) нашри тавсияҳои методӣ оид ба иттилоот;

в) расонидани ёрии методӣ ба мақомоти санҷишӣ дар омода намудани ҳисоботи солона;

г) дар ҳолати зарурӣ аз ҷониби Шӯро ҳар сол то 1 апрел таҳия намудани арзёбии умумии ҳисоботи солонаи мақомоти санҷишии дарбаргирандаи тавсияҳои дорои хусусияти умумӣ ва мушаххас;

д) аз ҷониби Шӯро мутобиқи меъёрҳои дар қисми 1 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" пешбинигардида ба вазорату идораҳо додани машварат оид ба арзёбии фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва ё арзёбии фаъолияти мақомоти санҷишӣ.

6. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо оид ба танзими ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳо:

а) мувофиқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи санҷиш ва фаъолияти мақомоти санҷишӣ;

б) пешниҳоди тавсияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарурати барҳам додани мақомоти санҷишӣ ва таҷдиди назар намудани мавзӯъҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор.

7. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Шӯро оид ба таъмини шаффофият, ҳамкорӣ ва машваратдиҳӣ ба шахсони манфиатдор:

а) таъмини дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба иттилоот дар бораи санҷишҳо ва фаъолияти;

б) таҳияи дастурҳои методӣ барои мақомоти санҷишӣ ҷиҳати таъмини нашр ва мувофиқаи иттилоот оид ба расмиёти гузаронидани санҷиш, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти санҷишӣ;

в) ҳар сол гузаронидани пурсиши афкори ҷомеа, таҳқиқот ва намудҳои дигари пурсиши нишондиҳандаи дарку баҳодиҳии иттиҳодҳои соҳибкорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба арзёбии фаъолияти мақомоти санҷишӣ;

г) гузаронидани машварат бо иттиҳодҳои соҳибкорон ва шахсони дигари манфиатдор оид ба ташаббусҳои асосии танзимкунандае, ки ба иттиҳодҳои соҳибкорон таъсир мерасонанд;

д) таъсис додани гурӯҳи машваратии иборат аз шахсони манфиатдор (иттиҳодия ва ассотсиатсияҳои соҳибкорону сармоягузорон, истеъмолгарон, намояндагони муассисаҳои тахсилоти олӣ).

8. Амалӣ намудани ваколатҳои дигар:

а) аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, инчунин субъектҳои хоҷагидор дархост намудани иттилооти зарурӣ;

б) ҷалби коршиносону машваратгарони мустақил барои гузаронидани таҳлилҳо;

в) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур.

3. Ташкили фаъолияти Шӯро

9. Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.

10. Роҳбарии ҷаласаҳон Шӯроро Раиси Шӯро амалӣ менамояд ва дар ҳолати ҳозир набудани ӯ ҷаласаро муовини Раиси Шӯро мегузаронад.

11. Аъзои Шӯро ҳуқуқ доранд, ки оид ба тартиб додани нақшаҳои кор ва рӯзномаи ҷаласаи Шӯро дар шакли хаттӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

12. Ҷаласаи Шӯро он гоҳ салоҳиятнок дониста мешавад, агар зиёда аз нисфи аъзои он иштирок дошта бошанд. Қарорҳои Шӯро бо аксарияти овози аъзои дар ҷаласаи Шӯро иштирокдошта тавассути овоздиҳии кушод қабул карда мешаванд. Дар сурати баробарии овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласаи Шӯро ҳалкунанда мебошад.

13. Қарори Шӯро бо протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби Раис ва Котиби масъули Шӯро имзо карда мешавад.

14. Шӯро метавонад ваколатҳоро оид ба дархости иттилоот, интишори ҳисобот ва масъалаҳои дигар ба Котибот вогузор намояд.

15. Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯро намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидори муроҷиаткунанда, мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ ва дигарон метавонанд бе ҳуқуқи овоз дар ҷаласа иштирок намоянд.

4. Котиботи Шӯро

16. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои Котиботи Шӯроро иҷро менамояд.

17. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Котиботи Шӯро дар мувофиқа бо Раиси Шӯро амалӣ карда мешавад.

18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои котиботи Шӯро оид ба даъват ва ташкили ҷаласаҳои Шӯро:

а) ҷаласаҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯроро даъват намуда, кори онҳоро ташкил мекунад;

б) масъалаҳоеро, ки бояд ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯро ворид карда шаванд. мутобиқи таклифҳои пешниҳоднамудаи аъзои Шӯро таҳия намуда, то як ҳафта пеш аз баргузории ҷаласаи Шӯро ба аъзои Шӯро рӯзномаи ҷаласа ва ҳуҷҷатҳои дигари барои баррасӣ зарурро ирсол менамояд;

в) протоколи ҷаласаро тартиб дода, дар давоми 5 рӯз пас аз баргузории ҷаласа ба ҳамаи аъзои Шӯро ва шахсони дигари манфиатдор нусхаҳои он ва маълумоти дигари марбут ба фаъолияти Шӯроро ирсол менамояд;

г) дар ҳолати зарурӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯро шахсони дигарро даъват менамояд;

д) протоколҳои ҷаласаҳои Шӯроро нигоҳ медорад.

19. Котиби масъули Шӯро аз ҳисоби кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Шӯро дар ҷаласаи Шӯро бо овоздиҳии кушода интихоб карда мешавад.

20.Котиби масъули Шӯро дар ҷаласаҳо бе ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок менамояд.

5. Муқаррароти хотимавӣ

21. Шӯро шахси ҳуқуқӣ намебошад ва бланку мӯҳри расмӣ надорад.

22. Шӯро бо дигар мақомот ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.