Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" июли соли 2016 № 338
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ МУОМИЛОТ БО ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.02.2020 № 165)
1. Қоидаҳои муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин (минбаъд Қоидаҳо) мутобиқи моддаи 38 Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро нисбати воридот, содирот, хариду фурӯш, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба танзим медароранд, инчунин сиёсати давлатиро дар соҳаи назорати муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин муқаррар менамояд.
2. Ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳама гуна дастгоҳҳо, ҳавопаймоҳо, чархболҳое мебошанд, ки бе сарнишини (ҳайат) дар дохилашбуда парвоз мекунанд ва ба таври фосилавӣ идорашаванда мебошанд.
3. Воридот, содирот, фурӯш ва истифодаи ҳавопаймои бесарнишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома анҷом дода мешавад.
4. Назорати воридот ва содироти ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби мақоми ваколатдор анҷом дода шуда, маълумоти зарурӣ оид ба воридот ва содироти онҳо ба мақоми дахлдор пешниҳод карда мешавад.
2. БАҚАЙДГИРИИ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИН
5. Ҳавопаймоҳои бесарнишин бо тартиби зерин ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд:
- ҳавопаймоҳои бесарнишини мансуб ба мақомоти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳавопаймоҳои бесарнишини гражданӣ - аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишин дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ анҷом дода мешавад.
7. Ҳангоми ба қайд гирифтани ҳавопаймои бесарнишин дар қисмати намоёни он аз маводи ба оташ тобоваранда аломатҳои тафриқаи давлатӣ ва бақайдгирӣ бо дарҷи мансубият ва таъиноти он гузошта мешаванд.
8. Агар дар ҳавопаймои бесарнишин барои нақш намудани аломатҳои дар банди 7 зикргардида ҷойи кофӣ набошад, тартиби ба чунин ҳавопаймои бесарнишин гузоштани аломатҳо мутобиқан аз тарафи мақоми ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ё авиатсияи давлатӣ муайян карда мешавад.
9. Бе аломати тафриқа истифода бурдани ҳавопаймои бесарнишин манъ аст.
3. СУБЪЕКТҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАИ ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН
10. Субъектҳои истифодабарандаи ҳавопаймои бесарнишин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатиро доранд.
11. Иҷозатнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.
4. ТАРТИБИ ИСТИФОДАБАРИИ ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН
12. Парвози ҳавопаймои бесарнишин дар асоси пешниҳоди нақшаи пешакии парвоз аз ҷониби истифодабарандаи ҳавопаймои бесарнишин бо ишораи маълумотҳои зерин иҷозат дода мешавад:
- мақсади парвози ҳавопаймои бесарнишин;
- вақти парвоз;
- маҳалли парвоз;
- навъи ҳавопаймои бесарнишини истифодашаванда;
- баландии парвоз.
13. Истифода бурдани ҳавопаймои бесарнишин манъ аст:
- дар наздикии фурудгоҳҳо;
- дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар ҷойҳои иштироки мансабдорони олии давлатӣ;
- дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон;
- барои кашонидани бор ва дигар ашё аз як минтақа ба минтақаи дигар;
- дар наздикии объектҳои ҳарбӣ ва объектҳои дорои аҳамияти муҳими стратегӣ.
14. Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҷойҳои манъшудаи дар банди 13 зикргардида, бо тартиби муқаррарнамудаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
15. Ҳангоми истифодаи ҳавопаймои бесарнишин барои сабт ва аксбардорӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, дахлнопазирии шахсон ба ҳаёти шахсӣ риоя карда мешавад.
16. Сабт ва аксбардории манзил ва молу мулки шаҳрвандон дар асоси розигии соҳибмулк анҷом дода мешавад.
17. Мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои амалӣ намудани мақсадҳои хизматии худ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" ҳавопаймои бесарнишинро истифода намоянд.
17(1). Ҳангоми истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бархилофи талаботи Қоидаҳои мазкур, бахусус дар ҷойҳои манъшудаи дар банди 13 зикргардида, инчунин ҳангоми мавҷудияти таҳдиди воқеӣ ба ҳаёт ва саломатии инсон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳуқуқ доранд барои нобуд кардани онҳо, аз ҷумла бо истифодаи силоҳи оташфишон чора андешанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ уҳдадоранд, ки пеш аз нобуд кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷиҳати муҳофизати ҳаёт ва саломатии одамон тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҷуброни зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи нобуд кардани ҳавопаймои бесарнишин расонидашуда аз ҳисоби истифодабарандаи он амалӣ карда мешавад .
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
18. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Қоидаҳои мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.