Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин
Мутобиқи моддаи 38 Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд;
- иҷрои Қоидаҳои мазкурро аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва истифодабарандагони ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин намояд;
- бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар давоми се моҳ пас аз қабули қарори мазкур амалӣ гардонад.
3. Иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишин дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 июли соли 2016 № 338
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Правилах обращения беспилотными воздушными суднами
В соответствии со статьей 38 Воздушного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Правила обращения беспилотными воздушными суднами (прилагается).
2. Министерству транспорта Республики Таджикистан совместно с Министерством обороны Республики Таджикистан:
- привести свои нормативные правовые акты в соответствие с данным постановлением;
- обеспечить исполнение настоящих Правил государственными органами и пользователями беспилотных воздушных судн;
- осуществить регистрацию беспилотных воздушных судн в течение трех месяцев после принятия настоящего постановления.
3. Выдачу лицензии и регистрацию беспилотных воздушных судн осуществить по согласованию с Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 29 июля 2016 года, № 338