Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 № 1343 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 майи соли 2016 № 429

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2016 № 269

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 "Дар бораи заминсозӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 21) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 1:

- аз сархати сеюм калимаҳои "ҳама гуна кор ва ҳамчунин" хориҷ карда шаванд;

- сархатҳои бисту якум ва бисту дуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- барӯйхатгирии заминҳо - маҷмӯи чорабиниҳои заминсозӣ, ки барои ошкор ва муайян кардани маълумот дар бораи қитъаҳои замин бо мақсади баҳисобгирии давлатии заминҳо ва пешбурди кадастри давлатии замин гузаронида мешаванд;

- экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ - фаъолияте, ки ба воситаи таҳқиқ, санҷиш ва арзёбии ҳуҷҷатҳои экспертизашаванда бо мақсади муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузорӣ, стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршуда, инчунин таҳияи хулоса оид ба ин ҳуҷҷатҳо амалӣ карда мешавад.".

4. Дар моддаи 3:

- сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- ташкили фондҳои махсуси замин ва захираи заминҳои ноҳия (шаҳр);

- омода намудани парвандаҳои заминсозӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;";

5. Дар моддаи 5:

- сархати даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- гирифтан, додан ва вобастакунии қитъаҳои замин;";

- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Заминсозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он, инчунин ташкилотҳои соҳавии он ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.".

6. Дар сархати ёздаҳуми моддаи 1, сархати якуми моддаи 6, қисмҳои дуюм ва ҳафтуми моддаи 7, қисмҳои якум, дуюм ва сеюми моддаи 8, қисмҳои якум, сеюм ва чоруми моддаи 9, сархати якуми моддаи 10, сархати якуми қисми якуми моддаи 11, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 14, қисми сеюми моддаи 16, қисми якуми моддаи 19, қисми ҳаштуми моддаи 26, қисмҳои дувоздаҳум ва сездаҳуми моддаи 27, қисми якуми моддаи 31, қисми дуюми моддаи 32, қисми сеюми моддаи 33 ва қисми дуюми моддаи 34 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ" ва "Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" ва "Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шаванд.

7. Дар моддаи 7:

- аз қисми панҷум калимаи "идоракунии" хориҷ карда шавад;

- қисми ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Маълумот оид ба заминсозӣ, ки ба молу мулки ғайриманқул тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" пешниҳод карда мешавад.".

8. Дар қисми якуми моддаи 8 калимаи "Идоракунии" ба калимаҳои "Идоракунии давлатии" иваз карда шаванд.

9. Дар моддаи 9:

- дар қисми якум калимаҳои "муносибатҳо ҳангоми гузаронидани" ба калимаи "муносибатҳои" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "маҳаллии он" калимаҳои ", шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо тартиби муқарраргардида корҳои заминсозиро анҷом медиҳанд," илова карда шаванд;

- қисми сеюм хориҷ карда шавад;

- дар қисми шашум калимаи "ташхиси" ба калимаи "экспертизаи" иваз карда шавад.

10. Дар қисми панҷуми моддаи 13 калимаи "ташхиси" ба калимаи "экспертизаи" иваз карда шавад.

11. Дар моддаи 19:

- аз қисми сеюм калимаҳои "пурра ё" хориҷ карда шаванд;

- аз қисми чорум калимаи "пурраи" хориҷ карда шавад.

12. Қисми сеюми моддаи 21 хориҷ карда шавад.

13. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 32 калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

14. Дар қисми сеюми моддаи 33 калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шавад.

15. Ба Қонун моддаи 33(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 33(1). Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ

Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ бо мақсади таъмини мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба маълумоти ибтидоӣ, шартҳои техникӣ, инчунин талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозиро мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин муайян менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 июли соли 2016 № 1343