Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 № 1340 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 майи соли 2016 № 443

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2016 № 266

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 606; с. 2012, №4, мод. 252, №7, мод. 686, №12, қ. 1, мод. 1024; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 400, №12, мод. 824; с. 2015, №11, мод. 957, №12, қ. 1, мод. 1113) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои "амали намудани" калимаи "фаъолияти" илова карда шавад;

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "мақоми иҷозатдиҳӣ" ба калимаҳои "мақоми иҷозатдиҳанда" иваз карда шаванд;

- дар сархати нуҳум калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.

2. Дар сархати якуми моддаи 4 калимаҳои "оид ба" ба калимаҳои "дар соҳаи" иваз карда шаванд.

3. Дар ном ва матни моддаи 6 калимаҳои "мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда" ба калимаҳои "мақомоти иҷозатдиҳанда" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 5 моддаи 10:

- дар сархати нуҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ.".

5. Дар кисми 2 моддаи 14 калима ва рақамҳои "банди 3", "банди 4", "банди 5", ."банди 6", "банди 7", "банди 8", "банди 9", "бандҳои 10-12, 14-18" ва "банди 19" мувофиқан ба калима ва рақамҳои "банди 3)", "банди 4)", "банди 5)", "банди 6)", "банди 7)", "банди 8)", "банди 9)", "бандҳои 10)-12), 14)-18)" ва "банди 19)" иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 3 моддаи 16 калима ва рақамҳои "банди 3", "банди 4", "банди 6", "банди 8", "банди 9", "банди 10", "бандҳои 12, 16 ва 17" ва "банди 19" мувофиқан ба калима ва рақамҳои "банди 3)", "банди 4)", "банди 6)", "банди 8)", банди 9)", "банди 10)", "бандҳои 12), 16), 17)" ва "банди 19)" иваз карда шаванд.

7. Ҷумлаи якуми банди 2) қисми 1 моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Арзёбии хароҷот ва фоидаи асосии дахолати давлатӣ.".

8. Дар қисми 1 моддаи 21 калимаи "шахсони" ба калимаи "шахси" иваз карда шавад.

9. Аз қисми 2 моддаи 25 калимаҳои "ваколатдори давлатии" хориҷ карда шаванд.

10. Аз номи боби 5 калимаҳои "ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИИ" хориҷ карда шаванд.

11. Дар моддаи 29:

- аз номи модда калимаҳои "ваколатдори давлатии" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми 1 калимаҳои "мақомоти иҷозатдиҳандаи ваколатдори давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷозатдиҳанда" иваз карда шаванд;

- дар банди 7):

- дар сархати дуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- шаҳодатнома барои сохтани маснуоти заргарӣ, дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо.";

- аз қисми 2 калимаҳои "ваколатдори давлатии" хориҷ карда шуда, калимаҳои "давлатӣ ва шахсони ҳуқуқии" ба калимаи "давлатии" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

23 июли соли 2016 № 1340

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О РАЗРЕШИТЕЛЬНОЙ СИСТЕМЕ"

Принят Постановлением МН МОРТ 

от 13 мая 2016 года, № 443

Одобрен Постановлением ММ МОРТ 

от 15 июля 2016 года, № 266

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 2 августа 2011 года "О разрешительной системе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №7-8, ст. 606, 2012 г., №4, ст. 252, №7, ст. 686, №12, ч.1, ст. 1024; 2014 г., №7, ч. 2, ст. 400, №12, ст. 824; 2015 г., №11, ст. 957, №12, ч. 1, ст. 1113) следующие изменения и дополнение:

1. В абзаце девятом статьи 1 слова "уполномоченным органам" заменить словами "уполномоченным государственным органам".

2. В названии и тексте статьи 6 слова "государственных разрешительных органов" заменить словами "разрешительных органов".

3. В части 5 статьи 10:

- в абзаце девятом знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить абзацем десятым следующего содержания:

"- основания, дата и номер решения (распоряжения, приказа, предписания) о прекращении действия разрешительного документа.".

4. В части 2 статьи 14 слова "пункта 3", "пункта 4", "пункта 5", "пункта 6", "пункта 7", "пункта 8", "пункта 9", "пунктами 10-12, 14-18" и "пункта 19" соответственно заменить словами "пункта 3)", "пункта 4)", "пункта 5)", "пункта 6)", "пункта 7)", "пункта 8)", "пункта 9)", "пунктами 10) -12), 14) -18)" и "пункта 19)".

5. В части 3 статьи 16 слова "пункта 3", "пункта 4", "пункта 6", "пункта 8", "пункта 9", "пункта 10", "пунктам 12, 16 и 17" и "пункта 19" соответственно заменить словами "пункта 3)", "пункта 4)", "пункта 6)", "пункта 8)", "пункта 9)", "пункта 10)", "пунктам 12), 16) и 17)" и "пункта 19)".

6. В части 1 статьи 21 слова "уполномоченные им лица подают" заменить словами "уполномоченное им лицо падает".

7. В части 2 статьи 25 слово "Уполномоченный" заменить словом "Разрешительный".

8. Из названия главы 5 слова "УПОЛНОМОЧЕННЫЕ ГОСУДАРСТВЕННЫЕ" исключить.

9. В статье 29:

- в части 1 слова, "уполномоченными разрешительными государственными органами" заменить словами "разрешительными органами";

- в пункте 7):

- в абзаце втором знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- абзац третий изложить в следующей редакции:

"- свидетельство об изготовлении ювелирных изделий, зубов из драгоценных металлов.";

- в части 2 слова "Уполномоченный государственный разрешительный орган" заменить словами "Разрешительный орган" и слова "и другими юридическими лицами" исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 23 июля 2016 года, № 1340