Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 498
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 498 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати бисту якуми банди 7 аломати "." ба аломати ";" иваз карда, сархатҳои бисту дуюм ва бисту сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- нахҳои сунъӣ - нахҳое, ки ҳангоми коркарди кимиёвии пайвастагиҳои табиии баландмолекулярӣ ё маҳсулоти онҳоро табдилдиҳанда (нахи сунъӣ, атсетатӣ, мисуаммиакӣ) ба даст меоянд;
- нахҳои синтетикӣ - нахҳои полиэфирӣ, поликапролактамӣ, полиакрилонитрилӣ, поливинилхлоридӣ, поливинилспиртӣ, полиолефиновӣ, полиуретановӣ ва ғайра, ки аз полимерҳои синтетикӣ бо роҳи синтези кимиёвӣ ба даст меоянд;";
- бандҳои 57 ва 58 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"57. Ҳамроҳсозии иҷозатдодашудаи нахҳо ва риштаҳои синтетикӣ дар маҳсулоти нассоҷии либоси мактабии ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ набояд аз 30-35 фоиз дар маҳсулоти навъи нимтанаи занона ва куртаи мардона ва аз 40 фоиз дар маҳсулоти навъи костюм ва куртаворӣ зиёд бошад. Матои астари бояд аз нахи табиӣ ва (ё) сунъӣ (вискоза) тайёр карда шавад.
58. Либоси мактабӣ бояд мушфиқ пора карда шавад, ки ба фишори болоии бадан роҳ надиҳад ва озодона ҳаракат намуданро таъмин намояд, роҳати гармии баданро бо назардошти фасли сол тамин намояд.";
- бандҳои 57-153 мутаносибан бандҳои 59 -155 ҳисобида шаванд;
- дар банди 126 калима ва рақами "замимаи 21" ба калима ва рақами "замимаи 22" иваз карда шаванд;
- дар банди 153 калимаҳои "дар" ва "истеҳсол" ба калимаҳои "ба" ва "ворид" иваз карда шаванд;
- банди 154 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"154. Воридоти либосҳои мактабӣ барои кӯдакону наврасон, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Регламенти техникии мазкур мутобиқат мекунанд, аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда мешавад.";
- бандҳои 154-159 мутаносибан бандҳои 157-162 ҳисобида шаванд;
- ба Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон Замимаи 22 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Замимаи 22
Миқдори иҷозатдодашудаи кӯчиши моддаҳои кимиёвие, ки дар муҳити намунавӣ зимни тадқиқи лавозимоти мактабию хатнависӣ ҷудо мешаванд" (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 июли соли 2016 № 297
ш.Душанбе
Замимаи 22