Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 125
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 125 "Дар бораи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 81 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 46 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 7 воҳиди дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ маблағгузорӣ карда шавад.";
- дар банди 3 калимаҳои "2 муовини Директори Агентӣ" ба калимаҳои "3 муовини Директори Агентӣ, аз ҷумла як муовини якум" иваз карда шаванд.
2. Дар банди 9 Низомномаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 125 тасдиқ шудааст, калимаҳои "ду муовин" ба калимаҳои "се муовин, аз ҷумла як муовини якум" иваз карда шавад.
3. Ба Сохтори дастгоҳи марказии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 125 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шӯъбаи дастгирии Ассотсиатсияи истифодабарандагони об".
4. Корхонаи воҳиди давлатии механиконидашудаи махсус оид ба истифодабарии шабакаҳои обёрӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шавад.
5. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Корхонаи воҳиди давлатии механиконидашудаи махсус оид ба истифодабарии шабақаҳои обёрӣ дар ноҳияи Данғараро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намоянд.
6. Ба Номгӯи корхонаю муассиса ва ташкилотҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 125 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- калимаи "ғайритиҷоратӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад;
- банди 9 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"9. Корхонаи воҳиди давлатии механиконидашудаи махсус оид ба истифодабарии шабақаҳои обёрӣ дар ноҳияи Данғара".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 июли соли 2016 № 294
ш.Душанбе