Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016 № 268 "Дар бораи Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маблағгузории татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои буҷетии пешбинишуда, маблағҳои махсус, маблағҳои бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, анҷом дода шавад.

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Барномаи мазкурро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 июли соли 2016 № 268

ш.Душанбе