Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2016 № 697 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ" фармон медиҳам:

1. Аз 1 июли соли 2016:

- ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мувофиқан ба шумораи умумии хонандагон ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;

- музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот баробар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 230 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва дигар гурӯҳҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 470 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 520 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О мерах по усилению уровня социальной защищённости населения, увеличению действующих должностных окладов государственных служащих, работников бюджетных учреждений, организаций, размеров пенсий и стипендий

В целях повышения уровня благосостояния и обеспечения социальной защищённости населения, в соответствии со статьей 103 Трудового кодекса Республики Таджикистан, статьей 16 Закона Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан" и статьей 12 Закона Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях" и статьей 49 Закона Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих" постановляю:

1. С 1 июля 2016 года:

- увеличить минимальную заработную плату для всех социальных и экономических отраслей республики на 60 процентов и установить её в размере 400 сомони в месяц;

- увеличить должностные оклады работников дошкольных учреждений, общеобразовательных учреждений и других учреждений отрасли образования, финансируемых из Государственного бюджета (кроме учреждений и организаций, заработная плата которых превышает уровень заработной платы государственных служащих), в размере 20 процентов;

- увеличить должностные оклады работников учреждений и организаций отраслей науки, культуры и работников других учреждений и организаций, финансируемых из Государственного бюджета, в размере 20 процентов и учреждений и организаций, заработная плата которых приравнена к заработной плате государственных служащих, в размере 15 процентов;

- приравнять должностные оклады руководителей учреждений начального профессионального образования к должностным окладам руководителей общеобразовательных учреждений соответственно количества учащихся;

- приравнять заработную плату учителей учреждений начального профессионального образования к заработной плате учителей общеобразовательных учреждений соответственно категории и образованию;

- увеличить заработную плату работников отрасли здравоохранения, финансируемых из Государственного бюджета, на 20 процентов и установить размер базисной заработной платы для расчёта должностного оклада работников отрасли здравоохранения в сумме 230 сомони;

- увеличить должностные оклады работников учреждений сферы социальной защиты, домов-интернатов для престарелых и инвалидов, пансионатов и санаториев для ветеранов Великой Отечественной войны, труда и других, приравненных к ним групп, финансируемых из Государственного бюджета, в размере 25 процентов;

- увеличить должностные оклады руководящих работников и специалистов реальных отраслей экономики, финансируемых из Государственного бюджета, в размере 15 процентов;

- установить размер базисной заработной платы в качестве основы тарифных коэффициентов для государственных служащих административных должностей высшей, первой, второй, третьей, четвертой категорий государственной службы органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и дехотов в сумме 470 сомони и для административных должностей пятой, шестой, седьмой категорий государственной службы перечисленных органов в сумме 520 сомони;

- увеличить должностные оклады работников технического и обслуживающего персонала органов государственного управления, судебных органов и органов прокуратуры, правоохранительных органов, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и дехотов, финансируемых из Государственного бюджета в размере 15 процентов;

- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) военнослужащих, лиц рядового и начальствующего состава органов внутренних дел, органов прокуратуры и других правоохранительных, органов в размере 15 процентов;

...