Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2015 № 117 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба "Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 августи соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 574 "в"

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз "25" июни соли 2015 №117 ш. Душанбе

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба "Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Тағйиру иловаҳо ба "Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2009, №345 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 №574 ба қайд гирифта шудаанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Директори Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. гузошта шавад.

Раиси Раёсат                         Ҷ.Нурмаҳмадзода

Замима

ба Қарори Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон

аз "25" июни с.2015, № 117

Тағйиру иловаҳо ба "Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон"

Ба "Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима пас аз калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон" калимаҳои ", моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ"" илова карда шаванд.

2. Сархати панҷуми банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкӣ ва/ё амалиёти бонкии исломии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;"

3. Дар банди 30 калимаҳои "рамзгузорӣ", "ва мӯҳр" мутобиқан ба калимаҳои "рамзгузорӣ, тамға" ва ", тамға ва мӯҳр" иваз карда шаванд.

 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

О внесении изменений и дополнений в "Правила осуществления электронных платежей через платежную систему Национального банка Таджикистана"

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правление Национального банка Таджикистана п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить изменения и дополнения в "Правила осуществления электронных платежей через платежную систему Национального банка Таджикистана", утвержденные Постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 24 декабря 2009 года №345, и зарегистрированные в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 30 апреля 2010 года №574 (прилагается).

2. Данное Постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации, и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить Директора Департамента платежных систем (Машрабов Х.М.) при государственной регистрации данного Постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан при необходимости вносить в текст приложения данного Постановления изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.

4. Исполнение пункта 2 данного Постановления возложить на Департамент платежных систем (Машрабов Х.М.), Юридическое управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-службу (Курбонов А.М.).

5. Контроль за исполнением данного Постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Салимову Л.Дж.

Председатель Правления         Дж. Нурмахмадзода

г. Душанбе,

 от 25 июня 2015г, №117

Приложение к Постановлению Правления

Национального банка Таджикистана

от 25 июня 2015г., №117

Изменения и дополнения в "Правила осуществления электронных платежей через платежную систему Национального банка Таджикистана"

В "Правила осуществления электронных платежей через платежную систему Национального банка Таджикистана" внести следующие изменения и дополнения:

1. В преамбуле после слов "Национальный банк Таджикистана" добавить слова ", статьей 45 Закона Республики Таджикистан "Об исламской банковской деятельности"".

2. Пятый абзац пункта 1 изложить в следующей редакции:

"- кредитные организации - юридические лица (банки, исламские банки, микрокредитные депозитные организации и исламские микрокредитные депозитные организации), осуществляющие на основании лицензии Национального банка Таджикистана все или отдельные банковские операции и/или исламские банковские операции, предусмотренные законом;".

3. В пункте 30 слова "шифрования", "и печати" соответственно заменить словами "шифрованию, штампу" и "штампа и печати".

*** Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 4 августа 2015 года, регистрационный номер 574 "в"