ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкиму такмили сохтори ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
2. Фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999, № 48 "Дар бораи таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2003, № 1033 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999, № 48 "Дар бораи таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2000, № 312 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи Комиссияи имтиҳонию тахассусии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2001, № 693 "Оид ба тасдиқи Низомнома "Дар бораи Комиссияи имтиҳонии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2006, № 1746 "Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2008, № 495 "Дар бораи коромӯз-судя";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2010, № 777 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2006, № 1746 "Масъа лаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2011, № 1043 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2006, №1746 "Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 2011, № 1089 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2012, № 1355 "Дар бораи Низомномаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2012, № 1330 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2013, № 1441 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2006, №1746";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2014, № 315 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2006, №1746 "Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, № 476 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2012, №1355 "Дар бораи Низомномаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2015, № 537 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".
3. Шумораи воҳидҳои кории Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1203 воҳид (401 воҳид судя ва 802 воҳид хизматчии давлатӣ) ва ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 59 воҳид (26 воҳид судя ва 33 воҳид хизматчии давлатӣ) гузаронида шаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо бо дарназардошти тақсимоти воҳидҳои корӣ, биною таҷҳизот ва мошинҳои хизматӣ, ба сметаи хароҷоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.
5. Масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе то ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шаванд.
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- масъалаҳои ба ихтиёри Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани бино, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар масъалаҳои ташкилии вобаста ба барҳамдиҳии Шӯрби адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд;
- қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;
- ҷиҳати иҷрои Фармони мазкур чораҳои дахлдор андешад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
9 июни соли 2016 № 698