Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 № 237

Санаи амалкуни: 28.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" июни соли 2016, № 237

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 484, аз 28.03.2024 № 187, аз 27.07.2024 № 431)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомномаи намунавӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳия гардида, тартиби фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумиро, новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравиашон, ба танзим медарорад.

2. Дар Низомномаи намунавии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ - намуди муассисаи таълимие, ки синфҳои 1-4-ро ба таҳсил фаро мегирад (мӯҳлати таҳсил 4 сол);

- муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ - намуди муассисаи таълимие, ки синфҳои 5-9-ро ба таҳсил фаро мегирад (мӯҳлати таҳсил 5 сол);

- муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ - намуди муассисаи таълимие, ки синфҳои 10-11-ро ба таҳсил фаро мегирад (мӯҳлати таҳсил 2 сол).

- муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида - равияҳои таҳсили ҷамъиятӣ-гуманитарӣ;

- гимназия - муассисаи таълимӣ бо равияи таҳсили фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ;

- литсей - муассисаи таълимӣ бо равияи таҳсили фанҳои табиӣ-риёзӣ.

3. Мақсади асосии муассисаи таҳсилоти умумӣ дар доираи азхудкунии стандарти давлатии таҳсилот аз ташаккул додани фарҳанги умумии шахсияти хонандагон дар асоси азхудкунии мазмуни ҳаддиақаллонаи ҳатмии барномаҳои таҳсилоти умумӣ, мутобиқ шудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, заминагузорӣ барои интихоби бошууронаи касб ва азхудкунии минбаъдаи барномаҳои таҳсилоти касбӣ, дар шуури хонандагон тарбия намудани ҳисси шаҳрвандӣ, меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон, муҳаббат ба табиат, Ватан, оила, омӯзгор ва ташаккули тарзи ҳаёти солим иборат аст.

4. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, Низомномаи намунавии мазкур ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумиро дастури амал қарор медиҳад.

5. Муассисаи таҳсилоти умумӣ метавонад барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва дар сурати доштани иҷозатнома (литсензия) барномаи таълимии таҳсилоти томактабиро амалӣ намояд. Муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки барномаи таълимии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагиро амалӣ менамояд, дар фаъолияти худ. ҳамчунин Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ ва Низомномаи намунавии таҳсилоти иловагиро ба роҳбарӣ мегирад.

6. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси Низомномаи мазкур ва тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Оинномаи худро таҳия менамояд.

7. Муассисаи таҳсилоти умумӣ барои татбиқи ҳуқуқи кафолатнок ба гирифтани таҳсилоти умумии ройгон дар ҳамаи зинаҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлат кафолат додааст, шароит муҳайё месозад.

8. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;

- қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- афзалиятнокии соҳаи маориф дар ҳама сатҳи идоракунии давлатӣ;

- ҳатмӣ будани таҳсилоти умумии асосӣ;

- дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;

- афзалиятнокии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;

- муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;

- ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилотӣ;

- ягонагии фазри маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;

- ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатню ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;

- мустақилияти муассисаҳои таълимӣ;

- раванди муттасили таҳсил;

- мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- рушди соҳаи маориф бо дарназардошти, стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;

- ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;

- пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;

- ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.

9. Муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ дар ҳар се зинаи таҳсилот амалӣ карда, масъулияти иҷрои барномаи таълиму тарбияро ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат ба зимма мегирад ва барои рушди ҳаматарафаи шахсият, аз ҷумла имконияти қонеъ кардани эҳтиёҷоти ӯро ба худомӯзи ва гирифтани таҳсилоти иловагӣ таъмин менамояд.

10. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси талаботи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати таҳсилот ва талаботи стандарти давлатии таҳсилот барои комилан мувофиқат кардани раванди таълим ба синну сол, хусусиятҳои психофизиологӣ, майл, қобилият, завқи хонанда, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти онҳо масъул мебошад.

11. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ба ташкилу фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва ташкилоти динӣ иҷозат дода намешавад.

12. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси худи Муассис ва падару модарон Шӯрои ҷамъиятӣ, кумитаи падару модарон, ассотсиатсияи падару модарон ва омӯзгорон, Шӯрои сарпарастон ташкил карда мешавад.

13. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои гуногуни созмонҳои хонандагон таъсис додан мумкин аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187).

14. Бо дарназардошти эҳтиёҷот ва имкониятҳои шахс дар муассисаи таҳсилоти умумӣ барномаҳои таълимӣ дар шакли таҳсили рӯзона, ғоибона (шабона), фарогир ва тариқи экстернат, ҳамчунин вобаста ба ҳолати ҷисмонӣ ва равонии онҳо тариқи таҳсилоти инфиродӣ тибқи низомномаҳои тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Низомномаҳои шакл ва намудҳои дигари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Низомномаи мазкур таҳия карда мешаванд.

15. Гирифтани ҳамаи шаклҳои таҳсилот дар доираи барномаҳои асосии таҳсилоти умумӣ ва Стандарти ягонаи давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

16. Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси Муассис (муассисон) таъсис ёфта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Муассисаи таҳсилоти умумӣ аз лаҳзаи аз қайди давлатӣ гузаштан шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти ғайритиҷоратӣ) ба ҳисоб меравад.

17. Ба ихтиёри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо супоридани муассисаи таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супоридани муассисаи таълимии дорои мақоми вилоятиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

18. Агар муносибатҳои байни муассис ва муассисаи таҳсилоти умумӣ дар Оинномаи муассисаи таълимӣ танзим нагашта бошанд, пас онҳо бо шартномаи байни онҳо басташаванда муайян мегарданд.

19. Муассисаи таҳсилоти умумӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо менамояд.

20. Муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мегузарад.

21. Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо қарори муассис метавонад мақомашро дигар намояд, агар он бархилофи уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ набошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

22. Барҳам додани муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

23. Муассисаи таҳсилоти умумӣ метавонад дорои филиалҳои худ бошад, ки аз рӯи суроғаи ҷойгиршавии воқеӣ ба қайд гирифта мешаванд. Иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи ин филиалҳо тибқи тартиботи муқарраргардида барои муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад. Филиалҳои аз ҷониби муассис таъсисёбанда шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолияти молиявии филиалҳои худро таъмин менамояд ва филиалҳо дар асоси Низомномаи тасдиқгардидаи муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд. Роҳбарони филиалҳоро муассиси онҳо таъсис дода таъин ва озод менамояд. Роҳбарони филиалҳо дар асоси ваколатномаи директори муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд.

24. Муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил намудани иттиҳодияҳои таълимӣ бо мақсади рушд ва такмили таҳсилот ташкил ёфта, тибқи оинномаҳои худ фаъолият менамоянд.

25. Хизматрасонии тиббии хонандагонро дар муассисаи таҳсилоти умумӣ кормандони соҳаи тиб, ки аз ҷониби мақомоти тандурустӣ ба ин муассисаи таҳсилоти умумӣ вобаста шудаанд, таъмин менамоянд. Онҳо ҳамзамон баробари роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кормандони педагогӣ дар гузаронидани чорабиниҳои табобатию пешгирии беморӣ, риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ, реҷа ва сифати хӯроки хонандагон масъул мебошанд. Муассисаи таҳсилоти умумӣ уҳдадор аст, ки барои кормандони соҳаи тиб шароити мусоиди корӣ муҳайё созад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

26. Ташкили хӯрок дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба ӯҳдаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва идораи хӯроки умумӣ гузошта мешавад. Дар ошхонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд ҷойи хӯрокхӯрӣ барои хонандагон, инчунин анбори нигоҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тайёр намудани хӯрок мавҷуд бошад.

27. Шумораи синфҳо дар муассисаи таҳсилоти умумӣ вобаста ба ҷойҳои пешбинишуда дар бинои таълимӣ ва шароите, ки бо дарназардошти меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ барои амалӣ намудани раванди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст, муайян карда мешавад.

28. Теъдоди хонандагон дар синфхона ва гурӯҳҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва гурӯҳҳои рӯзаш бардавом 25 нафар муайян карда мешавад. Дар ҳолати мавҷуд будани шароити мусоиди таълим ё зарурат ва ҷудо гардидани маблағ ба ташкили синфҳо ва гурӯҳҳои рӯзашон бардавом бо теъдоди хонандагони камтар аз 25 нафар иҷозат дода мешавад.

29. Теъдоди хонандагони синфҳои муассисаи таҳсилоти умумӣ дар деҳот (аз ҷумла, дар мактабҳои камнуфус) вобаста ба эҳтиёҷоти фарзандони аҳолӣ муайян карда мешавад.

30. Муассисаи таълимӣ метавонад бо дархости падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) гурӯҳҳои рӯзаш бардавом ташкил намояд.

31. Мақомоти идоракунии соҳаи маориф ва илм дар мувофиқа бо Муассис метавонад барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаи таҳсилоти умумӣ синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) ташкил намояд. Қабули (гузариши) хонандагон ба синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм танҳо бо розигии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) тибқи хулосаи Комиссияи равонӣ-тиббӣ-педагогӣ амалӣ карда мешавад. Муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳангоми ташкили синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) Низомномаи таҳсилоти фарогирро (инклюзивиро) ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187, аз 27.07.2024 № 431)

32. Дар сурати зиёд будани шумораи хонандагони синф дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр аз 25 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот аз 20 нафар ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои забони давлатӣ дар синфҳои 2-11, забони русӣ дар синфҳои 211, забони хориҷӣ дар синфҳои 3-11, технология дар синфҳои 511, технологияи иттилоотӣ дар синфҳои 7-11 ва машғулиятҳои амалии фанҳои таълимӣ барои зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилоти умумӣ, тарбияи ҷисмонӣ барои зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ, информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ, физика ва химия (ҳангоми машғулиятҳои амалӣ) ба ду гурӯҳ ҷудо кардани синф иҷозат дода мешавад. Шумораи хонандагони ҳар як синф ва ба гурӯҳҳо тақсим кардани онҳоро дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ муассис муайян менамояд.

3. РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

33. Муассисаи таҳсилоти умумӣ раванди таҳсилро мувофиқи барномаҳои таълимӣ дар 3 зинаи таҳсилот амалӣ менамояд:

- зинаи якум - таҳсилоти ибтидоӣ;

- зинаи дуюм - таҳсилоти умумии асосӣ;

- зинаи сеюм - таҳсилоти миёнаи умумӣ.

Муассисаи таҳсилоти умумӣ метавонад зинаҳои таҳсилотро мустақилона ва ё якҷоя амалӣ намояд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ (синфҳои 1-4), умумии асосӣ (синфҳои 5-9) ва миёнаи умумиро (дар синфҳои 10-11) амалӣ намуда, онҳо тайёрии иловагии (амиқи) хонандагонро аз рӯи равияи як ё якчанд фан таъмин менамоянд. Гимназия барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ (синфҳои 1-4), асосӣ (синфҳои 5-9) ва миёнаи умумиро (дар синфҳои 10-11) амалӣ намуда, тайёрии иловагии хонандагонро аз рӯи фанҳои равияи гуманитарӣ таъмин менамояд. Литсей барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 5-9) ва миёнаи умумиро (синфҳои 10-11) амалӣ намуда, тайёрии иловагии (амиқи) хонандагонро аз рӯи фанҳои равияи техникӣ ё табиӣ-математикӣ таъмин менамояд. Инчунин, метавонад барномаҳои таҳсилоти ибтидоиро (дар синфҳои 1-4) амалӣ гардонад.

34. Вазифаи муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ аз тарбия ва инкишофи фикрии хонанда, ба онҳо таълим додани хондан, навиштан, ҳисоб кардан, ёд додани малакаи асосии фаъолияти таълимӣ, унсурҳои ақидаронии назариявӣ, оддитарин малакаи худидоракунӣ, фарҳанги сухангӯй ва рафтор, асосҳои гигиенаи шахсӣ ва тарзи ҳаёти солим, обу тоби ҷисмонӣ, бедор намудани шавқу завқашон ба таҳсил ва маърифатҷӯӣ, омодагӣ ба омӯзиши ҳаматарафаи забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ иборат аст. Таҳсилоти ибтидоӣ заминаи гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ мебошад.

35. Вазифаи муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ аз инҳо иборатанд:

- фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳиб шудан ва аз худ намудани донишҳо аз рӯи равияҳои таълимии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ;

- ташаккули маҳорати истифодабарӣ аз сарчашмаҳои гуногуни маълумот;

- аз худ намудани асосҳои илм;

- маҳорати меҳнати ақлонӣ ва ҷисмонӣ;

- ташаккули қобилияти фаъолияти маърифатӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тамоюлҳои арзишнок, меъёрҳои ахлоқу одоб ва фарҳанг;

- ташаккули мавқеи фаъол дар зиндагӣ, омодагӣ ба худмуайянкунии касбӣ ва идомаи таҳсил;

- ташаккул додани мавқеи шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги ахлоқӣ ва муносибатҳои оиладорӣ, ақида ва боварӣ дар хонандагон;

- муайян намудани самти ҷараёни таълим ва тарбия дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рафтори бошууронаи хонандагон;

- таҳсилоти умумии асосӣ барои дарёфти таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ замина мебошад.

36. Вазифаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини омодагии таҳсилоти умумии хонандагон дар сатҳи зарурӣ;

- қонеъ гардонидани талаботи таьлимии онҳо, бо дарназардошти касбӣ, завқ ва қобилият;

- фароҳам овардани шароит ҷиҳати аз худ намудани намудҳои фаъолиятҳои гуногуни маърифатӣ, эҷодӣ, иртиботӣ;

- ташаккули омодагӣ барои идомаи таҳсил;

- ташаккул додани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ;

- инкишофи ҷаҳонбинии хонандагон;

- омодагӣ ба идомаи таҳсил ва иштирок дар раванди меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва ҳаёти оилавӣ;

- таҳсилоти миёнаи умумӣ асоси дарёфти таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи барномаҳои мухтасари таълимӣ, ба ғайр аз шаклҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷозат дода намешавад, Мувофиқи дархости хонандагон ва падару модарони онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳангоми мавҷуд будани шароит дар муассисаи таҳсилоти умумӣ мумкин аст таълим аз рӯи равияҳои гуногун ва самтҳои касбӣ ҷорӣ карда шавад.

37. Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ, фарогир ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалигардонии онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян мекунад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот: рӯзона, шабона, ғоибона, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

38. Ба синфи якум кӯдакони 7-сола ё онҳое, ки то охири моҳи декабр ба синни 7 медароянд, қабул карда мешаванд. Сабти номи кӯдакон то оғози соли таҳсил анҷом ёфта, бо фармошпи директори муассисаи таълимӣ ба расмият дароварда мешавад. Хонанда бо хоҳиши худ ё хоҳипш падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) метавонад муассисаи таълимиро интихоб намояд. Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсил ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ба истиснои ҳолатҳои беморӣ, ҳатмист.

39. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбияи таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд ва бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.

40. Забони таҳсил, ки дар муассисаи таҳсилоти умумӣ амалӣ карда мешавад, аз тарафи муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, дар Оинномаи муассисаи таълимӣ нишон дода мешавад. Интихоби озоди забони таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии синфҳо, гурӯҳҳо ва шароити мусоид барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои давлатии таҳсилот ҳатмист. Таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

41. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва майлу рағбати хонандагон дар асоси шартнома таълими иловагии пулакӣ, берун аз Нақшаи таълимӣ тавассути барномаҳои алоҳидаи таълимӣ омӯзиши фанҳое, ки дар стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд ва ё омӯзиши амиқи мавзӯъҳо аз рӯи фанҳои алоҳидаи дар Нақшаи таълимӣ овардашуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ ташкил карда мешавад. Соатҳои иловагӣ дар доираи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хонандагони синфҳои 1-11 муқаррар карда шудааст, ба роҳ монда мешавад. Муассисаи таҳсилоти умумӣ онро дар Оинномаи худ ба инобат мегирад.

42. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар интихоби шаклу метод ва маводи таълиму тарбия дар доираи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустақил мебошад.

43. Ҷараёни таълим дар муассисаи таҳсилоти умумӣ аз рӯи Нақшаи таълимӣ амалӣ мешавад, ки он мустақилона аз ҷониби муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад. Тартиби кори муассисаи таҳсилоти умумӣ аз рӯи ҳафтаи 5 ё 6 рӯзаи таълимӣ дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Сарбории таълимӣ ва тартиби гузаронидани машғулиятҳои хонандагон дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи талаботи беҳдоштиву санитарӣ иишон дода мешавад. Дар Нақшаи таълимии муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст, теъдоди соатҳои ба таълими фанҳои ҷудошуда (сикли фанҳо) бояд аз теъдоди соатҳои дар Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда кам набошад.

44. Ҷадвали дарсҳо дар муассисаи таҳсилоти умумӣ аз тарафи директори муассисаи таълимӣ (ё муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия, ки ӯро иваз мекунад) тасдиқ карда мешавад. Дар ҷадвали дарсҳо теъдоди ҳафтаинаи дарсҳо (барои синфҳои 1-4 5 рӯз ва 5-11 б рӯз), давомнокӣ ва пайдарҳамии онҳо нишон дода мешавад. Дар ҷадвали дарсҳо ҳамчунин, танаффусҳои зарурӣ барои истироҳат ва хӯрохӯрии хонандагон пешбинӣ карда мешавад.

45. Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои 135 дақиқа ва барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад.

46. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8-00 ва дар басти дуюм соати 13-10 оғоз мешаванд. Новобаста аз давомнокии ҳафтаи таълимӣ сарбории таълимии рӯзона дар синфҳо набояд аз меъёри муқаррарнамудаи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ ва Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 484).

47. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар маҳалҳо нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст, тағйир дода наметавонанд.

48. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти майлу хоҳиш, ҳусни таваҷҷӯҳ, шавқу завқи хонандагон, эҳтироми тарафайн, ҳамкории хонандаю омӯзгор ташкил карда мешавад. Вазифаи асосӣ аз тарбия намудани ҳимоятгари Ватан, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ, муқаддасоти миллӣ, фарҳанг, муносибати некбинона бо халқу миллатҳои дигар, меҳнат, риояи қонун ва робитаи инсон ба ҷомеа иборат мебошад.

49. Соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 сентябр оғоз гардида, 31 май ба анҷом мерасад. Давомнокии соли таҳсил бе баҳисобгирии аттестатсияи давраи ҷамъбастӣ 35 ҳафтаи таълим (барои синфҳои якум 34 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба ду нимсола ва чор чоряк тақсим мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187):

- нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр;

- нимсолаи дуюм аз 8 январ то 31 май.

Дар нимсолаи аввал:

- чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр;

- чоряки дуюм аз 8 ноябр то 31 декабр.

Дар нимсолаи дуюм:

- чоряки сеюм аз 8 январ то 20 март;

- чоряки чорум аз 30 март то 31 май.

Дар давоми сол сатҳи дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шурои педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар муассисаҳои таълимӣ таътил чунин муқаррар карда мешавад:

- таътили тирамоҳӣ 7 рӯз (аз 1 то 7 ноябр);

- таътили зимистона 7 рӯз (аз 1 то 7 январ);

- таътили баҳорӣ 5 рӯз (аз 25 то 29 март);

- таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад;

- машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои якум як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд;

- дар ҳолатҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил ва таҳсил танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187, аз 27.07.2024 № 431).

50. Муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳангоми интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиб ва давраҳои санҷиши фосилавии хонандагон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

51. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки сиёсати давлатии таҳсилотро амалӣ менамояд, ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ карда мешавад. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ низ аз тарафи мақоми мазкур амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187).

52. Шакли асосии муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таҳсилоти умумӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ ба меъёрҳои муқарраршуда аттестатсияи (аккредитатсияи) муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошад, ки бо тартиби муқарраршуда дар 5 сол як маротиба мегузарад.

4. ИШТИРОКЧИЁНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

53. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ хонандагон, тарбиягирандагон, кормандони педагогӣ, мураббиён ва падару модарони хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда) иштирокчиёни раванди таълим мебошанд.

54. Тартиби қабули хонандагон ва кормандон ба муассисаи таълимӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" муқаррар гардида, аз тарафи Муассис дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба расмият дароварда мешавад.

55. Ба муассисаи таҳсилоти умумӣ ба қайд гирифтани ноболиғони дар ҳудуди маҳалли муассисаи таълимӣ зиндагидошта ҳатмӣ мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187).

56. Муассисаи таҳсилоти умумӣ уҳдадор аст, ки хонандагони қабулшуда ва падару модарони онҳоро (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо Оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти муассисаи таълимии мазкурро ба танзим медарорад, шинос намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

57. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хонандагон, падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳамчун иштирокчиёни раванди таълиму тарбия дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаьолияти муассисаи таълимиро ба танзим медарорад, муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

58. Хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ҳуқуқ доранд:

- новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба ҷараёни таълим фаро гирифта шаванд;

- дар ҳамаи зинаҳои муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ ба таври ройгон таҳсил намоянд;

- тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти умумӣ аз рӯи нақшаҳои таълимии инфиродӣ таълим гиранд, аз курсҳои таълимии кӯтоҳмуддат гузаранд. Шартҳои таҳсил аз рӯи нақшаи таълими инфиродӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи маориф ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба танзим дароварда мешавад;

- аз китобхонаи муассисаи таълимӣ ройгон истифода баранд;

- аз хизматрасонии иловагии таҳсилот (аз ҷумла пулакӣ) истифода намояд;

- дар идоракунии муассисаи таълимӣ ширкат варзанд;

- шаъну шарафи инсонӣ, озодии виҷдонро ҳимоя карда, назари шахсӣ ва андешаашонро озодона баён кунанд;

- баъди хатми зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот ва бомуваффақият гузаштан аз аттестатсия ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ гиранд.

59. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳуқуқ доранд, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намоянд. Низомнома дар бораи олимпиадаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

60. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ уҳдадоранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431):

- оинномаи муассисаҳои таҳсилоти умумиро риоя намоянд;

- барномаҳои таҳсилоти умумиро дар сатҳи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти умумӣ аз худ намоянд;

- анъанаҳои халқи тоҷик ва халқҳои дигареро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, шаъну шарафи хонандагон ва кормандони педагогии муассисаи таҳсилоти умумиро эҳтиром намоянд;

- ба моликияти муассисаи таҳсилоти умумӣ эҳтиёткорона муносибат кунанд;

- баъд аз гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431);

- уҳдадориҳои дигари хонандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ муқаррар карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

61. Қоидаҳои рафтор дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аз тарафи ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим ба ҷо оварда мешавад. Истифодаи усулҳои зӯроварӣ (ҷисмонӣ ва равонӣ) нисбат ба хонандагон дар муассисаи таҳсилоти умумӣ иҷозат дода намешавад.

62. Дар муассисаи таълимӣ ҷалб намудани хонандагон ба меҳнате, ки дар барномаҳои таълимӣ пешбинӣ нашудааст, манъ аст.

63. Ба хонандагон барои аъзо шудан ба узвияти созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ (иттиҳодияҳо), ҳизбу ҳаракатҳо, ҳамчунин ширкат дар таблиғи чунин созмонҳо, маъракаҳои таблиғотӣ ва сиёсӣ иҷозат дода намешавад. Ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ омадани хонандагон бо воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

64. Хонандагони муассисаҳои таҳсилот, ки барномаҳои таълимиро дар соли таҳсил пурра аз худ кардаанд, пас аз гузаштан аз аттестатсия ба синфи дигар гузаронида мешаванд. Хонандагони синфҳои 2-3, ки аз 2 фанни таълимӣ баҳои солонаи ғайриқаноатбахш доранд, бо қарори Шӯрои педагогӣ такроран дар синфашон мононда мешаванд.

65. Хонандагони синфҳои 4-8, 9, 10 (11), ки аз 2 фанни таълимӣ баҳои солона ва ё ҷамъбастии ғайриқаноатбахш доранд, бо қарори Шӯрои педагогӣ ба аттестатсияи такрории тобистона мононда мешаванд. Масъулияти бартараф кардани қарздории хонанда дар давоми соли таҳсил ба зиммаи омӯзгори фаннӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) гузошта мешавад. Дар вақти тобистон (моҳи август) бо ин хонандагон машғулиятҳои иловагии таълимии дуҳафтаина ташкил карда, масъалаи гузаронидани онҳо ба синфи дигар баъди натиҷаи аттестатсияи такрорӣ ҳал карда мешавад.

66. Идомаи таҳсили хонандагоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил карда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегарданд, дар асоси қоидаҳои умумии қабули тарбиятгирандагон ва таълимгирандагон ба муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм қабул карда мешавад, ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187, аз 27.07.2024 № 431).

67. Хонандагони синфҳои 1-11 мувофиқи вазъи саломатӣ дар асоси хулосаи тиббӣ аз дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ озод мегарданд ва ин барои аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаи таълимӣ монеъ шуда наметавонад.

68. Хонандагони синфи як дар синфашон такроран мононда намешаванд.

69. Азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо аттестатсияи хатӣ анҷом меёбад. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.

70. Агар хонанда аз фанне, ки ба аттестатсия дохил карда шудааст, баҳси солонаи ғайриқаноатбахш дошта бошанд, ба аттестатсияи ҳамон фан роҳ дода нашуда, ба аттестатсияи такрории тобистона мононда мешавад ва баъди ислоҳи баҳои солона ва супоридани аттестатсияи такрорӣ ба синфи дигар гузаронида мешавад.

71. Аттестатсияи такрории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар моҳи август бо қарори раёсат ва шӯъбаҳои маориф муқаррар ва гузаронида мешавад.

72. Оид ба аттестатсияи такрорӣ ва ислоҳи баҳои солона санади тасдиқкунанда тартиб дода шуда, санади мазкур дар ҷузвдони аттестатсионии синф ва нусхаи он дар парвандаи шахсии хонанда нигоҳ дошта мешавад.

73. Хонандагони синфи 11 (12), агар аз фанне, ки ба аттестатсия дохил карда шудааст, баҳои солонаи ғайриқаноатбахш дошта бошанд, ба аттестатсияи ҳамон фан роҳ дода намешаванд. Ҳамчунин, дар сурати аз аттестатсия баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан ва ё доштани баҳои ғайриқаноатбахш аз ягон фанни таълимӣ ба онҳо дар бораи шунидани курси таҳсилоти миёнаи умумӣ бо нишон додани баҳои ҳамаи фанҳои таълимӣ маълумотнома (справка) дода мешавад. Онҳо метавонанд дар мӯҳлати 3 сол (адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ин мӯҳлат дохил намешавад) дар ҳамон муассисаи таълимие, ки таҳсил кардаанд, аз аттестатсия гузаранд. Пас аз сипарӣ шудани мӯҳлати муқарраргардида танҳо бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (баъди пешниҳоди аризаи шахсӣ, маълумотнома аз муассисаи таҳсилоти умумӣ, ҷамъбасти баҳои нимсолаш 1, 2 ва солона, қарори Шӯрои педагогӣ оид ба роҳ додан ба аттестатсияи хатм ва фармоиши директори муассисаи таълимӣ оид ба роҳ додан ба аттестатсияи хатм) роҳ дода мешавад. Таҳсили такрории хонандагон дар синфи 11 (дар шакли рӯзона) иҷозат дода намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187).

74. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба истиснои хонандагони синфи як), ки 40 рӯз ва зиёда аз он пай дар пай ба дарсҳо бесабаб иштирок накардаанд, дар синфашон такроран мононда мешаванд.

75. Масъалаи аз синф ба синф гузаронидан ва ба аттестатсия роҳ додани хонандагонеро, ки то 80 рӯз бо сабаби беморӣ ба дарсҳо иштирок накардаанд, дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиққунанда (хулосаи Комиссияи машваратӣ-тиббӣ) Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ баррасӣ менамояд.

76. Дар сурати ба ҷойи дигар кӯчида рафтани хонанда, ба ӯ ҳуқуқ дода мешавад, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор бо роҳхати раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳр (ноҳия) дар муассисаи таълимии ҷойи нави истиқоматиаш аз аттестатсия гузарад.

77. Ба шахсоне, ки зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро дар муассисаи таҳсилоти умумӣ хатм намудаанд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад.

78. Ба шахсоне, ки зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад.

79. Ба хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро хатм намуда, аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, доир ба хатми зинаи марбутаи таҳсилот аттестат бо мӯҳри нишони давлатидошта дода мешавад.

80. Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1-9)-ро бо баҳои "5" (аъло) хатм кардаанд, аттестати аъло дода мешавад.

81. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо аттестати аъло хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои "5" (аъло) таҳсил намуда, аттестатсияи хатмро бо баҳои "5" (аъло) супорида, рафтори намунавӣ доранд, ба медали тилло ва аттестат дар бораи хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз рӯи гирифтани равияҳо) тибқи Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

82. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо аттестати аъло хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) аттестатсияи хатмро бо баҳои "5" (аъло) супорида, рафтори намунавӣ доранд, лекин аз рӯи на бештар аз ду фан баҳои солонаи "4" (хуб) дошта аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии "5" (аъло) доранд ва аттестатсияи хатми синфи 11 (12)-ро бо баҳои "5" (аъло) супоридаанд, ба медали нуқра ва аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз рӯи равияҳо) тибқи Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Хатмкунандагоне, ки дар омӯзиши як ё зиёда фанни таълимӣ муваффақиятҳои махсус ба даст овардаанд, бо Ифтихорномаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мукофотонида мешаванд.

83. Хонандагоне, ки аз синф ба синф гузаштаанд ва аз фанҳои таълимӣ ба пешравиҳо ноил гашта, аз ҷамъбасти чорякҳо баҳои аъло доранд, бо Ифтихорномаи "Барои хониши аъло"-и муассисаи таҳсилоти умумӣ қадр карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 484).

84. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187).

85. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи қоидаҳои муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти умумӣ хориҷ ва ба муассисаи таълимии дигар гузаронида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

86. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои маориф" падару модарони хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда) дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

- барои фарзандони ноболиғашон муассисаҳои таълимӣ ва шакли таълимро интихоб намоянд;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд муроҷиат намоянд;

- ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳифз намоянд;

- дар кори мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд;

- барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.

87. Падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) уҳдадоранд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431):

- барои солимии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

- ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳифз намоянд;

- фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накӯкорӣ, муносибати эҳтиромона ба оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;

- бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд;

- ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд.

88. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонандагон уҳдадоранд, ки бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

89. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модари хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда), ки дар бандҳои 87-89-и Низомномаи мазкур нишон дода нашудааст, метавонад тариқи шартнома байни муассисаи таълимӣ ва падару модар дар асоси Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба танзим дароварда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

90. Пурра кардани ҳайати муассисаи таълимӣ бо омӯзгорон тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар асоси Оинномаи он ба танзим дароварда мешавад.

91. Ба кори педагогӣ шахсоне, ки дорои таҳсилоти касбии омӯзгорӣ ва ҳуҷҷати дахлдор оид ба тасдиқи талаботи тахассусӣ барои иҷрои вазифаи ишғолнамуда мебошанд, қабул карда мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти педагогӣ шахсони зерин роҳ дода намешаванд:

- бо ҳукми суд фаъолияташон дар мӯҳлати таъиннамудаи суд манъ шуда бошад;

- фаъолияташон аз рӯи хулосаи комиссияи тиббӣ манъ шуда бошад.

91(1). Дар ҳолатҳои истисноӣ ба кори педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ метавонанд донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисосҳои алоҳида ва курси 5-уми ихтисосҳои ҳамгирои шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равияи омӯзгорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм қабул карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187, аз 27.07.2024 № 431).

92. Муносибати меҳнатии корманд бо муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба низом дароварда мешавад.

93. Омӯзгорон ҳуқуқ доранд:

- шаклу усулҳои самарабахши таълимро интихоб ва татбиқ кунанд;

- ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд;

- шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ аз аттестатсия гузарад;

- дар кори худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд;

- барои мутолиа ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд;

- ҷиҳати таҳким бахшидани фаъолияти касбӣ такмили ихтисос ва бозомӯзии худро ба роҳ монанд;

- барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.

94. Омӯзгорон уҳдадоранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431):

- оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;

- сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;

- азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;

- дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омӯзгорӣ худро дар канор нагиранд;

- аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд;

- дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд;

- вобаста ба имконият дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд;

- меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон дар раванди дарс қатъӣ риоя намоянд;

- ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд;

- бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;

- меъёрҳои забони давлатиро донанд ва риоя намоянд;

- аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берун аст, худдорӣ намоянд;

- дар раванди фаъолияти касбии худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;

- вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, маводи методиву назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд;

- маводи нави илмӣ, таълимӣ, методӣ, рӯзномаву маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;

- барои дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани хонандагон саъю талош намоянд;

- қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории хонандагонро муайян намуда, барои инкишофи онҳо мусоидат намоянд;

- барои рушди камолоти хонандагон шароит фароҳам оваранд;

- услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва хонандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд;

- аттестатсияи ҷорӣ, аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши хонандагии баҳои воқеӣ гузоранд;

- хонандагонро дар рӯҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд;

- оид ба ҳолатҳои аз ҷониби хонандагон халалдор шудани тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан ва напӯшидани сару либоси тавсиявӣ, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модаронашонро (шахсони онҳоро ивазкунандаро) сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд.

95. Ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва вазифаҳои дигари омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

96. Ҳаҷми сарбории таълимӣ (кори педагогӣ) барои омӯзгорон бо назардошти миқдори соатҳои нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ, таъминоти кадрӣ ва шароитҳои дигари корӣ дар муассисаи таълимии мазкур муқаррар карда мешавад. Ҳаҷми сарбории таълимӣ ба кормандони педагогӣ аз рӯи як воҳиди корӣ (ставка) муқаррар карда мешавад. Дар сурати нарасидани кадрҳои педагогӣ мувофиқи қобилияти омӯзгор то 1,5-2 воҳиди корӣ (ставка) сарборӣ додан мумкин аст. Барои директори муассисаи таълимӣ дар як ҳафта 12 соати дарсӣ ва ба муовинони директор то 16 соати дарсӣ иҷозат дода мешавад. Сарбории таълимии аз як воҳиди корӣ (ставка) кам танҳо бо розигии хаттии корманд муқаррар карда мешавад. Сарбории дар аввали сол ба корманди педагогӣ муқарраршуда дар давоми сол аз тарафи маъмурият, ба истиснои ҳолатҳои каму зиёд шудани соатҳо дар нақша ва барномаҳои таълимӣ ва ихтисор шудани синфхонаҳо каму зиёд карда намешавад. Вобаста ба миқдори соатҳои дар нақшаи таълимӣ пешбинишуда, сарбории таълимии корманди педагогӣ метавонад дар нимсолаи якум ва дуюми таҳсил тағйир дода шавад. Ҳангоми муайян намудани сарбории таълимии корманди педагогӣ дар соли нави таҳсил ба омӯзгорон ва кормандони педагогие, ки муассисаи таълимии мазкур барояшон ҷойи кори асосӣ ба ҳисоб меравад, миқдори соат ва бартарияти таълими фанни тахассусӣ дар синфҳо нигоҳ дошта мешавад. Ба зиммаи корманди педагогӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фармоиши директор вазифаи роҳбари синф гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187).

97. Кормандони муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд ба талаботи тахассусии ин муассиса мутобиқ бошанд ва уҳдадоранд, ки тибқи Оинномаи муассисаи таълимии мазкур фаъолият намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

5. ИДОРАКУНИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

98. Идоракунии муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки дар асоси Низомномаи мазкур таҳия мешавад, амалӣ мегардад. Дар ҳолати мақомоти ваколатдор дар соҳаи маориф ба ҷараёни таълиму тарбия, хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти муассисаи таълимӣ танҳо дар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

99. Шаклҳои худидоракунии татбиқшаванда дар фаъолияти муассисаи таълимӣ, Шӯрои педагогӣ, Шӯрои сарпарастон, маҷлиси умумӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ, кумитаи хонандагон ва ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорон мебошанд. Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба худидоракунии муассисаи таълимӣ кӯмак мерасонанд. Тартиби интихоби мақомоти худидоракунии муассисаи таҳсилоти умумӣ ва салоҳияти онҳо дар Оинномаи муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад. Шӯрои педагогӣ мақоми олии муассисаи таълимӣ ба ҳисоб рафта, ҷаласаи худро дар 2 моҳ як маротиба мегузаронад. Ҳангоми зарурат дар муассисаи таълимӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои педагогӣ гузаронида мешавад. Фаъолияти Шӯрои педагогӣ дар Низомномаи он муайян карда мешавад.

100. Роҳбарии бевоситаи муассисаи таҳсилоти умумиро директор амалӣ мегардонад. Директори муассисаи таҳсилоти умумии мақоми ҷумҳуриявидошта аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо аз тарафи мақоми маҳаллии идоракунии маориф ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Ба директори муассисаи таълимӣ, ба ғайр аз роҳбарии корҳои методӣ ишғоли дигар вазифаи роҳбарикунанда дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.

101. Директори муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи шартнома ба мӯҳлати 5 сол (вале на зиёда аз 2 мӯҳлат дар як муассиса) ба вазифа таъин карда мешавад. Таъин намудани директори муассисаи таҳсилоти умумӣ, ҷойивазкунӣ (ротатсия) ва аз вазифа озод намудани ӯ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187).

102. Директори муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд:

- таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ва собиқаи кори омӯзгории на кам аз 7-сола дошта бошад;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф ва равоншиносӣ донад;

- масъалаҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои таҳсилоти умумӣ дарк намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431);

- масъалаҳои менеҷмент ва маблағгузорӣ дар соҳаи маорифро донад.

103. Директори муассисаи таълимӣ дар назди давлат, ҷамъият, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассис ва хонандагон барои ташкил ва сифати корҳои таълиму тарбия, натиҷаҳои ниҳоии он, гирифтани донишу малака, маҳорати хонандагон, сатҳи тарбияи онҳо, нигоҳ доштани саломатӣ, инкишофи ҷисмонии хонандагон ва ҳолати молиявию хоҷагии муассисаи таълимӣ ва иҷрои вазифаҳои зерин ҷавобгар мебошад:

- риоя ва татбиқ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти умумӣ;

- дар якҷоягӣ бо Шӯрои педагогӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маорифи шаҳр, ноҳия муайян кардани самтҳои асосии рушди муассисаи таҳсилоти умумӣ;

- ба кор қабул намудани кормандони педагогӣ ва техникии муассисаи таҳсилоти умумӣ ва роҳбарӣ намудан ба Шӯрои педагогӣ;

- мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", қонунгузорӣ оид ба меҳнат, қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ, Низомномаи мазкур ва Оинномаи муассисаи таълимӣ муайян кардани доираи уҳдадориҳои хизматии кормандон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431);

- дар якҷоягӣ бо коллективи омӯзгорон амалӣ намудани Нақшаи кори солонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки бо мақомоти ваколатдори соҳаи маорифи шаҳр, ноҳия мувофиқа карда шудааст;

- фароҳам овардани шароит барои фаъолияти самарабахши омӯзгорон (амалӣ гардонидани ташаббус ва паҳн намудани таҷрибаҳои нав, интихоби озоди усул ва роҳҳои таълим), тибқи Қоидаҳои аз аттестасия гузаронидани кормандони идора ва шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузаронидани кормандон;

- мусоидати ҳамаҷониба ба кормандони педагогӣ барои дастгирии ҳуқуқҳои онҳо, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст;

- риояи қатъии қонунгузории амалкунанда, таъмини истифодабарии сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои аз дигар манбаъҳо воридшуда;

- ба мансаб таъин ва озод намудани муовинони худ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори соҳаи маорифи шаҳр, ноҳия (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187);

- пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти дахлдор оид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии ҷудошуда.

104. Бо мақсади инкишофу такмили ҷараёни таълиму тарбия, такмили ихтисоси омӯзгорон, мураббиён, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ шӯроҳои методӣ таъсис мешаванд, ки уҳдадориҳои хизматии онҳо дар Низомномаи онҳо инъикос меёбанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

105. Директори муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Муассис (муассисон) таъин гардида, ҳуқуқ, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва вазифаҳои вай дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2024 № 431).

6. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

106. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассис бо мақсади таъмин намудани фаъолияти оинномавӣ ба муассисаи таълимӣ бинову иншоот, таҷҳизот ва дигар молу мулки заруриро вобаста менамояд. Қитъаи замин ба муассисаҳои таълимӣ барои истифодаи бемӯҳлат бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Истифодаи қитъаи замини муассисаҳои таълимӣ хилофи таъиноти он манъ аст. Дар қитъаи замини барои муассисаи таълимӣ ҷудогардида сохтани дигар бино ва иншооти ғайрисоҳавӣ иҷозат дода намешавад. Гирифтани қитъаи замини ба муассисаи таҳсилоти умумӣ додашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

107. Ҳамаи намудҳои молу мулки муассисаи таҳсилоти умумӣ ва мақсади истифодаи онҳо дар оинномаи он зикр карда мешавад. Молу мулкеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти умумӣ вобаста намудааст, рӯёнидан ва бар хилофи вазифаҳои асосӣ истифода бурдан мумкин нест. Бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ба муассисаи дигари ғайритаълимӣ табдил дода намешавад.

108. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ аз тарафи муассис маблағгузорӣ карда мешавад.

109. Манбаи ташкили амвол ва захираҳои молиявии муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, аз инҳо иборат аст:

- маблағҳои буҷети давлатӣ;

- маблағҳои корхонаю ташкилотҳо ва сарпарастон;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187);

- аз ҳисоби эҳсонкориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 187);

- аз ҳисоби хизматрасонии иловагии таҳсилот;

- аз ҳисоби даромади маводи ба фурӯш баровардашуда;

- аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Хизматрасонии музднок набояд бар ивази фаъолияти аз маблағҳои буҷет пардохташаванда сурат гирад.

110. Маблағгузории муассисаи таълимӣ дар асоси меъёрҳои маблағгузории давлатии сарикасӣ ва маҳаллӣ сурат мегирад. Барои муассисаҳои таълимии хонандагонашон аз меъёр ками деҳот муайян кардани меъёри маблағгузорӣ новобаста аз шумораи хонандагон ба назар гирифта мешавад. Ба муассисаи таҳсилоти умумӣ ҷалб кардани маблағҳои иловагӣ барои кам шудани меъёри маблағгузорӣ аз буҷети Муассис сабаб шуда наметавонад.

111. Маблағҳои пулии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз буҷет маблағгузорӣ карда мешавад, ба суратҳисоби хазинадори маҳаллӣ гузаронида шуда, дар он нигоҳ дошта мешаванд.

112. Қоидаҳои пешбарии ҳисоботи муҳосиботӣ дар муассисаи таълимӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

113. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" дар муассисаи таҳсилоти умумӣ барои дар мавридҳои зарурӣ ба хонандагони оилаҳои камбизоат расонидани ёрии моддӣ фонди таълим таъсис дода мешавад. Фонди таълим аз ҳисоби маблағҳои хайриявии корхонаю муассисаҳо, ташкилоти иттифоқҳои касаба ва дигар манбаъҳо таъсис меёбад. Фонди таълим барои хӯроки бепули имтиёзнок, таъмини хонандагони эҳтиёҷманд бо китобҳои дарсӣ, сару либос, пойафзол ва дигар намуди ёрии моддӣ сарф мешавад.

114. Пардохти музди меҳнати кормандрни муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурищ Тоҷикистон сурат мегирад. Пардохти музди меҳнати кормандони муассисаи таълимии ғайридавлатиро Муассис муайян мекунад. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағҳои барои музди меҳнат ҷудокардашуда метавонанд музди меҳнатро мутобиқи меъёрҳои амалкунанда, аз рӯи натиҷаи ниҳоии кори ҳар як омӯзгор, ҳамчунин ба миқдори маоши хидматӣ (ставка) ва мукофотпулии меҳнатӣ, иловапулӣ муқаррар намоянд. Чунин иловапулиҳоро мутобиқи меъёрҳои мавҷудаи музди меҳнат барои маҳорати касбӣ, самарнокии кор, комёбиҳо дар меҳнат, иҷрои корҳои махсусан муҳим, такмили ихтисос, мукофотпулӣ ва корҳое, ки қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон муайян кардааст, истифода бурдан мумкин аст.

115. Муассисаи таълимӣ сохти идоракунӣ ва воҳидҳои кории худро дар мувофиқа бо Муассис муайян менамояд.

7. РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ

116. Муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пас аз мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида метавонад бо муассиса ва ташкилотҳои хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта бошад.

8. БАРҲАМДИҲӢ ВА АЗ НАВ ТАЪСИС ДОДАНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

117. Барҳамдиҳӣ ва аз нав таъсис додани муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

118. Дар сурати барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти умумӣ мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронидани хонандагонро мувофиқи хоҳиши онҳо ба дигар муассисаҳои таълимии мувофиқ таъмин менамоянд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" июни соли 2016, № 237

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 484, аз 28.03.2024 № 187)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомномаи намунавӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳия гардида, тартиби фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумиро, новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравиашон, ба танзим медарорад.

2. Дар Низомномаи намунавии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ - намуди муассисаи таълимие, ки синфҳои 1-4-ро ба таҳсил фаро мегирад (мӯҳлати таҳсил 4 сол);

- муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ - намуди муассисаи таълимие, ки синфҳои 5-9-ро ба таҳсил фаро мегирад (мӯҳлати таҳсил 5 сол);

- муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ - намуди муассисаи таълимие, ки синфҳои 10-11-ро ба таҳсил фаро мегирад (мӯҳлати таҳсил 2 сол).

- муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида - равияҳои таҳсили ҷамъиятӣ-гуманитарӣ;

- гимназия - муассисаи таълимӣ бо равияи таҳсили фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ;

- литсей - муассисаи таълимӣ бо равияи таҳсили фанҳои табиӣ-риёзӣ.

3. Мақсади асосии муассисаи таҳсилоти умумӣ дар доираи азхудкунии стандарти давлатии таҳсилот аз ташаккул додани фарҳанги умумии шахсияти хонандагон дар асоси азхудкунии мазмуни ҳаддиақаллонаи ҳатмии барномаҳои таҳсилоти умумӣ, мутобиқ шудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, заминагузорӣ барои интихоби бошууронаи касб ва азхудкунии минбаъдаи барномаҳои таҳсилоти касбӣ, дар шуури хонандагон тарбия намудани ҳисси шаҳрвандӣ, меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон, муҳаббат ба табиат, Ватан, оила, омӯзгор ва ташаккули тарзи ҳаёти солим иборат аст.

4. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, Низомномаи намунавии мазкур ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумиро дастури амал қарор медиҳад.

5. Муассисаи таҳсилоти умумӣ метавонад барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва дар сурати доштани иҷозатнома (литсензия) барномаи таълимии таҳсилоти томактабиро амалӣ намояд. Муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки барномаи таълимии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагиро амалӣ менамояд, дар фаъолияти худ. ҳамчунин Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ ва Низомномаи намунавии таҳсилоти иловагиро ба роҳбарӣ мегирад.

6. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси Низомномаи мазкур ва тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Оинномаи худро таҳия менамояд.

7. Муассисаи таҳсилоти умумӣ барои татбиқи ҳуқуқи кафолатнок ба гирифтани таҳсилоти умумии ройгон дар ҳамаи зинаҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлат кафолат додааст, шароит муҳайё месозад.

8. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;

- қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- афзалиятнокии соҳаи маориф дар ҳама сатҳи идоракунии давлатӣ;

- ҳатмӣ будани таҳсилоти умумии асосӣ;

- дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;

- афзалиятнокии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;

- муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;

- ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилотӣ;

- ягонагии фазри маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;

- ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатню ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;

- мустақилияти муассисаҳои таълимӣ;

- раванди муттасили таҳсил;

- мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- рушди соҳаи маориф бо дарназардошти, стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;

- ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;

- пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;

- ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.

9. Муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ дар ҳар се зинаи таҳсилот амалӣ карда, масъулияти иҷрои барномаи таълиму тарбияро ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат ба зимма мегирад ва барои рушди ҳаматарафаи шахсият, аз ҷумла имконияти қонеъ кардани эҳтиёҷоти ӯро ба худомӯзи ва гирифтани таҳсилоти иловагӣ таъмин менамояд.

10. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси талаботи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати таҳсилот ва талаботи стандарти давлатии таҳсилот барои комилан мувофиқат кардани раванди таълим ба синну сол, хусусиятҳои психофизиологӣ, майл, қобилият, завқи хонанда, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти онҳо масъул мебошад.

11. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ба ташкилу фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва ташкилоти динӣ иҷозат дода намешавад.

12. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси худи Муассис ва падару модарон Шӯрои ҷамъиятӣ, кумитаи падару модарон, ассотсиатсияи падару модарон ва омӯзгорон, Шӯрои сарпарастон ташкил карда мешавад.

13. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои гуногуни созмонҳои хонандагон таъсис додан мумкин аст 187.

14. Бо дарназардошти эҳтиёҷот ва имкониятҳои шахс дар муассисаи таҳсилоти умумӣ барномаҳои таълимӣ дар шакли таҳсили рӯзона, ғоибона (шабона), фарогир ва тариқи экстернат, ҳамчунин вобаста ба ҳолати ҷисмонӣ ва равонии онҳо тариқи таҳсилоти инфиродӣ тибқи низомномаҳои тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Низомномаҳои шакл ва намудҳои дигари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Низомномаи мазкур таҳия карда мешаванд.

15. Гирифтани ҳамаи шаклҳои таҳсилот дар доираи барномаҳои асосии таҳсилоти умумӣ ва Стандарти ягонаи давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

16. Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси Муассис (муассисон) таъсис ёфта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Муассисаи таҳсилоти умумӣ аз лаҳзаи аз қайди давлатӣ гузаштан шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти ғайритиҷоратӣ) ба ҳисоб меравад.

17. Ба ихтиёри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо супоридани муассисаи таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супоридани муассисаи таълимии дорои мақоми вилоятиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

18. Агар муносибатҳои байни муассис ва муассисаи таҳсилоти умумӣ дар Оинномаи муассисаи таълимӣ танзим нагашта бошанд, пас онҳо бо шартномаи байни онҳо басташаванда муайян мегарданд.

19. Муассисаи таҳсилоти умумӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо менамояд.

20. Муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мегузарад.

21. Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо қарори муассис метавонад мақомашро дигар намояд, агар он бархилофи ӯҳдадориҳои муассисаи таълимӣ набошад.

22. Барҳам додани муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

23. Муассисаи таҳсилоти умумӣ метавонад дорои филиалҳои худ бошад, ки аз рӯи суроғаи ҷойгиршавии воқеӣ ба қайд гирифта мешаванд. Иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи ин филиалҳо тибқи тартиботи муқарраргардида барои муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад. Филиалҳои аз ҷониби муассис таъсисёбанда шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолияти молиявии филиалҳои худро таъмин менамояд ва филиалҳо дар асоси Низомномаи тасдиқгардидаи муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд. Роҳбарони филиалҳоро муассиси онҳо таъсис дода таъин ва озод менамояд. Роҳбарони филиалҳо дар асоси ваколатномаи директори муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд.

24. Муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил намудани иттиҳодияҳои таълимӣ бо мақсади рушд ва такмили таҳсилот ташкил ёфта, тибқи оинномаҳои худ фаъолият менамоянд.

25. Хизматрасонии тиббии хонандагонро дар муассисаи таҳсилоти умумӣ кормандони соҳаи тиб, ки аз ҷониби мақомоти тандурустӣ ба ин муассисаи таҳсилоти умумӣ вобаста шудаанд, таъмин менамоянд. Онҳо ҳамзамон баробари роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кормандони педагогӣ дар гузаронидани чорабиниҳои табобатию пешгирии беморӣ, риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ, реҷа ва сифати хӯроки хонандагон масъул мебошанд. Муассисаи таҳсилоти умумӣ вазифадор аст, ки барои кормандони соҳаи тиб шароити мусоиди корӣ муҳайё созад.

26. Ташкили хӯрок дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба ӯҳдаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва идораи хӯроки умумӣ гузошта мешавад. Дар ошхонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд ҷойи хӯрокхӯрӣ барои хонандагон, инчунин анбори нигоҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тайёр намудани хӯрок мавҷуд бошад.

27. Шумораи синфҳо дар муассисаи таҳсилоти умумӣ вобаста ба ҷойҳои пешбинишуда дар бинои таълимӣ ва шароите, ки бо дарназардошти меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ барои амалӣ намудани раванди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст, муайян карда мешавад.

28. Теъдоди хонандагон дар синфхона ва гурӯҳҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва гурӯҳҳои рӯзаш бардавом 25 нафар муайян карда мешавад. Дар ҳолати мавҷуд будани шароити мусоиди таълим ё зарурат ва ҷудо гардидани маблағ ба ташкили синфҳо ва гурӯҳҳои рӯзашон бардавом бо теъдоди хонандагони камтар аз 25 нафар иҷозат дода мешавад.

29. Теъдоди хонандагони синфҳои муассисаи таҳсилоти умумӣ дар деҳот (аз ҷумла, дар мактабҳои камнуфус) вобаста ба эҳтиёҷоти фарзандони аҳолӣ муайян карда мешавад.

30. Муассисаи таълимӣ метавонад бо дархости падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) гурӯҳҳои рӯзаш бардавом ташкил намояд.

31. Мақомоти идоракунии соҳаи маориф дар мувофиқа бо Муассис метавонад барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаи таҳсилоти умумӣ синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) ташкил намояд. Қабули (гузариши) хонандагон ба синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф танҳо бо розигии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) тибқи хулосаи Комиссияи равонӣ-тиббӣ-педагогӣ амалӣ карда мешавад. Муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳангоми ташкили синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) Низомномаи таҳсилоти фарогирро (инклюзивиро) ба роҳбарӣ мегирад 187.

32. Дар сурати зиёд будани шумораи хонандагони синф дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр аз 25 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот аз 20 нафар ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои забони давлатӣ дар синфҳои 2-11, забони русӣ дар синфҳои 211, забони хориҷӣ дар синфҳои 3-11, технология дар синфҳои 511, технологияи иттилоотӣ дар синфҳои 7-11 ва машғулиятҳои амалии фанҳои таълимӣ барои зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилоти умумӣ, тарбияи ҷисмонӣ барои зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ, информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ, физика ва химия (ҳангоми машғулиятҳои амалӣ) ба ду гурӯҳ ҷудо кардани синф иҷозат дода мешавад. Шумораи хонандагони ҳар як синф ва ба гурӯҳҳо тақсим кардани онҳоро дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ муассис муайян менамояд.

3. РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

33. Муассисаи таҳсилоти умумӣ раванди таҳсилро мувофиқи барномаҳои таълимӣ дар 3 зинаи таҳсилот амалӣ менамояд:

- зинаи якум - таҳсилоти ибтидоӣ;

- зинаи дуюм - таҳсилоти умумии асосӣ;

- зинаи сеюм - таҳсилоти миёнаи умумӣ.

Муассисаи таҳсилоти умумӣ метавонад зинаҳои таҳсилотро мустақилона ва ё якҷоя амалӣ намояд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ (синфҳои 1-4), умумии асосӣ (синфҳои 5-9) ва миёнаи умумиро (дар синфҳои 10-11) амалӣ намуда, онҳо тайёрии иловагии (амиқи) хонандагонро аз рӯи равияи як ё якчанд фан таъмин менамоянд. Гимназия барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ (синфҳои 1-4), асосӣ (синфҳои 5-9) ва миёнаи умумиро (дар синфҳои 10-11) амалӣ намуда, тайёрии иловагии хонандагонро аз рӯи фанҳои равияи гуманитарӣ таъмин менамояд. Литсей барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 5-9) ва миёнаи умумиро (синфҳои 10-11) амалӣ намуда, тайёрии иловагии (амиқи) хонандагонро аз рӯи фанҳои равияи техникӣ ё табиӣ-математикӣ таъмин менамояд. Инчунин, метавонад барномаҳои таҳсилоти ибтидоиро (дар синфҳои 1-4) амалӣ гардонад.

34. Вазифаи муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ аз тарбия ва инкишофи фикрии хонанда, ба онҳо таълим додани хондан, навиштан, ҳисоб кардан, ёд додани малакаи асосии фаъолияти таълимӣ, унсурҳои ақидаронии назариявӣ, оддитарин малакаи худидоракунӣ, фарҳанги сухангӯй ва рафтор, асосҳои гигиенаи шахсӣ ва тарзи ҳаёти солим, обу тоби ҷисмонӣ, бедор намудани шавқу завқашон ба таҳсил ва маърифатҷӯӣ, омодагӣ ба омӯзиши ҳаматарафаи забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ иборат аст. Таҳсилоти ибтидоӣ заминаи гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ мебошад.

35. Вазифаи муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ аз инҳо иборатанд:

- фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳиб шудан ва аз худ намудани донишҳо аз рӯи равияҳои таълимии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ;

- ташаккули маҳорати истифодабарӣ аз сарчашмаҳои гуногуни маълумот;

- аз худ намудани асосҳои илм;

- маҳорати меҳнати ақлонӣ ва ҷисмонӣ;

- ташаккули қобилияти фаъолияти маърифатӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тамоюлҳои арзишнок, меъёрҳои ахлоқу одоб ва фарҳанг;

- ташаккули мавқеи фаъол дар зиндагӣ, омодагӣ ба худмуайянкунии касбӣ ва идомаи таҳсил;

- ташаккул додани мавқеи шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги ахлоқӣ ва муносибатҳои оиладорӣ, ақида ва боварӣ дар хонандагон;

- муайян намудани самти ҷараёни таълим ва тарбия дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рафтори бошууронаи хонандагон;

- таҳсилоти умумии асосӣ барои дарёфти таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ замина мебошад.

36. Вазифаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини омодагии таҳсилоти умумии хонандагон дар сатҳи зарурӣ;

- қонеъ гардонидани талаботи таьлимии онҳо, бо дарназардошти касбӣ, завқ ва қобилият;

- фароҳам овардани шароит ҷиҳати аз худ намудани намудҳои фаъолиятҳои гуногуни маърифатӣ, эҷодӣ, иртиботӣ;

- ташаккули омодагӣ барои идомаи таҳсил;

- ташаккул додани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ;

- инкишофи ҷаҳонбинии хонандагон;

- омодагӣ ба идомаи таҳсил ва иштирок дар раванди меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва ҳаёти оилавӣ;

- таҳсилоти миёнаи умумӣ асоси дарёфти таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи барномаҳои мухтасари таълимӣ, ба ғайр аз шаклҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷозат дода намешавад, Мувофиқи дархости хонандагон ва падару модарони онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳангоми мавҷуд будани шароит дар муассисаи таҳсилоти умумӣ мумкин аст таълим аз рӯи равияҳои гуногун ва самтҳои касбӣ ҷорӣ карда шавад.

37. Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ, фарогир ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалигардонии онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот: рӯзона, шабона, ғоибона, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд.

38. Ба синфи якум кӯдакони 7-сола ё онҳое, ки то охири моҳи декабр ба синни 7 медароянд, қабул карда мешаванд. Сабти номи кӯдакон то оғози соли таҳсил анҷом ёфта, бо фармошпи директори муассисаи таълимӣ ба расмият дароварда мешавад. Хонанда бо хоҳиши худ ё хоҳипш падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) метавонад муассисаи таълимиро интихоб намояд. Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсил ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ба истиснои ҳолатҳои беморӣ, ҳатмист.

39. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбияи таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд ва бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.

40. Забони таҳсил, ки дар муассисаи таҳсилоти умумӣ амалӣ карда мешавад, аз тарафи муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, дар Оинномаи муассисаи таълимӣ нишон дода мешавад. Интихоби озоди забони таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии синфҳо, гурӯҳҳо ва шароити мусоид барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои давлатии таҳсилот ҳатмист. Таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

41. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва майлу рағбати хонандагон дар асоси шартнома таълими иловагии пулакӣ, берун аз Нақшаи таълимӣ тавассути барномаҳои алоҳидаи таълимӣ омӯзиши фанҳое, ки дар стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд ва ё омӯзиши амиқи мавзӯъҳо аз рӯи фанҳои алоҳидаи дар Нақшаи таълимӣ овардашуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ ташкил карда мешавад. Соатҳои иловагӣ дар доираи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хонандагони синфҳои 1-11 муқаррар карда шудааст, ба роҳ монда мешавад. Муассисаи таҳсилоти умумӣ онро дар Оинномаи худ ба инобат мегирад.

42. Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар интихоби шаклу метод ва маводи таълиму тарбия дар доираи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустақил мебошад.

43. Ҷараёни таълим дар муассисаи таҳсилоти умумӣ аз рӯи Нақшаи таълимӣ амалӣ мешавад, ки он мустақилона аз ҷониби муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад. Тартиби кори муассисаи таҳсилоти умумӣ аз рӯи ҳафтаи 5 ё 6 рӯзаи таълимӣ дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Сарбории таълимӣ ва тартиби гузаронидани машғулиятҳои хонандагон дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи талаботи беҳдоштиву санитарӣ иишон дода мешавад. Дар Нақшаи таълимии муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст, теъдоди соатҳои ба таълими фанҳои ҷудошуда (сикли фанҳо) бояд аз теъдоди соатҳои дар Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда кам набошад.

44. Ҷадвали дарсҳо дар муассисаи таҳсилоти умумӣ аз тарафи директори муассисаи таълимӣ (ё муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия, ки ӯро иваз мекунад) тасдиқ карда мешавад. Дар ҷадвали дарсҳо теъдоди ҳафтаинаи дарсҳо (барои синфҳои 1-4 5 рӯз ва 5-11 б рӯз), давомнокӣ ва пайдарҳамии онҳо нишон дода мешавад. Дар ҷадвали дарсҳо ҳамчунин, танаффусҳои зарурӣ барои истироҳат ва хӯрохӯрии хонандагон пешбинӣ карда мешавад.

45. Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои 135 дақиқа ва барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад.

46. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8-00 ва дар басти дуюм соати 13-10 оғоз мешаванд. Новобаста аз давомнокии ҳафтаи таълимӣ сарбории таълимии рӯзона дар синфҳо набояд аз меъёри муқаррарнамудаи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ ва Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 484).

47. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар маҳалҳо нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст, тағйир дода наметавонанд.

48. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти майлу хоҳиш, ҳусни таваҷҷӯҳ, шавқу завқи хонандагон, эҳтироми тарафайн, ҳамкории хонандаю омӯзгор ташкил карда мешавад. Вазифаи асосӣ аз тарбия намудани ҳимоятгари Ватан, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ, муқаддасоти миллӣ, фарҳанг, муносибати некбинона бо халқу миллатҳои дигар, меҳнат, риояи қонун ва робитаи инсон ба ҷомеа иборат мебошад.

49. Соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 сентябр оғоз гардида, 31 май ба анҷом мерасад. Давомнокии соли таҳсил бе баҳисобгирии аттестатсияи давраи ҷамъбастӣ 35 ҳафтаи таълим (барои синфҳои якум 34 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба ду нимсола ва чор чоряк тақсим мешавад 187:

- нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр;

- нимсолаи дуюм аз 8 январ то 31 май.

Дар нимсолаи аввал:

- чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр;

- чоряки дуюм аз 8 ноябр то 31 декабр.

Дар нимсолаи дуюм:

- чоряки сеюм аз 8 январ то 20 март;

- чоряки чорум аз 30 март то 31 май.

Дар давоми сол сатҳи дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шурои педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар муассисаҳои таълимӣ таътил чунин муқаррар карда мешавад:

- таътили тирамоҳӣ 7 рӯз (аз 1 то 7 ноябр);

- таътили зимистона 7 рӯз (аз 1 то 7 январ);

- таътили баҳорӣ 5 рӯз (аз 25 то 29 март);

- таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад;

- машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои якум як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд;

- дар ҳолатҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил ва таҳсил танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф сурат мегирад 187.

50. Муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳангоми интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиб ва давраҳои санҷиши фосилавии хонандагон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

51. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки сиёсати давлатии таҳсилотро амалӣ менамояд, ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ карда мешавад. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ низ аз тарафи мақоми мазкур амалӣ мегардад 187.

52. Шакли асосии муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таҳсилоти умумӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ ба меъёрҳои муқарраршуда аттестатсияи (аккредитатсияи) муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошад, ки бо тартиби муқарраршуда дар 5 сол як маротиба мегузарад.

4. ИШТИРОКЧИЁНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

53. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ хонандагон, тарбиягирандагон, кормандони педагогӣ, мураббиён ва падару модарони хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда) иштирокчиёни раванди таълим мебошанд.

54. Тартиби қабули хонандагон ва кормандон ба муассисаи таълимӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" муқаррар гардида, аз тарафи Муассис дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба расмият дароварда мешавад.

55. Ба муассисаи таҳсилоти умумӣ ба қайд гирифтани ноболиғони дар ҳудуди маҳалли муассисаи таълимӣ зиндагидошта ҳатмӣ мебошад 187.

56. Муассисаи таҳсилоти умумӣ вазифадор аст, ки хонандагони қабулшуда ва падару модарони онҳоро (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо Оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти муассисаи таълимии мазкурро ба танзим медарорад, шинос намояд.

57. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хонандагон, падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳамчун иштирокчиёни раванди таълиму тарбия дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаьолияти муассисаи таълимиро ба танзим медарорад, муайян карда мешавад.

58. Хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ҳуқуқ доранд:

- новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба ҷараёни таълим фаро гирифта шаванд;

- дар ҳамаи зинаҳои муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ ба таври ройгон таҳсил намоянд;

- тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти умумӣ аз рӯи нақшаҳои таълимии инфиродӣ таълим гиранд, аз курсҳои таълимии кӯтоҳмуддат гузаранд. Шартҳои таҳсил аз рӯи нақшаи таълими инфиродӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи маориф ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба танзим дароварда мешавад;

- аз китобхонаи муассисаи таълимӣ ройгон истифода баранд;

- аз хизматрасонии иловагии таҳсилот (аз ҷумла пулакӣ) истифода намояд;

- дар идоракунии муассисаи таълимӣ ширкат варзанд;

- шаъну шарафи инсонӣ, озодии виҷдонро ҳимоя карда, назари шахсӣ ва андешаашонро озодона баён кунанд;

- баъди хатми зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот ва бомуваффақият гузаштан аз аттестатсия ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ гиранд.

59. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳуқуқ доранд, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намоянд. Низомнома дар бораи олимпиадаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад

60. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ вазифадоранд:

- оинномаи муассисаҳои таҳсилоти умумиро риоя намоянд;

- барномаҳои таҳсилоти умумиро дар сатҳи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти умумӣ аз худ намоянд;

- анъанаҳои халқи тоҷик ва халқҳои дигареро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, шаъну шарафи хонандагон ва кормандони педагогии муассисаи таҳсилоти умумиро эҳтиром намоянд;

- ба моликияти муассисаи таҳсилоти умумӣ эҳтиёткорона муносибат кунанд;

- вазифаҳои дигари хонандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ муқаррар карда мешавад.

61. Қоидаҳои рафтор дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аз тарафи ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим ба ҷо оварда мешавад. Истифодаи усулҳои зӯроварӣ (ҷисмонӣ ва равонӣ) нисбат ба хонандагон дар муассисаи таҳсилоти умумӣ иҷозат дода намешавад.

62. Дар муассисаи таълимӣ ҷалб намудани хонандагон ба меҳнате, ки дар барномаҳои таълимӣ пешбинӣ нашудааст, манъ аст.

63. Ба хонандагон барои аъзо шудан ба узвияти созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ (иттиҳодияҳо), ҳизбу ҳаракатҳо, ҳамчунин ширкат дар таблиғи чунин созмонҳо, маъракаҳои таблиғотӣ ва сиёсӣ иҷозат дода намешавад.

64. Хонандагони муассисаҳои таҳсилот, ки барномаҳои таълимиро дар соли таҳсил пурра аз худ кардаанд, пас аз гузаштан аз аттестатсия ба синфи дигар гузаронида мешаванд. Хонандагони синфҳои 2-3, ки аз 2 фанни таълимӣ баҳои солонаи ғайриқаноатбахш доранд, бо қарори Шӯрои педагогӣ такроран дар синфашон мононда мешаванд.

65. Хонандагони синфҳои 4-8, 9, 10 (11), ки аз 2 фанни таълимӣ баҳои солона ва ё ҷамъбастии ғайриқаноатбахш доранд, бо қарори Шӯрои педагогӣ ба аттестатсияи такрории тобистона мононда мешаванд. Масъулияти бартараф кардани қарздории хонанда дар давоми соли таҳсил ба зиммаи омӯзгори фаннӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) гузошта мешавад. Дар вақти тобистон (моҳи август) бо ин хонандагон машғулиятҳои иловагии таълимии дуҳафтаина ташкил карда, масъалаи гузаронидани онҳо ба синфи дигар баъди натиҷаи аттестатсияи такрорӣ ҳал карда мешавад.

66. Идомаи таҳсили хонандагоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил карда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегарданд, дар асоси қоидаҳои умумии қабули тарбиятгирандагон ва таълимгирандагон ба муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф қабул карда мешавад, ба роҳ монда мешавад 187.

67. Хонандагони синфҳои 1-11 мувофиқи вазъи саломатӣ дар асоси хулосаи тиббӣ аз дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ озод мегарданд ва ин барои аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаи таълимӣ монеъ шуда наметавонад.

68. Хонандагони синфи як дар синфашон такроран мононда намешаванд.

69. Азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо аттестатсияи хатӣ анҷом меёбад. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.

70. Агар хонанда аз фанне, ки ба аттестатсия дохил карда шудааст, баҳси солонаи ғайриқаноатбахш дошта бошанд, ба аттестатсияи ҳамон фан роҳ дода нашуда, ба аттестатсияи такрории тобистона мононда мешавад ва баъди ислоҳи баҳои солона ва супоридани аттестатсияи такрорӣ ба синфи дигар гузаронида мешавад.

71. Аттестатсияи такрории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар моҳи август бо қарори раёсат ва шӯъбаҳои маориф муқаррар ва гузаронида мешавад.

72. Оид ба аттестатсияи такрорӣ ва ислоҳи баҳои солона санади тасдиқкунанда тартиб дода шуда, санади мазкур дар ҷузвдони аттестатсионии синф ва нусхаи он дар парвандаи шахсии хонанда нигоҳ дошта мешавад.

73. Хонандагони синфи 11 (12), агар аз фанне, ки ба аттестатсия дохил карда шудааст, баҳои солонаи ғайриқаноатбахш дошта бошанд, ба аттестатсияи ҳамон фан роҳ дода намешаванд. Ҳамчунин, дар сурати аз аттестатсия баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан ва ё доштани баҳои ғайриқаноатбахш аз ягон фанни таълимӣ ба онҳо дар бораи шунидани курси таҳсилоти миёнаи умумӣ бо нишон додани баҳои ҳамаи фанҳои таълимӣ маълумотнома (справка) дода мешавад. Онҳо метавонанд дар мӯҳлати 3 сол (адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ин мӯҳлат дохил намешавад) дар ҳамон муассисаи таълимие, ки таҳсил кардаанд, аз аттестатсия гузаранд. Пас аз сипарӣ шудани мӯҳлати муқарраргардида танҳо бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (баъди пешниҳоди аризаи шахсӣ, маълумотнома аз муассисаи таҳсилоти умумӣ, ҷамъбасти баҳои нимсолаш 1, 2 ва солона, қарори Шӯрои педагогӣ оид ба роҳ додан ба аттестатсияи хатм ва фармоиши директори муассисаи таълимӣ оид ба роҳ додан ба аттестатсияи хатм) роҳ дода мешавад. Таҳсили такрории хонандагон дар синфи 11 (дар шакли рӯзона) иҷозат дода намешавад 187.

74. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба истиснои хонандагони синфи як), ки 40 рӯз ва зиёда аз он пай дар пай ба дарсҳо бесабаб иштирок накардаанд, дар синфашон такроран мононда мешаванд.

75. Масъалаи аз синф ба синф гузаронидан ва ба аттестатсия роҳ додани хонандагонеро, ки то 80 рӯз бо сабаби беморӣ ба дарсҳо иштирок накардаанд, дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиққунанда (хулосаи Комиссияи машваратӣ-тиббӣ) Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ баррасӣ менамояд.

76. Дар сурати ба ҷойи дигар кӯчида рафтани хонанда, ба ӯ ҳуқуқ дода мешавад, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор бо роҳхати раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳр (ноҳия) дар муассисаи таълимии ҷойи нави истиқоматиаш аз аттестатсия гузарад.

77. Ба шахсоне, ки зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро дар муассисаи таҳсилоти умумӣ хатм намудаанд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад.

78. Ба шахсоне, ки зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад.

79. Ба хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро хатм намуда, аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, доир ба хатми зинаи марбутаи таҳсилот аттестат бо мӯҳри нишони давлатидошта дода мешавад.

80. Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1-9)-ро бо баҳои "5" (аъло) хатм кардаанд, аттестати аъло дода мешавад.

81. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо аттестати аъло хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои "5" (аъло) таҳсил намуда, аттестатсияи хатмро бо баҳои "5" (аъло) супорида, рафтори намунавӣ доранд, ба медали тилло ва аттестат дар бораи хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз рӯи гирифтани равияҳо) тибқи Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

82. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо аттестати аъло хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) аттестатсияи хатмро бо баҳои "5" (аъло) супорида, рафтори намунавӣ доранд, лекин аз рӯи на бештар аз ду фан баҳои солонаи "4" (хуб) дошта аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии "5" (аъло) доранд ва аттестатсияи хатми синфи 11 (12)-ро бо баҳои "5" (аъло) супоридаанд, ба медали нуқра ва аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз рӯи равияҳо) тибқи Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Хатмкунандагоне, ки дар омӯзиши як ё зиёда фанни таълимӣ муваффақиятҳои махсус ба даст овардаанд, бо Ифтихорномаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мукофотонида мешаванд.

83. Хонандагоне, ки аз синф ба синф гузаштаанд ва аз фанҳои таълимӣ ба пешравиҳо ноил гашта, аз ҷамъбасти чорякҳо баҳои аъло доранд, бо Ифтихорномаи "Барои хониши аъло"-и муассисаи таҳсилоти умумӣ қадр карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 484).

84. хориҷ карда шуд 187.

85. Хонандаи ба синни 16-солагӣ расида, ки борҳо талаботи Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва тартибу қоидаҳои дохилимактабиро вайрон карда, рафтори ношоиста нишон медиҳад, инчунин ба муассиса зарари моддӣ мерасонад, бо қарори Шӯрои педагогӣ аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад. Хориҷ кардани хонанда аз муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки тадбирҳои тарбиявии татбиқшуда натиҷа надода бошанд ва таҳсили минбаъдаи хонандаи мазкур дар муассисаи таълимӣ ба хонандагони дигар таъсири манфи расонида, ҳуқуқҳои онҳоро халалдор месозад ва ба фаъолияти муқаррарии муассисаи таҳсилоти умумӣ таъсири манфӣ мерасонад. Хориҷ кардани хонандае, ки таҳсилоти умумии асосиро нагирифтааст, баъди огоҳ намудани падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва розигии комиссия оид ба корҳои ноболиғон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо амалӣ карда мешавад. Аз муассисаи таълимӣ хориҷ кардани кӯдакони ятиму бепарастор бо иҷозати комиссия оид ба корҳои ноболиғон ва мақомоти васояту парасторӣ амалӣ карда мешавад. Муассисаи таҳсилоти умумӣ вазифадор аст, ки дар муддати 3 рӯз падару модари хонанда (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро аз хориҷ кардани хонанда огоҳ намояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо падару модари хонандае, ки (шахсони онҳоро ивазкунанда) аз муассисаи таълимӣ хориҷ шудааст, дар муддати як моҳ барои бо ҷойи кор таъмин намудани ноболиғ ва ё барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии дигар чораҳо меандешанд.

86. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои маориф" падару модарони хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда) дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

- барои фарзандони ноболиғашон муассисаҳои таълимӣ ва шакли таълимро интихоб намоянд;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд муроҷиат намоянд;

- ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳифз намоянд;

- дар кори мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд;

- барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.

87. Падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) ӯҳдадоранд:

- барои солимии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

- ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳифз намоянд;

- фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накӯкорӣ, муносибати эҳтиромона ба оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;

- бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд;

- ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд.

88. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонандагон ӯҳдадоранд, ки бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд

89. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модари хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда), ки дар бандҳои 87-89-и Низомномаи мазкур нишон дода нашудааст, метавонад тариқи шартнома байни муассисаи таълимӣ ва падару модар дар асоси Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба танзим дароварда шавад.

90. Пурра кардани ҳайати муассисаи таълимӣ бо омӯзгорон тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар асоси Оинномаи он ба танзим дароварда мешавад.

91. Ба кори педагогӣ шахсоне, ки дорои таҳсилоти касбии омӯзгорӣ ва ҳуҷҷати дахлдор оид ба тасдиқи талаботи тахассусӣ барои иҷрои вазифаи ишғолнамуда мебошанд, қабул карда мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти педагогӣ шахсони зерин роҳ дода намешаванд:

- бо ҳукми суд фаъолияташон дар мӯҳлати таъиннамудаи суд манъ шуда бошад;

- фаъолияташон аз рӯи хулосаи комиссияи тиббӣ манъ шуда бошад.

91(1). Дар ҳолатҳои истисноӣ ба кори педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ метавонанд донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисосҳои алоҳида ва курси 5-уми ихтисосҳои ҳамгирои шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равияи омӯзгорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф қабул карда шаванд 187.

92. Муносибати меҳнатии корманд бо муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба низом дароварда мешавад.

93. Омӯзгорон ҳуқуқ доранд:

- шаклу усулҳои самарабахши таълимро интихоб ва татбиқ кунанд;

- ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд;

- шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ аз аттестатсия гузарад;

- дар кори худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд;

- барои мутолиа ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд;

- ҷиҳати таҳким бахшидани фаъолияти касбӣ такмили ихтисос ва бозомӯзии худро ба роҳ монанд;

- барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.

94. Омӯзгорон ӯҳдадоранд:

- оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;

- сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;

- азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;

- дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омӯзгорӣ худро дар канор нагиранд;

- аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд;

- дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд;

- вобаста ба имконият дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд;

- меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон дар раванди дарс қатьӣ риоя намоянд;

- ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд;

- бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;

- меъёрҳои забони давлатиро донанд ва риоя намоянд;

- аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берун аст, худдорӣ намоянд;

- дар раванди фаъолияти касбии худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;

- вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, маводи методиву назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд;

- маводи нави илмӣ, таълимӣ, методӣ, рӯзномаву маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;

- барои дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани хонандагон саъю талош намоянд;

- қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории хонандагонро муайян намуда, барои инкишофи онҳо мусоидат намоянд;

- барои рушди камолоти хонандагон шароит фароҳам оваранд;

- услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва хонандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд;

- аттестатсияи ҷорӣ, аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши хонандагии баҳои воқеӣ гузоранд;

- хонандагонро дар рӯҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд;

- оид ба ҳолатҳои аз ҷониби хонандагон халалдор шудани тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан ва напӯшидани сару либоси тавсиявӣ, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модаронашонро (шахсони онҳоро ивазкунандаро) сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд.

95. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои дигари омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ муайян карда мешавад.

96. Ҳаҷми сарбории таълимӣ (кори педагогӣ) барои омӯзгорон бо назардошти миқдори соатҳои нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ, таъминоти кадрӣ ва шароитҳои дигари корӣ дар муассисаи таълимии мазкур муқаррар карда мешавад. Ҳаҷми сарбории таълимӣ ба кормандони педагогӣ аз рӯи як воҳиди корӣ (ставка) муқаррар карда мешавад. Дар сурати нарасидани кадрҳои педагогӣ мувофиқи қобилияти омӯзгор то 1,5-2 воҳиди корӣ (ставка) сарборӣ додан мумкин аст. Барои директори муассисаи таълимӣ дар як ҳафта 12 соати дарсӣ ва ба муовинони директор то 16 соати дарсӣ иҷозат дода мешавад. Сарбории таълимии аз як воҳиди корӣ (ставка) кам танҳо бо розигии хаттии корманд муқаррар карда мешавад. Сарбории дар аввали сол ба корманди педагогӣ муқарраршуда дар давоми сол аз тарафи маъмурият, ба истиснои ҳолатҳои каму зиёд шудани соатҳо дар нақша ва барномаҳои таълимӣ ва ихтисор шудани синфхонаҳо каму зиёд карда намешавад. Вобаста ба миқдори соатҳои дар нақшаи таълимӣ пешбинишуда, сарбории таълимии корманди педагогӣ метавонад дар нимсолаи якум ва дуюми таҳсил тағйир дода шавад. Ҳангоми муайян намудани сарбории таълимии корманди педагогӣ дар соли нави таҳсил ба омӯзгорон ва кормандони педагогие, ки муассисаи таълимии мазкур барояшон ҷойи кори асосӣ ба ҳисоб меравад, миқдори соат ва бартарияти таълими фанни тахассусӣ дар синфҳо нигоҳ дошта мешавад. Ба зиммаи корманди педагогӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фармоиши директор вазифаи роҳбари синф гузошта мешавад 187.

97. Кормандони муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд ба талаботи тахассусии ин муассиса мутобиқ бошанд ва вазифадоранд, ки тибқи Оинномаи муассисаи таълимии мазкур фаъолият намоянд.

5. ИДОРАКУНИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

98. Идоракунии муассисаи таҳсилоти умумӣ мутобиқи Қонуни ’Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки дар асоси Низомномаи мазкур таҳия мешавад, амалӣ мегардад. Дар ҳолати мақомоти ваколатдор дар соҳаи маориф ба ҷараёни таълиму тарбия, хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти муассисаи таълимӣ танҳо дар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

99. Шаклҳои худидоракунии татбиқшаванда дар фаъолияти муассисаи таълимӣ, Шӯрои педагогӣ, Шӯрои сарпарастон, маҷлиси умумӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ, кумитаи хонандагон ва ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорон мебошанд. Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба худидоракунии муассисаи таълимӣ кӯмак мерасонанд. Тартиби интихоби мақомоти худидоракунии муассисаи таҳсилоти умумӣ ва салоҳияти онҳо дар Оинномаи муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад. Шӯрои педагогӣ мақоми олии муассисаи таълимӣ ба ҳисоб рафта, ҷаласаи худро дар 2 моҳ як маротиба мегузаронад. Ҳангоми зарурат дар муассисаи таълимӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои педагогӣ гузаронида мешавад. Фаъолияти Шӯрои педагогӣ дар Низомномаи он муайян карда мешавад.

100. Роҳбарии бевоситаи муассисаи таҳсилоти умумиро директор амалӣ мегардонад. Директори муассисаи таҳсилоти умумии мақоми ҷумҳуриявидошта аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо аз тарафи мақоми маҳаллии идоракунии маориф ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Ба директори муассисаи таълимӣ, ба ғайр аз роҳбарии корҳои методӣ ишғоли дигар вазифаи роҳбарикунанда дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.

101. Директори муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи шартнома ба мӯҳлати 5 сол (вале на зиёда аз 2 мӯҳлат дар як муассиса) ба вазифа таъин карда мешавад. Таъин намудани директори муассисаи таҳсилоти умумӣ, ҷойивазкунӣ (ротатсия) ва аз вазифа озод намудани ӯ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

102. Директори муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд:

- таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ва собиқаи кори омӯзгории на кам аз 7-сола дошта бошад;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф ва равоншиносӣ донад;

- масъалаҳои ҳуқуқ ва вазифаҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои таҳсилоти умумӣ дарк намояд;

- масъалаҳои менеҷмент ва маблағгузорӣ дар соҳаи маорифро донад.

103. Директори муассисаи таълимӣ дар назди давлат, ҷамъият, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассис ва хонандагон барои ташкил ва сифати корҳои таълиму тарбия, натиҷаҳои ниҳоии он, гирифтани донишу малака, маҳорати хонандагон, сатҳи тарбияи онҳо, нигоҳ доштани саломатӣ, инкишофи ҷисмонии хонандагон ва ҳолати молиявию хоҷагии муассисаи таълимӣ ва иҷрои вазифаҳои зерин ҷавобгар мебошад:

- риоя ва татбиқ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти умумӣ;

- дар якҷоягӣ бо Шӯрои педагогӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маорифи шаҳр, ноҳия муайян кардани самтҳои асосии рушди муассисаи таҳсилоти умумӣ;

- ба кор қабул намудани кормандони педагогӣ ва техникии муассисаи таҳсилоти умумӣ ва роҳбарӣ намудан ба Шӯрои педагогӣ;

- мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", қонунгузорӣ оид ба меҳнат, қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ, Низомномаи мазкур ва Оинномаи муассисаи таълимӣ муайян кардани доираи вазифаҳои хизматии кормандон;

- дар якҷоягӣ бо коллективи омӯзгорон амалӣ намудани Нақшаи кори солонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки бо мақомоти ваколатдори соҳаи маорифи шаҳр, ноҳия мувофиқа карда шудааст;

- фароҳам овардани шароит барои фаъолияти самарабахши омӯзгорон (амалӣ гардонидани ташаббус ва паҳн намудани таҷрибаҳои нав, интихоби озоди усул ва роҳҳои таълим), тибқи Қоидаҳои аз аттестасия гузаронидани кормандони идора ва шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузаронидани кормандон;

- мусоидати ҳамаҷониба ба кормандони педагогӣ барои дастгирии ҳуқуқҳои онҳо, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст;

- риояи қатъии қонунгузории амалкунанда, таъмини истифодабарии сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои аз дигар манбаъҳо воридшуда;

- ба мансаб таъин ва озод намудани муовинони худ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори соҳаи маорифи шаҳр, ноҳия 187;

- пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти дахлдор оид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии ҷудошуда.

104. Бо мақсади инкишофу такмили ҷараёни таълиму тарбия, такмили ихтисоси омӯзгорон, мураббиён, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ шӯроҳои методӣ таъсис мешаванд, ки вазифаҳои хизматии онҳо дар Низомномаи онҳо инъикос меёбанд.

105. Директори муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Муассис (муассисон) таъин гардида, ҳуқуқ, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои вай дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ муайян карда мешавад.

6. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

106. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассис бо мақсади таъмин намудани фаъолияти оинномавӣ ба муассисаи таълимӣ бинову иншоот, таҷҳизот ва дигар молу мулки заруриро вобаста менамояд. Қитъаи замин ба муассисаҳои таълимӣ барои истифодаи бемӯҳлат бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Истифодаи қитъаи замини муассисаҳои таълимӣ хилофи таъиноти он манъ аст. Дар қитъаи замини барои муассисаи таълимӣ ҷудогардида сохтани дигар бино ва иншооти ғайрисоҳавӣ иҷозат дода намешавад. Гирифтани қитъаи замини ба муассисаи таҳсилоти умумӣ додашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

107. Ҳамаи намудҳои молу мулки муассисаи таҳсилоти умумӣ ва мақсади истифодаи онҳо дар оинномаи он зикр карда мешавад. Молу мулкеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти умумӣ вобаста намудааст, рӯёнидан ва бар хилофи вазифаҳои асосӣ истифода бурдан мумкин нест. Бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ба муассисаи дигари ғайритаълимӣ табдил дода намешавад.

108. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумӣ аз тарафи муассис маблағгузорӣ карда мешавад.

109. Манбаи ташкили амвол ва захираҳои молиявии муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, аз инҳо иборат аст:

- маблағҳои буҷети давлатӣ;

- маблағҳои корхонаю ташкилотҳо ва сарпарастон;

- хориҷ карда шуд 187;

- аз ҳисоби эҳсонкориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 187;